Дин ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ. Пайдоиш ва моҳияти дин

Дин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, яке аз намудҳои идеология мебошад. Идеология бошад дар ниҳояти кор инъикоси ҳастии моддии одамон ва таркиби иқтисодии ҷамъият мебошад. Ҳанӯз Ф. Энгелс дар «Анти Дюринг»-и худ дар хусуси моҳияти дин навишта буд:

«Ҳар гуна дин -ин пеш аз ҳама инъикоси фантастикии он қувваҳои беруна дар сарҳои одамон мебошад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон ба онҳо ҳукмронӣ мекунанд ва он чунин инъикосест, ки дар он қувваҳои заминӣ шакли ғайризаминиро мегиранд. Дин шакли вайроншудаи шуур -инъикоси таҳрифшудаи ҳаёти воқеӣ мебошад.»1

Маркс мегуфт, ки дин таърих надорад.2 Вале ин гуфтаро ба тарзи одӣ, яъне, ки ӯ таърихи динро инкор мекарда бошад, фаҳмидан лозим нест. Маънои ин гуфтаи Марксро чунин фаҳмидан лозим аст, ки дин таърихи алоҳидаю мустақили худро надорад, зеро таърихи дин ин инъикоси таҳрифшудаи таърихи ҷамъияти инсонӣ мебошад.

Ҳарчанд, ки дин якҷоя бо муносибатҳои истеҳсолӣ, якҷоя бо ҳаёти воқеӣ тағйир меёбад, вале дар айни замон дар давоми тамоми муддати инкишофи худ тасаввуроту ақидаҳои асосии пештараи худро нигоҳ медорад. Яъне яке аз хусусиятҳои дин консервативӣ (муҳофизакор) будани он аст. Моҳияти дин дар замони ҷамъияти ибтидоӣ нисбат ба замони ҷамъияти синфӣ фарқ мекунад. Дин дар замони общинаи ибтидоӣ ба сабаби маҳдуд будани муносибатҳои истеҳсолӣ маҳдуд буд. Ин маҳдудият дар динҳои қадима дар парастиши табиат инъикос меёфт. Дар ҷамъияти синфӣ бошад дин воситаи дар тобеият нигоҳ доштани омма буда, кадом дине, ки набошад, ҳокимону зулми онҳоро ҳақ мебарорад.

Ҳам дар ҷамъияти ибтидоӣ ва ҳам дар ҷамъияти синфӣ шароитҳои умумие вуҷуд доштанд, ки бовариро ба олами фавқуттабиӣ зиёд мекарданд. Сабаби ин пеш аз ҳама дар заифии инсон аст, заифии инсон дар мубориза ба муқобили қувваҳои табиат дар сохти ҷамъияти ибтидоӣ ва заифии инсон дар муқобили истисморгарон дар ҷамъияти синфӣ. Маҳз ана ҳамин ҳолати заифии инсонҳои аввалиро дар муқобили қувваҳои табиат лекин сабаби пайдоиши эътиқодоти динӣ дониста буд. Зеро инсонҳои аввалӣ «дар зери фишори сахти мушкилоти зиндагӣ ва мубориза бо табиат» қарор доштанд3. Инсонҳои аввалӣ дар ҳақиқат дар назди қувваҳои табиат бечора буданд. Зеро шуури онҳо дар ибтидо он қадар тараққикарда набуд ва ҳаводиси гуногуни табиатро наметавонистанд дуруст шарҳ бидиҳанд. Офтобу моҳ, шабу рӯз, барфу борон, раъду барқ, сӯхторҳо, бемориҳою марг дар назари инсонҳо ҳаводисе буданд асроромез, ҳаводисе буданд, ки тафсиру шарҳу эзоҳи дуруст металабиданд. Азбаски сабабҳои пайдоиши ҳақиқии он ҳаводиси табииро намедонистанд, онҳоро ба тарзи хаёлбофию афсонавӣ шарҳ медоданд. Баъдтар ин хаёлбофиҳо ва тасаввуроти фантастикии худро ҷамъбаст карда ба низом медароварданд, ки онҳо оҳиста-оҳиста аввал ба урфу одат ва сипас ба эътиқоду дин табдил меёфтанд. Чун инсони аввалӣ ба он тасаввуроту хаёлбофиҳои худ бовар карда онҳоро воқеияту ҳақиқат шумурд, кӯшиш ба харҷ дод то бо он воқеият муносибат барқарор намуда аз он барои худ манфиате ҳосил намояд. Ба хотири дили он воқеиятро ба даст овардан, инсон барои он намоз мегузорид, тоату ибодат ва қурбониҳо мекард. Ана ҳамин тавр эътиқодоти инсон ба қувваҳои фавқуттабиӣ бо мурури замон мустаҳкам мегардиданд ва ана ҳамин хел аз рӯи зарурияти таърихӣ дин пайдо гардид. Азбаски ақли инсон бисёр борикбину ҳассосу мутаҳаррик аст, ӯ ҳар дафъа ба он хаёлбофиҳои динии худ чизи наве илова мекард ва бо ҳамин маросимҳои динии худро мураккабтар мегардонид.

