Саволҳо ва Ҷавобҳо

Показать фильтр
Маҷлиси Миллӣ - Палатаи болоии Маҷлиси олӣ буда, ба таври ғайримустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешаванд. Аз чор се ҳиссаи аъзоён ба таври ғайримустақим интихоб мешаванд, як ҳиссаи онро (8 н.
—
714
Маҷлиси Миллӣ мувофиқи Конститутсия 33 аъзо дорад.
—
846
Маҷлиси намояндагон - Палатаи доимо амалкунанда ва касбӣ мебошад. Мутобиқи Сарқонун 63 аъзо дорад.
—
603
Демократия калимаи юнонӣ буда, ҳокимияти халқ аст. Давлати демократӣ давлатест, ки дар идоракунии он халқ ба воситаи мақомоти намояндагӣ ё бевосита иштирок мекунад.
—
1.09K
Давлате, ки ба ҳуқуқ асос меёбад. Давлате, ки волоияти қонун, кафолати давлати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, тақсимоти ҳокимият вуҷуд дорад.
—
902
Волоияти қонун маънои онро дорад, ки қонун барои ҳама як хел аст. Аз коргари оддӣ то сардори давлат вазифадор аст, ки онро риоя кунад.
—
1.01K
Кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон. Давлат бояд иҷрои ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро таъмин намояд.
—
666
Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад: Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ. Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад.
—
697
Дар давлати демократӣ сардори он аз тарафи халқ интихоб карда мешавад. Мавҷудияти ҳизбҳо ва мафкураҳои гуногуни сиёсӣ мумкин аст. Гуногунандешӣ – плюрализми афкор вуҷуд дорад.
—
755
 Шаклҳои идоракунии давлат ду хел аст: монархия ва республика.
—
2.68K
 Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад.
—
689
 Дар Ҷумҳурии президентӣ – президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавҷуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад.
—
695
Тартиботи сиёсӣ – ин усули амалисозии ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа аст. Ин дар натиҷаи ҳамкорию зиддияти қувваҳои сиесӣ, фаъолияти тамоми муассисаҳои сиесӣ ба вуҷуд меояд.
—
775
Шакли давлатдории Тоҷикистон? Шакли давлати Ҷумҳурии президентӣ мебошад. Президент аз тарафи халқ ба таври умумӣ, мустақил, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад.
—
794
Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед. ҶТ давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
—
729