Кишвари асосие, ки буддоия дар он инкишоф ёфта ниҳоят мустаҳкам гардид, ин Туббат буд. Буддоия ба Туббат дар асри VII роҳ ёфт дар шакли мазҳаби ҳинаяна. Ва он дар ин кишвар муддати дароз ҳамчун дини аҳли дарбор боқӣ монд.
Буддоия аз асри IX сар карда дар байни мардуми одии Туббат низ акнун дар шакли мазҳаби маҳаяна роҳ ёфт. Паҳнкунандаи он Падма Самбава (асри VIII) бо ҷонибдоронаш буд. Ӯ дар баробари ин аз сеҳру ҷоду, даъвати рӯҳ, фолбинӣ, дуохонӣ низ васеъ истифода мебурд. Ӯ барои бештар ҷалб кардани омма нафақат ваъдаи биҳишти Сукҳавата, балки дӯзахи сӯзонро низ барои гунаҳкорон ваъда дод. Ва дар ҳақиқат ҳам омма ба буддоия рӯ овард. Акси ин ҳол ҳам дар байни баъзе қабилаҳо ҷой дошт. Чунончи, дар замони ҳукмронии шоҳ Лангдарм (асри Х) буддоия мавриди таъқиб қарор гирифт. Аммо буддоиҳо дар соли 925 он шоҳро кушта ғалаба ба даст оварданд. Буддоия дар асри XI дар Туббат ғалабаи пурра ба даст овард ва он дар шакли равияи тантризм ривоҷ ёфт. Асосгузори тантризм ҳамон Падма Самбава ба ҳисоб меравад. Аммо намояндаи машҳури он роҳиб Ҷу- Адиша мебошад, ки ӯ дар асри XI аз Ҳинд ба Туббат омада буд. Тантризм ё низоми тантрҳо таълимоти тасаввуфӣ буда, дар он аз таълимоти буддоияи ибтидоӣ қариб чизе боқӣ намонда буд. Тантризм дар ҷои аз ҳама олӣ Адибудда-мавҷуди олии беибтидою беохирро мегузорад. Буддоҳо тибқи тантризм ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд: одамӣ, мушоҳидавӣ ва бешакл. Тантристҳо ба мушоҳидаю дуоҳои сеҳрнок (даранӣ) диққати калон медиҳанд ва ба ақидаи онҳо донистани даранӣ азнавтавлидшавӣ ва расидан ба нирванаро метезонад ва осон месозад.