Маҳз дар давраи ҳукмронии Ашока маъбадҳои буддоӣ кушода шуда, ступа-хазинаҳои нигоҳдории муқаддасоти буддоия сохта мешуданд.
Аз Ҳиндустон буддоия ба хориҷи Ҳинд-Цейлон (асри III то мелод) ва баъдтар ба Ҳиндухитою Индонезия паҳн гардид. Буддоия хусусан дар замони кушониҳои бузург ба Осиёи Миёна ва баъд ба Хитой дар замони ҳукмронии Канишка (78-123) роҳ ёфт.
Паҳншавии буддоия ба тамоми Ҳинд ва ба хориҷи он ба мазмуни дин бетаъсир намонд. Ин тағйиротҳо қисман худ ба худ ва қисми дигарашон дар анҷуманҳои буддоӣ ба буддоия дохил карда шуданд. Ду анҷумани аввал аз рӯи ривоятҳо-якумаш ҳамоно баъд аз вафоти Буддо ва дуюмаш гӯё баъд аз 100-соли вафоташ баргузор гардидаанд. Анҷумани сеюм дар замони Ашока ва чорум дар замони Канишка сурат гирифта будаанд. Ҳанӯз дар анҷумани дуюм мубоҳиса дар хусуси сахтгирона будани риояи устав мерафт. Умуман дар натиҷаи баҳсҳои гуногун дар буддоия зиёда аз 30 равия пайдо гардид. Ҷудоии калон дар буддоия дар қарибиҳои асри I то мелод пайдо шуд. Дар ин вақт буддоия ба ду мазҳаби калон ҷудо шуд: ҳинаяна ё тҳеравада (аробаи хурд, роҳи борик) ва маҳаяна (аробаи калон, роҳи васеъ). Тибқи ривоятҳо ин ҷудоӣ дар анҷумани чорум тасдиқ гардид. Тарафдорони ҳинаяна буддоияи аввалия талаб мекарданд, ки устав бояд ба тарзи қатъӣ риоя карда шавад ва худашон тартиботи буддоияи давраи аввалро риоя мекарданд. Тарафдорони маҳаяна бошанд, аз таълимоти Буддо дур шуда буданд.