Ҷудо шудани дини масеҳӣ аз яҳудӣ

Масеҳият дар ибтидо як равияи дини яҳудӣ буд. Вале аз охирҳои асри I сар карда, унсурҳои ғайрияҳудӣ ба миқдори зиёд ба общинаҳои масеҳӣ ворид гаштан гирифтанд. Ҳамзамон ақоиду русуми онҳо низ ба масеҳият ворид мегардиданд, чунончи, ақоиди шарқӣ дар хусуси маргу эҳёи худоҳо ба монанди худои Аттис. Парастиши худои офтоби форсинажодон-Митра низ ба масеҳият дохил шуд. Масалан, рӯзи таваллуди Христос – 25 декабр дар рӯзи таваллуди Митра, ки он рӯзи инқилоби зимистонии офтоб аст, муқаррар гардид.

Парастиши салиб, ки ҳамчун олати қатли Иисус ба қалам дода мешавад, ҳақиқате надорад. Зеро он доре, ки Иисус дар он чормех карда шуда буд, шакли ҳарфи «Т»-ро дошт, на салибро. Салиб ҳамчун рамзи динӣ аз замонҳои қадимтарин дар Хитой, Ҳиндустон, Африқо, Америка, Австралия машҳур буд, вале он чиро ифода мекард, маълум нест. Салибро ҳиндуҳои Америкаи Шимолӣ – рамзи чаҳор тарафи дунё ё чор унсур (об, хок, бод, оташ) медонанд.

Ба миқдори зиёд дохил шудани унсурҳою русумоти шарқии ғайрияҳудӣ дар байни ҷамъиятҳои масеҳӣ ихтилофу зиддиятҳоро ба вуҷуд овард. Мухолифати байни ақоиди яҳудию ғайрияҳудии динӣ оқибат ба танг карда баровардани мероси яҳудӣ аз масеҳият оварда расонид.

Пеш аз ҳама дар матни евангелияҳо ақидаи душмани Иисус будани яҳудиҳо махсусан қайд карда мешавад, ҳарчанде ки худи Иисус аслан яҳудӣ буд. Яҳудиён дар марги Иисус гунаҳкор дониста мешаванд. Дар евангелияҳо Понтий Пилат, волии римиҳо ҳамчун шахси инсондӯст ба қалам дода шудааст, ҳол он ки ӯ аз як золими худсар беш набуд. Тибқи евангелияҳо ӯ гӯё метарсид мабодо шахси бегуноҳеро ба ҷазо гирифтор накунад, аз ин рӯ ба яҳудиҳо мефармуд, ки дар қатли Иисус исрор нанамоянд. Ин лаҳза дар ҳамаи 4 евангелияҳо оварда шуда мақсадаш гунаҳкор намудани яҳудиён дар қатли Иисус мебошад.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар ҳар чори евангелияҳо як персонаже бо номи Иудаи хоин, яке аз 12 апостолҳо, ки Иисусро дар бадали 30 тангаи нуқра ба яҳудиён фурӯхта буд, дохил карда шудааст. Алакай худи номи Иуда дар номи як шахс ифода намудани номи халқи яҳуд (иудей) мебошад, ки ба ин восита халқи яҳуд доғдор карда мешавад.

Ана ҳамин тавр, ба таври қатъӣ дини масеҳӣ ҳамчун дини алоҳида худро аз дини яҳудӣ ҷудо кард. Бо вуҷуди ин ҷудоӣ дар матни евангелияҳо мазмунҳои яҳудӣ зиёд боқӣ мондаанд: чунончи, Иисус 12 апостоли худро барои тарғибот бурдан фиристода мефармояд, ки: «дар роҳ ба назди мушрикон наравед, ба назди гӯсфандони қурбоншудаи хонадони Исроил равед», яъне ба назди яҳудиён. Дар худи ҳамин ҷо ҳамаи ғайрияҳудиён ба «сагҳо» монанд карда шудаанд. Фақат дар охирҳои евангелия Иисус апостолҳои худро барои ташвиқоти дини худ «ба назди ҳамаи халқҳо» мефиристад.

Ҳамин тавр, дини масеҳии ибтидоӣ аз маҷмӯи ақоиди динии яҳудӣ ва эътиқодоти юнонию эронӣ иборат буд. Вале агар мо гӯем, ки масеҳият фақат аз ҳамин унсурҳои кӯҳна иборат буда, чизи наве надорад, сахт хато мекунем.

329
Нет комментариев. Ваш будет первым!