Ҳокимият ба кадом рукнҳо (қисмҳо) тақсим мешавад?
Дар давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи (қисмати) ҳокимият вуҷуд дорад: Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ. Ҳокимияти қонунгузор – мақомоте, ки қонун таҳия ва қабул мекунад. Дар ҶТ Ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ буда, халқ бо воситаи намояндагонаш дар таҳияву қабули қонунҳо иштирок мекунад. Хокимияти иҷроия – раиси он президенти ҷумҳурӣ буда, ба он ҳукумат дохил мешавад. Ҳокимияти судӣ – ба таркиби он суди конститутсионӣ, суди Олӣ, суди Олии иқтисодӣ ва суди ҳарбӣ дохил мешаванд.