Эътиқодоти нахустини динӣ. Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон ба ҷамъияти инсонҳои неандарталӣ (150-100 ҳазор сол пеш аз ин) марбут мебошанд. Неандарталҳо инсонҳое буданд, ки мурдаҳои худро ба тарзи махсус мегӯрониданд. Онҳо ҷасади мурдаро чорқат карда, ба паҳлӯи чап дар гӯр мехобониданд, аммо сарашро ба ҷониби шарқ ё ғарб мегардониданд. Аз ғори Шанидор дар Фаластин ҷасади неандарталеро пайдо намуданд, ки ҷасадаш чорқат карда шуда дар атрофаш гул гузошта шуда буд. Аммо дар атрофии ҷасади навраси неандарталӣ, ки аз ғори Тешиктоши кӯҳҳои бойсун ёфт гардид, шохҳои бузи кӯҳи ва устухони шонаи хирс гузошта шуда буд. Дар Дюсселдорфи Олмон аз назди ҷасади неандарталӣ калтак ва олоти сангин ёфт гардиданд. Аз назди ҷасадҳои занони неандаталӣ бошад бостоншинос асбобҳои зебу зинат дарёфт намуданд.

Ҳамаи ончи ки дар боло оварда шуд, аз он дарк медиҳад, ки дар он замонҳои дуртарин 150-100 ҳазор сол пеш аз ин дар ҷамъияти неандарталиҳо эътиқодоти нахустини динӣ пайдо шуда будаанд.

Аз давраи палеолити боло 40-18 ҳазор сол пеш аз ин маводе боқӣ мондааст, ки онҳо аз вуҷуд доштани баъзе тасаввуротҳои динию урфу одатҳо дарак медиҳанд. Пайдоиши тасаввуротҳои мазкур далели он аст, ки дар ин замон шуури инсон қадре тараққӣ карда буд. Ин давра давраест, ки дар он одамизод дар ҳамин шаклу сурати имрӯзааш пайдо гардид. Инсон воситаҳои олоти меҳнати худро сайқал дод, кордҳою белчаҳои тез карда шуда, тирҳои аз устухон сохташуда барои шикор, найза ва ғайраҳо сохт. Бостоншиносон аз давраи мазкур қабрҳое пайдо намудаанд, ки дар онҳо ҳамроҳи ҷасадҳо асбобҳои рӯзгор, асбобҳои зебу зинат ва ғайра гӯронида шуда буданд. Ин бозёфтҳо аз он дарак медиҳанд, ки алакай дар он замонҳои дур тасаввуроту баъзе эътиқодоти динӣ дар ҷамъияти одамони палеолити боло вуҷуд доштааст. Ғайр аз ин, бостоншиносон дар мавзеъҳои гуногун ва бо миқдори зиёд дар ғорҳою кӯҳҳо намунаҳои санъати тасвирӣ, расмҳои ҳайвоноту одамон ва ҳатто ҳайкалчаҳои ба замони охири давраи палеолити боло мансуб бударо пайдо намудаанд, ки як қисми он расмҳою ҳайкалчаҳо бешубҳа ба тасаввуроти динии одамони он замон алоқаманд мебошанд.

Дар давраи неолит (асри санг) 7-5 ҳазор сол пеш аз ин, тасаввуроту эътиқодоти динӣ мустаҳкамтар мегарданд. Аз қабрҳои одамони давраи санг ҳатман асбобҳои рӯзгор косаю кӯза, силоҳ ёфт мегардиданд ва ин шаҳодати он аст, ки одамон ба ҳаёти баъд аз марг боварӣ доштаанд, ин боварӣ бошад аллакай дин аст.

Дар давраи асри маъдан (биринҷу оҳан) бошад, ақидаҳои динӣ инкишоф меёбанд ва мураккабтар мегарданд, чунончи дар қабрҳои шоҳону ашрофон якҷоя бо мурда асбобҳои тиллоию қимат, аспҳою одамони кушташуда ёфт мешуданд. Аспҳо ва одамонро барои он мекуштанд, ки онҳо мебоист шахси мурдаро ба олами дигар бурда мерасониданд. Дар болои қабрҳои ашрофону подшоҳон қӯрғонҳо месохтанд. Қабрҳои одамони қатории қабила хоксоронатар буданд. Дар ин давра як одати дигар васеъ паҳн мегардад, ки ин ҳам бошад, сӯзонидани ҷасади мурда мебошад. Гумон меравад, сабаби ин дар боз ҳам мураккабтар шудани ақоиди динии мардум дар хусуси ҳаёти ондунёгии мурдаҳо мебошад.

Пайдоиши эътиқодоти аввалин оиди парастиши офтоб низ ба ҳамин давраи инкишофи инсоният мансуб аст. Маводи зиёде аз асри биринҷ пайдо гардидаанд, ки дар онҳо офтоб дар шакли доира ё чархе бо нурҳо ва бидуни нур акс ёфтаанд. Фойтуни биринҷие бо аспҳою акси офтоб, ки мансуб ба асри биринҷӣ аст, ёфт гардидааст. Пайдо шудани эътиқодоти нисбат ба офтоб ин аз як тараф ба қоил будан ба аҳамияту нақши бузурги он дар ҳаёт ва истеҳсоли маҳсулот бошад, аз тарафи дигар-ашрофони қабилаҳо ба хотири нақши бузурги офтоб асли баромади худро ба он пайваст менамуданд.

1 К. Маркс и Ф. Энгельс, Соч. Т. 20. С. 328.

2 К. Маркс и Ф. Энгельс, Соч. Т. 3. С. 25.

3 Лекин В.И. Полное собраний сочинений. Т. V.-С. 103.

1.11K
Нет комментариев. Ваш будет первым!