Ҷумҳурияти президентӣ чист?
Дар Ҷумҳурии президентӣ – президент ба таври умумихалкӣ интихоб карда мешавад. Ҳокимияти пурқуввати президент мавҷуд буда, президент ваколатҳои зиёд дорад. Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, президенти он сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) аст. Ваколат (салоҳият)-и президент самтҳои сиёсати хориҷиро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад, вазорату кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро бо роҳи пешниҳод кардан ва маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон таъин ва озод мекунад. Раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳоро таъин ва озод мекунад.