ЭССЕ - Мирзо Турсунзода вассофи дӯстии халқҳо ва мунодии сулҳ
Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама шоири машҳур зиёда аз ин муборизи сулҳ парчами амалиро баланд бардошта, зиндагии амну амонро дароз мекунад.
Дар сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба хизматҳои фарзандони накӯном ва хизматнишондодаи миллат ҷойгоҳи хоса дорад. Яке аз чунин фарзандони барӯманди кишвари азизамон Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода аст, ки барои хизматҳои арзанда дар рушди адабиёти тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат бо унвони баланди “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардид.
Дарҳақиқат, эҷодиёти пурмӯҳтавои шоири хушбаён, Мирзо Турсунзода роҳнамоест насли имрӯзи фардоро дар шоҳроҳи зиндагӣ. Дар саҳифаҳои таърих зарҳалона хаттотӣ шудани ашъори сулҳхоҳонаву раиятпарваронаи устод шуои хуршедеро мемонад, ки ҷаҳониёнро аз ҷумла Эрону Ҳинд, Осиёву Африқоро нури истиқлолу озодӣ ва сулҳу бародарӣ мепошад.
Сулҳ чу шабнам барги сабзро боз хуррам мекунад,
Баҳру барро бо шуояш боз равшан мекунад.
Боғу бӯстону гулистон бо навои андалебон,
Пайки дӯстиву рафоқат бар дари ҳам мезанад.
Сафарҳои расмии пай дар пай ба манотиқи дунё нобиғаи тоҷикро водор месозанд, ки минбаъд ба таҷдиду тармими масъалаҳои байналмилалӣ камар бандад. Сафар ба Эрону Ҳиндустон тағйиротҳои ҷиддиву таконе буданд дар эҷодиёти шоир. Хусусан сафари устод ба Ҳиндустон сабабгори тавлиди ғояҳои ҷадид гардида, дар эҷодиёти минбаъдаи ӯ таҳаввулоти назаррасеро ба вуҷуд овард. Таълифи силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”, ки дар он мавзӯъҳои асосиро сулҳу бародарӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ишғол намуда буданд, боис гардид, то чодари сиёҳ аз сари халқҳои Шарқи ҳанӯз азиятдида бардошта шавад ва инқилоби озодӣ ғолиб ояд.
Шоири тавонои тоҷик барои эҷодиёти пурмаҳсул ва бахусус барои эҷоди шеърҳои силсилаи “Қиссаи Ҳиндустон” ба Ҷоизаи давлатии сталинӣ лоиқ дониста шуд, ки ин иқдом дар таърих абадан нақш баст. Бале, мондагории ҳар каломи устод, малеҳбаёниву жарф андеша ронданаш буд, ки ӯро чун мунодии сулҳу дӯстии байни халқҳо унвон доданд, зеро қосиди сулҳу дӯстӣ будани ин абармарди қарни ХХ – и мелодӣ дар симои пурнуру чашмони бохирадаш равшан аён аст. Равшан аён аст, ки мубаллиғи осори шоирону нависандагони Ҳиндустон дар Тоҷикистон – Мирзо Турсунзодаро силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” маҳбуб гардонид.
Семён Липкин ашъори устод Турсунзодаро ба забони русӣ мукаммалан тарҷума намуда, менигорад, ки дар олами мутамаддин чун Мирзо Турсунзода адиби сулҳхоҳу байналмилалеро надидаст. Сари вақтест, ки аз суханони академик Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуд, ки ин алломаи тоҷик ба устод Турсунзода барои эҷоди “Қиссаи Ҳиндустон” баҳои баланд додааст.
Шоири маъруф Нодири Нодирпур низ дар яке аз хотираҳои устод қайд менамояд, ки дар ашъору афкори устод Мирзо Турсунзода ваҳдати мардуми форсинажодро мебинад. Воқеан, тавре Бозор Собир нигоштааст:
Ҳар куҷое, буд Турсунзода Мирзо халқ буд,
Ҳар куҷое халқ, Мирзои Турсунзода буд.
