Таърихи мухтасари ислом ва Хилофати араб баъд аз вафоти Муҳаммад

а) Хулафои рошидин (632-661)

Баъд аз вафоти пайғамбар падарарӯси ӯ Абубакр (632-634) халифа, яъне ҷонишини ӯ интихоб гардид. Ӯ ҳам роҳбари динӣ ва ҳам дунявии давлати навтаъсисёфтаи исломӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамоно баъди вафоти пайғамбар дар байни қабилаҳои араб ҳаракати «ридда», яъне бозгашт аз ислом ва рӯ овардан ба динҳои қадимаи худ сар шуд. Баъзеи он қабилаҳо изҳор медоштанд, ки онҳо исломро қабул доранд, аммо пардохтани закотро не (онро дар ибтидо «садақа» мегуфтанд). Аммо Абубакр ба тарзи қатъӣ талаби онҳоро рад кард ва дастаҳои пурқуввати лашкари исломро ба муқобили онҳо равона намуда, як қисмашонро нест кард ва қисми дигарашонро боз ба ислом баргардонид.

Абубакр идораи Хилофатро пеш аз маргаш ба падарарӯси дигари пайғамбар Умар ибна-л-Хаттоб (634-644) супурд. Умар халифаи сахтгиру ташкилотчии моҳир буд. Маҳз ӯ дастаҳои ҳарбии лашкарҳои мусулмононро ба муқобили ду давлати пурзӯри ҷаҳони он замон-империяҳои ба сабабҳои ҷангҳои бисёрсолаи байниҳамдигарӣ харобу заифшуда-Византия ва Эрон равона намуд. Маҳз Умар соли ҳиҷрати пайғамбарро аз Макка ба Мадина таърих қарор дод ва аз он сол то ба имрӯз солшумории ҳиҷрӣ дар Арабистони Саудӣ идома дорад. Бори аввал «девон»-и (рӯйхати дастаҳои ҷанговарон, ки аз хазина ризқи худро мегирифтанд) аскаронро тартиб дод ва ин амалро ҷорӣ намуд. Дастаҳои фиристодаи ӯ Сурияву Фаластину Мисрро аз дасти Византия ва Ироқро аз дасти Сосониён бо зӯри силоҳ кашида гирифтанд.

Дар соли 644 ғуломи эронӣ Абулуълуа Умарро бо ханҷар зада кушт. Баъди кушта шудани Умар, ду карат домоди пайғамбар Усмон ибни Аффон (644-656) халифа интихоб гардид. Усмон бар суннати Абубакру Умар рафтор накард. Ӯ ба ҳамаи вазифаҳои даромадноки давлатӣ хешу таборони худро таин мекард ва аз байтулмол (хазина) низ маблағҳоеро барои худ ва хешу таборонаш мегирифт. Ин сиёсати хатои ӯ ба ҷанги гражданӣ оварда расонид, ки дар натиҷаи он ӯ кушта шуд. Яке аз хизматҳои асосии Усмон ба ислому мусулмонон ин ҷамъоварии Қуръон буд. Дар замони ӯ Қуръон пурра ҷамъоварӣ гардида, дар он шакле, ки он имрӯз вуҷуд дорад, гирд оварда мураттаб карда шуд. Нусхаҳои зиёди дигари мавҷуда, саҳифаҳои алоҳидаи дар дасти шахсони алоҳида қарор дошта, нест карда шуданд, то ихтилофе пайдо нагардад. Аз ҳамин сабаб ҳам Қуръонро имрӯз Қуръони усмонӣ мегӯянд. Баъд аз тартиб додани Қуръони усмонӣ чанд нусха аз он навишта шуда ба шаҳрҳои асосии Хилофат фиристода шуданд, то аз рӯи онҳо мусулмонон фаъолияти динии худро амалӣ созанд.

