Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед

Моддаи аввали Конститусияро номбар кунед. ҶТ давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. ҶТ ва Тоҷикистон ҳаммаъноаянд. Давлати соҳибихтиёр давлатест, ки аз ягон давлати дигар вобаста набуда, мустақилона сиёсати дохилию хориҷиро амалӣ месозад, дорои ҳудуд, забон, Сарқонун, Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ аст. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он дин ва муассисаҳои динӣ ба корҳои давлат ҳуқуқи дахолат кардан надоранд.

408
Нет комментариев. Ваш будет первым!