Каҷрав мабош

Донишманди олитаборе ба Ҳирот бор медиҳад. Дар маҷолиси муътабаре ба ӯ сухан медиҳанд. Эшон бо дард лаб боз мекунад: «Эй подшоҳи некуном ва эй қозии ақлислом! Аввали зулм асар аст ва охири ӯ ҳисор аст. Бомдоди ситам сим аст ва шабонгоҳи ӯ бим аст. Баҳор буйи бетароват аст ва тирамоҳи ӯ ба шаковат аст. Ибтидои ҷавр сароб аст ва интиҳои ӯ азоб аст. Имрӯз туғёни шаҳсаворист ва фардои ӯ шармсорист. Ва иллоҳ оҳи сахарии мазлум вақте шавад маълум, ки теғ бинад бар cap ва барбод диҳад афсар ва бигуяд аҳли осмону замин»: Шоҳо! Каҷрав мабош чун фарзин, ки ҳамеша бимонӣ дар зин» шеър:

Хусраво, ногоҳ хазоне даррасад гулзорро,

Ҳамчунин донам набинӣ равнақи бозорро.

Гар ҳамедонӣ чӣ гуфтам, ҷаҳд кун, дар илм куш,

Кинаро аз дил бадар кун, бас кун ин озорро.

Дасти зулм аз остини зулм бар мардум макаш!

Оҳи мазлумон саҳаргоҳ бияфканад кӯҳсорро.

Буд Нушервони Одил кофиру оташпараст,

Лек ӯ иқрор карда эзиди ҷабборро.

Номи ӯ одил барояд в-они ту золим ба Ҳашр,

Мӯмино, баргӯ, ки бар худ чун кашӣ ин орро.

Эй ки ту мағрури бахту давлати фархундаӣ,

Хонаи соҳибсарире мафраши огандаӣ.

Ё ки Хуршеди ба сурат, ё ки Ҷамшедӣ2 ба ҳусн,

Ё ки Зуҳра чеҳра дорӣ, ё чу маҳ тобандаӣ.

Гарчи Шаддодӣ3, валекин нестӣ эмин зи марг.

Хеҷ кас гуфтааст ба ту: “То абад пояндаӣ?”,

Гар амирӣ ҳам бимирӣ, пири Ансорӣ бидон!

Хоҷагӣ аз ту назебад, cap бинеҳ чун бандаӣ!

Сад сол дар оташам агар маҳал бувад,

Он оташи сузанда маро саҳл бувад.

Бо мардуми ноаҳл мабодо суҳбат,

«Аз марг бадтар суҳбати ноаҳл бувад».

Масти туам, аз бодаву ҷом озодам,

Сайди туам, аз донаву дом озодам.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туӣ,

В-арна ман аз ҳар ду мақом озодам.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ясар — тарафи бад, тавонгарӣ, давлатмандӣ, наҳс, номуборак.
  2. Ҷамшед — аввалин подшоҳ дар руи замин, қаҳрамони «Шохнома»-и Фирдавсӣ.
  3. Шаддод — подшоҳи афсонавӣ, чорбоғи Ирам бунёд кард, даъвои Худоӣ намуд.
514
Нет комментариев. Ваш будет первым!