Баъд аз кушта шудани Усмон писархонд ва домоди пайғамбар Алӣ ибни Абитолиб (656-661) халифа интихоб гардид. Ӯ ҳукми худро дар Сурия, ки Муовия ибни Абисуфён дар он ҷо волӣ буд, ҷорӣ карда натавонист. Алӣ пойтахти Хилофатро ба Куфа (Ироқ) интиқол дод, то бо ёрии ироқиҳо Муовияро шикаст диҳад. Алӣ якчанд маротиба бо Муовия ҷангид. Ин ҷангҳо ҷангҳое буданд, ки мусулмонон ба муқобили мусулмонон меҷангиданд. Дар ҳамин ҷангҳо чанд мафҳумҳои муҳими сиёсиву динӣ пайдо шуданд. Чунончи, тарафдорони Алиро «шиату Алӣ», яъне ҷонибдорони Алӣ номиданд, ки баъдтар он номи яке аз мазҳабҳои калони исломӣ гардид. Дар ҳангоми ҷангҳои байниҳамдигарӣ аз худи лашкари Алӣ як гурӯҳи дигаре ба муқобили Алӣ баромаданд, ки онҳо «хориҷӣ», яъне «хурӯҷкунандагон» ном гирифтанд. Алӣ дар соли 661 аз тарафи хориҷие бо номи Абдурраҳмон ибни Мулҷам кушта шуд.

Ин чор халифаи ёдшуда дар таърихи ислом бо номи «хулафои рошидин», яъне халифаҳои ба роҳи рост раванда маъруфанд. Баъд аз сари Алӣ писараш Ҳасан хост халифа шавад, аммо ба воситаҳои гуногун Муовия ӯро аз ин мақсадаш бозгардонид.

б) Хилофати Уммавиҳо (661-750)

Ҳамин тавр, Хилофат ба дасти Уммавиҳо қарор гирифт. Муовия ва халифа Усмон аз ҳамин қабилаи уммавия баромада буданд. Уммавиҳо аз соли 661 то соли 750 дар Хилофати араб ҳукмронӣ карданд. Пойтахти хилофати онхо шаҳри Димишқ дар Сурия буд. Маҳз дар замони хилофати Уммавиҳо лашкарҳои араб ба чаҳор тараф ҳуҷум бурда, давлатҳои зиёдеро ба тасарруфи худ дароварданд. Онҳо тамоми давлатҳои дар шимоли Африқо қарор доштаро ишғол намуда, дар соли 710 ба воситаи гулӯгоҳи Гибралтар ба Испания ҳуҷум намуданд. Онҳо Испанияро гирифта ба қаламрави франкҳо даромаданд ва дар онҷо дар наздикии мавзеи Пуатье аз лашкари шоҳи франкҳо Карли XII шикасти сахт хӯрданд. Дар шимолу шарқ Хуросону Мовароуннаҳрро гирифта, арабҳо то ба сарҳадоти Чин пеш рафтанд. Як лашкари араб то ба Синд дар Ҳиндустон расида он вилоятро ишғол намуд. Территорияҳои васеъро забт намуда, арабҳо дини худ исломро паҳн менамуданд, вале мардуми маҳаллӣ, ки исломро қабул мекард, боз ҳам беҳуқуқ боқӣ мемонд. Дар ибтидо дар Осиёи Миёна касони ислом қабулкардаро «мавло» (ҷамъ-маволӣ) меномиданд. Ҳангоми дар байни худи арабҳо дар соли 747 пайдо шудани ихтилофот мавлоҳо низ сар бардоштанд. Ба ҳаракати зидди уммавиёни мавлоҳои Осиёи Миёна Абумуслими хуросонӣ сардорӣ кард. Абумуслим қудратро аввал дар Осиёи Миёна ба даст оварда сипас, Хилофатро аз дасти Уммавиҳо гирифт. Ӯ ба Ироқ ҳуҷум оварда, дар соли 750 Хилофатро ба дасти Аббосиён-сулолаи нав дод.

в) Хилофати Аббосиён (750-1258)

Асли баромади Аббос ва сулолаи Аббосиён аз Аббос тағои пайғамбар буд. Маркази хилофати Аббосиён аввал дар Куфа ва баъд дар шаҳри Бағдод қарор дошт. Дар се асри аввали ҳукмронии Аббосиён Хилофат ба авҷи тараққиёти маданию иқтисодии худ расид. Аммо ҳамзамон дар асрҳои IX-X дар як қатор вилоятҳои Хилофат ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ сар шуданд. Чунончи, дар асри IX яке аз шохаҳои сулолаи Уммавиҳо дар Испания мустақилона ҳукмронӣ мекард. Сулолаи Тулуниҳо дар Миср ва Сомониҳою Саффориён дар Мовароуннаҳру Хуросон низ ба сари худ буданд. Дар як қисми Эрону Ироқ сулолаи дайламиҳои бувайҳӣ ба сари кор омада, сулолаи мазкур дар соли 945 Бағдодро гирифт ва халифаҳоро ба бозичаи дастони худ қарор дод. Дар асри X ба муқобили халифаҳои аббосӣ ҳаракати шиагароӣ авