ЭССЕ - Васфи занону модарон дар ашъори Мирзо Турсунзода
Силсилаи Модарномаи Турсунзода дар маҷмўаи «Посбони оташ» гирд омадааст. Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор, зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман», солҳои 60-70 таълиф гардидаанд.
Дар шеъри «Дили модар» хислати модари тоҷик, ки ба серфарзандӣ майл дораду ҳангоми тўйи арўсии фарзанд беихтиёр ашки шодӣ мерезад, табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст, ба дараҷае ки хонанда ҳолати рўҳӣ ва туғёни қалбии модарро ҳангоми келинфурорӣ хеле хуб эҳсос мекунад. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоҳ буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:
Намурдам, зистам,
Фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тўйи арўсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.
Таркиби ашки шодӣ, ба келин бахшидани марҷон ва дуои модарона боиси ифодаи мушаххаси образи модари тоҷик гардидаанд. Умуман, тасвири расму русуми аҷдодӣ дар Модарномаи Турсунзода чӣ қадаре, ки хусусияти миллии модари тоҷикро ифода намояд, ки бо ҳамон андоза ба тасвир моҳияти умумиинсонӣ ато мекунад. Ин аст, ки таманнои модари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин рўзҳоро аз сар гузаронида, аз ҷигаргўшаҳои баркамолаш абадӣ ҷудо гардида буд, ормони кулли модарони дунё мебошад:
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сўхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
Ҳастии модар дар шеъри «Дасти модар» боз ҳам мушаххастар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:
Ба ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он на фақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад. Дар байтҳои боқимонда фаъолияти созандагии модар дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба қалам омадааст. Боғ оростан, қасрҳову кўшкҳо андохтан, гул бў кардан ва шонаро ба кокулу мў кардан ҷузъҳоеанд, ки фаъолияти модарро умумият дода, ўро ба дараҷаи типи бадеӣ расондаанд.
Шеър дар маҷмўъ ҳикмати машҳури Наполеон – «Модар ба як дасташ гаҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад»-ро ба хотир меорад.
Бояд гуфт, ки аксари шеърҳои Модарнома ба ду баҳри маъмули арўси тоҷикӣ -ҳазаҷ ва рамал гардидаанд. Махсусан баҳри рамал, ки аз баҳри дўстоштаи М.Турсунзода ба шумор меравад, тартиб ва оҳангнокии қисми кулли шеърҳои Модарномаро таъмин намудааст. Шеъри «Дасти модар» бо чунин байт оғоз меёбад:
Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ.
Ё худ дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» мавқеи модар дар зиндагӣ ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст. Мундариҷаи шеър аз аввал то охир ба воситаи ифодаҳои шартӣ фароҳам омадааст:
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» ҳар байт як паҳлўи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад. Бинобар ин, модарон рўй ва чашму гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешўянд. Шоир аз ин одати табии модарон нозукбинона маънӣ бардоштааст, ки он ба хонанда лаззати эстетикӣ мебахшад:
Гар ба чашми мо намедўшид модар шири хеш,
Кўри модарзод дар айём мемондем мо.
Умуман, силсилаи шеърҳои Модарнома як паҳлўи муҳими лирикаи Турсунзодаро ифода намуда, гувоҳи ҳунари волои шоир мебошад.