Мафҳуми ҳуқуқи конститутсионӣ
Ҳуқуқи конститутсионии ҶТ соҳаи намоён дар низоми соҳаҳои ҳуқуқи ҷумҳурӣ буда, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар зери мафҳуми умумии асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ бошад, соҳибихтиёрии халқ ва давлат, таркиби марзию маъмурии Тоҷикистон, таркиби сохти ҷамъият ва усулҳои ташкили ҳаёти ҷамъият, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усулҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти он, мавқеи конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои эътирофшудаи байналмиллалӣ, асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон фаҳмида мешавад. Донистани доираи муносибатҳои ҷамъиятии номбаршуда барои муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқие, ки бо маҷмӯаи худ ба ҳуқуқи конситутсиони дахл дошта дар маҷмӯъ ҳуқуқи конститутсиониро ташкил менамоянд, ёрӣ мерасонад.
Меъёрҳои ҳуқуқӣ — конститутсионӣ муносибатҳои вобаста ба ташкили мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи давлатӣ, низоми онҳо, салоҳияти онҳо, муносибатҳои байни онҳо ва мақомоти дигари давлатиро ба танзим андохта, бо ҳамин низоми ҳокимиятдории халқро муқаррар менамояд. Ҳуқуқи конститутсионӣ муносибатҳоеро ба танзим меандозад, ки дар рафти ташкил ва гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Президент пайдо мешаванд, оид ба ташкил ва гузаронидани интихобот дар байни мақомоти давлатӣ, хусусан, Маҷлисҳои маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ва шаҳрвандон муносибатҳои мураккаби ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро меъёрҳои ҳуқуқӣ — конститутсионӣ ба танзим меандозанд ва бо ҳамин иштироки шаҳрвандонро дар ҳокимиятдории халқ муқаррар менамоянд.
Ба ҳамин тариқ, ҳуқуқи конститутсиони Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиеро мустаҳкам намуда, ба танзим меандозад, ки асосҳои сохтори конститутсионии ҶТ, асосҳои ҳокимиятдории халқ ва муносибатҳои ҷамъиятии дар рафти ба амал баровардани ҳокимияти давлатии ба ӯ тааллуқ дошта ба вуҷуд ояндаро ташкил менамоянд.
Эътибори олии ҳуқуқии қонститутсия. Усули волоияти Конститутсия якумин бор ба сифати яке аз асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ муқаррар қарда шудааст. Мувофиқи он Конститутсия эътибори олӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳое, ки хилофи Конститутсия мебошанд, қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Меъёрҳои Конститутсия новобаста ба он ки дар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ танзим ёфтаанд ё не мустақиман амал меқунад. Бинобар ин ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, қи меъёрҳои конститутсияро сарфи назар намояд ва аз иҷрои он саркашӣ кунад.
Ҳеҷ ягон мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шаҳрванд ва иттиҳодияҳои онҳо берун аз талаботи Конститутсия амал карда наметавонанд. Санадҳои мақомоти давлатӣ, барномаю оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ҳолати ба конститутсия хилоф будан, аз лаҳзаи қабулашон ғаӣриконститутсионианд ва қувваи ҳуқуқӣ надоранд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, қи тибқи конститутсия қабул гардиданд, барои риоя ва иҷро ҳатмӣ мебошанд. Аз ин ру, ҳамон қонун ва санадҳои ҳуқуқие ҳатмианд, ки расман интишор гардидаанд, қонун ва санадҳои ҳуқуқии рас-ман интишор нагардида, набояд татбиқ шаванд.
Мавқеи санадҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон. Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи башар мебошад. У ҳамчун аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои боз зиёда аз даҳҳо иттиҳодияҳои бонуфузи дигари байналмилалӣ иштирокчии як қатор шартномаҳо ва санадҳои муҳими байналмилалӣ аст. Аз ин ру, дар Конститутсия муаӣян шудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва расман интишор шудааст, баробари қонунҳои он сарчашмаи муҳими ҳуқуқи миллӣ ҳисобида мешаванд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд. Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд аз муносибатҳои мураккабе иборат аст, ки вобаста ба мавқеи шахс дар ҷомеа соҳаҳои гуногуни ҳаёту фаъолитяти онҳоро дарбар мегирад. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ-тафакури ҳаёти ҷомеа муносибатҳои бавуҷудоянда тамоми фаъолияти шахсро фаро мегиранд, вале ҳеҷ як соҳаи ҳуқуқ дар алоҳидагӣ онҳоро ба танзим андохта наметавонад. Танҳо ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ дар маҷмуъ онҳоро мустаҳкам намуда ба танзим меандозанд. Бо вуҷуди ин, меъёрҳои ҳуқуқӣ конститутсионӣ мавқеи махсус доранд. Онҳо пеш аз ҳама дар меъёрҳои сарқонун мувофиқи хусуиятҳои ба танзимандозии худ метавонанд мавқеи шахсро дар самтҳои асосии ҳает муаӣян намоянд. Онҳо муносибатҳои муҳимтарини байни давлат ва шаҳрвандро вобаста ба мавқеи он дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар менамоянд. Аз ин рӯ, меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ фақат асосҳои ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Мазмуни ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, аз ҳама бештар дар ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, ки қонунгузории Тоҷикистон муқаррар кардааст ифода меёбад. Низоми ҳуқуқу вазифаҳо хусусан, ҳуқуқу вазифаҳои асосӣ қисми марказии ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро ки маҳз онҳо алоқаҳои муҳимтарини байни давлат ва шаҳрвандонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти таҷассум мекунанд. Вобаста ба низом ва мазмуни ҳуқуқу вазифаҳои асосӣ дар хусуси ҳолати ҳуқуқии шахс дар Тоҷикистон сухан рондан мумкин аст. Ва ин ҳолат, яъне низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ нишондиҳандаи демократияи ин ё он ҷомеа мебошад.
Қисми таркибии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд усулҳое мебошанд, ки дар хусуси моҳияту мазмуни ин падида шаҳодат медиҳанд. Дар зери мафҳуми усулҳои асосии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд муносибатҳои муҳимтарини байни давлат ва шаҳрвандон вобаста ба мавқеи онҳо дар ҷомеа фаҳмида мешавад.
Усулҳои асосӣ вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
— дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон;
— баробарҳуқуқии шаҳрвандон;
— ягонагии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои шаҳрвандон.