Алқисса, Мирзо Турсунзода бо осори пурбаҳову нодири худ дар меҳвари қалбу зеҳни халқҳои ҷаҳон ошён гузоштааст. Ва ин ошёни баланд газанднописанд хоҳад буд.
Эҷодиёти сулҳпарварона, озодандешаву рафоқати байналмилалии адиби барҷаста имрӯзиёну ояндагонро ба андозаи ғунҷоиши зеҳниву равониашон раҳнамост. Афкору ашъори парчамбардори илму адаб дарёи беканори пур аз гавҳарро мемонад.
Имрӯзҳо бахшида ба 110 солагии фарзонафарзанди фарҳангдарё, устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода ҳамойишу озмунҳо дар қаламрави кишвар ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ва ба ифтихори ҷашнвораи машъалафрӯзи маҳфил самимона гуфтаниам:
Гарчӣ нестӣ байни мо, лек шеъри ту ҳамроҳи мост,
Дар ҳама дам пандҳоят ҳамдаму ҳамрози мост.
Тифли гаҳвора бихобад бо “Суруди сулҳ” –и ту
Чашм во бинмуда гуфто: шоиро ҳамроҳи мост.
Донаи гандумро авло шумурдӣ ту мудом,
Қадр кардӣ меҳнати пурзаҳмати пиру ҷавон.
Ҳар нафас аз мардии зан додӣ бар мардум хабар,
Шӯъла пошидӣ чу хуршед рӯи олам субҳу шом .
Осимиву Ҷаъфарӣ таҳсини ирфонат кунанд,
Орифони Ҳинду Эрон ёди ашъорат кунанд.
“Қиссаи Ҳиндустон”- ат роҳи баҳру бар кушод,
Ҳам ба дарди Осиёву Африқо малҳам ниҳод.
Роҳ сохтӣ байни халқҳо – роҳи дӯстиву рафоқат,
Пул сохтӣ байни дилҳо – пули сидқу ҳам садоқат .
Васфи сулҳ кардиву ҳар дам бол кушодӣ бар само,
Чун мунодӣ баҳри сулҳ халқ бишнохтааст туро
Устодо! Шеърҳоят сурма бар чашмон кунем ,
Ҳамдиливу сулҳу ваҳдат дар мағз — мағзи ҷон кунем .
Ту бузургӣ ҳамчу дарё, лек хомӯшӣ кунун,
Мо зи дарё бо ғурур з-он об нӯши ҷон кунем,
“Дӯстонро гум макун “ бар халқи тоҷик тоҷ шуд,
“Тоҷмаҳал” ҳам дар дилу зеҳни халоиқ ҷой шуд.
Шоиро! Ширинкаломо! Хотират обод бод,
Руҳи покат то абад шод бодо, шод бод.
Шоири халқии Тоҷикистон устоди шодравон Лоиқ Шералӣ низ аз дастпарварони шеър ва мактаби адабии Мирзо Турсунзода буда, дар аксари ашъори ба устод бахшидаи худ меҳру муҳаббати хешро ба ин фарзанди фарзонаи Ватан баён доштааст. Зеро Турсунзода бо нигоҳи дурбини худ дар вуҷуди Лоиқ ҷавҳари ҳунариро мушоҳида намуд ва кӯшиш кард, ки дар тарбияи маънавии ӯ саҳм гузорад. Имрӯзҳо, ки зодрӯзи Лоиқ Шералиро низ ботантана таҷлил менамояд, ба ёд овардани хизматҳои Лоиқи бузургвор ҳамчун шогирди вафодори Турсунзода амри воқеӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, ин ду шоири бузурги тоҷик дар қатори садҳо суханвари дигар барои рушду пешравии фарҳангу маънавияти халқ, тарбияи насли ҷавон нақши равшан гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз, омӯхтан ва тарғиб кардани осору эҷодиёти онҳо барои ҳар кадом шахси ватандӯсти кишвар аз аҳамияти зиёд холӣ нест.
Навиштаи худро бо ин байти Мирзо Турсунзода, ки имрӯзҳо ҳамчун шоири мардуми сулҳпарвари дунё садо медиҳад, ҷамъбаст менамоям:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амони гуфтугӯ дорем мо.