Заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таърихии пайдоиш ва инкишофи буддоия

Буддоия яке аз он се динҳои маъруфи ҷаҳонист, ки нисбат ба динҳои масеҳӣ ва ислом барвақттар по ба арсаи вуҷуд ниҳод. Он дар таърихи халқҳои шарқ нақши калону босазо гузошт. Замони пайдоиши буддоия тираю тор аст, зеро сарчашмаҳои хаттӣ аз он замонҳои дур боқӣ намондаанд. Сарчашмаҳои аввалини хаттӣ-навиштаҷотҳои шоҳ Ашока (асри III то мелод) ба даврае мансуб мебошанд, ки буддоия ҳамчун дин алакай бо ҳама атрибутҳои худ-бутхонаҳою аҳкому маросимҳояш вуҷуд дошт. Таърихи давраи аввали пайдоиши буддоияро аз рӯи ҳадисҳои буддоӣ омӯхтан мумкин аст. Ин ҳадисҳо дар замонҳои гуногун навишта шуда миқдорашон ниҳоят зиёд мебошад. Як ҳолати аҷоиби дини буддоия дар он аст, ки агар он дар кишварҳои осиёгӣ миллионҳо одамонро фаро гирифта бошад, пас дар худи Ҳинд баъд аз чанд аср гуфтан мумкин аст, ки он ба нестӣ расид.

Буддоия дар Ҳиндустон дар водии дарёи Ганга дар асрҳои VI-V то мелод пайдо гардид. Дар асрҳои мазкур дар Ҳиндустон вилоятҳою давлатҳои зиёде вуҷуд доштанд. Дар қисми Шимолу Шарқии Ҳинд, ки Буддо дар он ҷо фаъолият дошт, 16 вилояту давлатҳо мавҷуд буд. Онҳо бо якдигар ҷангида истода заминҳои якдигарро ишғол мекарданд. Дар охирҳои давраи зиндагии Буддо ниҳоят дар он минтақа ду давлати калон пайдо гардид бо номҳои Магадҳа ва Кошале.

То пайдоиши буддоия дар Ҳинд дини браҳманӣ қоим буд, ки аз парастишоти ин дин чизи асосӣ назру ниёз додан буд, аммо маросимҳои дигари он асосан ба браҳманҳо мансуб буда, ба оммаи мардум алоқае надоштанд. Аз ҳамин рӯ, дар давраи браҳманизм омма аз дин дар масофаи дур қарор дошт. Ғайр аз ин ҷамъияти ҳиндуҳо ба варнаҳо (табақаю кастаҳо) ҷудо карда шуда буд: браҳманҳо, кшатрийҳо, вайшҳо, шудраҳо ва махавҳо. Ана дар байни ин ду табақаи ахир таълимоти Буддо муваффақияти калон пайдо кард, зеро Буддо аз худи ибтидо ҷудо кардани ҷамъиятро ба варнаҳо қабул надошт. Буддоия ба инсон на ҳамчун ба намояндаи ин ё он варна, балки ба шахсият муроҷиат мекард. Барои он ҷинс, узви кадом қабилаю варна будан аҳамият надошт. Дар буддоият кӯшишҳои ҳар як одам ба назар гирифта мешуданд.

421
Нет комментариев. Ваш будет первым!