Дини зардуштӣ
Аз рӯи ақидаҳои мавҷудаи олимон дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод қабилаҳои нимкӯчии эронинажод дар даштҳои шарқии дарёи Волга мезистаанд. Онҳо ба ду гурӯҳи калони ҳиндуориёӣ ва эронӣ ҷудо шуда, аз ҳазорсолаи II пеш аз мелод сар карда ба ватанҳои имрӯзаи худ кӯчидаанд. Аз рӯи ривояти зардуштиён дар ҳудуди солҳои 660-583, яъне 300-сол пеш аз омадани Искандари Мақдунӣ ба Эрон, вале аз рӯи ривоятҳои дигар-1500-800 сол пеш аз ин Зардушт пайғамбари зардуштиён ба даъвати мардум ба дини худ пардохта будааст.Зардушт, тибқи ривоятҳои авестоӣ дар 30-солагияш бо Ваҳумана (Баҳман-ҳамтои ҷабраил дар ислом) фариштае, ки лақаби «Пиндори нек»-ро дошт, вомехӯрад. Фаришта ба ӯ мефармояд, ки тан яъне ҷомаи ориятии рӯҳро барандохта, бо рӯҳи пок ба осмон ба назди Худо-Аҳурамаздо боло барояд. Ӯ чунин мекунад ва чун ба назди Худо мерасад, аз нурҳою равшании зиёд сояааш нест мегардад. Аҳурамаздо ӯро ба пайғамбарӣ гузида аҳкоми динро ба ӯ меомӯзонад ва мефармояд, ки он аҳкому таълимотро ба мардум бирасонад. Баъд аз ин дар аввал касе ба таълимоти ӯ аҳамият қоил нашуд. Баъд ӯ ба даргоҳи Гуштосп роҳ ёфт. Аз рӯи асарҳои Балъамӣ, Фирдавсӣ ва Берунӣ дини зардуштӣ бори аввал дар Балх, пойтахти Бохтар паҳн гардид. Балъамӣ навиштааст: «Чун Гуштосп ба мулк биншаст ба замини Балх ва дини оташпарастиро ҳеҷ малик чандон нусрат (ёрӣ) накард, ки ӯ кард. Ва муғонро яке пайғамбар аст, ки ӯро Зардушт гӯянд ва эшонро даъвате кард, ки ман пайғамбарам ва оташпарастӣ эшонро савоб намуд ва китобе овард, ки ӯро «Занд-Авесто» хонданд. Ва хоҳару модар ба занӣ кардан ӯ ниҳод ва май хӯрдан ва хатна накардан ва ободонии ҷаҳон ва хештан бо бавл игов пок доштан. Ва ин шариатҳо ҳама, ки андар дини муғӣ аст, ӯ овардааст.Малик Гуштосп бад-ӯ бигаравид ва шариати ӯ ба ҳама подшоҳии Гуштосп мардумонро бифармуд». Гуштосп ба ҳамаи кунҷу канори кишвараш мӯбадону ҳирбадонро фиристода, дар ҳама ҷо оташкадаҳо бунёд намуд, ки дар ҳамаи онҳо доимо оташи муқаддас фурӯзон буд.
Зардушт аз рӯи Готҳо (Гоҳҳо) марди таърихӣ буда, аз оилаи миёнаҳоли спитам баромада, падараш Прушаспа ва модараш Дуғдова ном доштаанд. Номи худи ӯ Заратуштра маънои «соҳиби шутури мӯтилло» ё «роҳбалади шутурҳо»-ро дорад.
Ғояи асосии таълимоти Зардушт дар Авесто-китоби муқаддаси зардуштиён ин шинохту эътироф намудани худои асосӣ Аҳуромаздо (яъне «соҳиби хирад» ё «худои доно»), ки баъдтар Ҳурмузд ном гирифт, мебошад. Он офарандаи осмону дунёю ҳама чиз мебошад.
Ба худои некӣ-Аҳуромаздо, худои бадӣ-Анҳрамайна (Аҳриман) муқобил меистад. Агар Аҳуромаздо ҳаёт, гармӣ ва нурро офарида бошад, пас Аҳриман-марг, зимистон, сардӣ, ҳайвоноти дарранда ва ҳашаротро офарид. Вале дар муборизаи байни ин ду қувва оқибат Аҳуромаздо ғолиб омада, бадиро то абад решакан месозад.
Қувваҳои Аҳриман иборатанд аз девҳо, ҷинҳо, ҷодугарҳо ва подшоҳони бад, ки ба чор унсури табиат-об, бод, хок, оташ зарар мерасонанд.