Ҷумхурият чист?
Ҷумҳурият шакли идоракунии давлат буда, меросӣ нест. Иштироки васеи халқ дар идоракунии давлат дида мешавад. Мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор – парламент мавҷуд буда, халқ намояндагони худро ба ин интихоб мекунад ва онҳо ирода ва манфиатҳои халқро ифода менамоянд. Ҷумҳурият Сарқонуни худро дорад. Сардори давлат ба роҳи интихоби умумихалқӣ ба муҳлати муайян интихоб мешавад.Ҷумҳурият президентӣ, парламентӣ ва омехта мешавад.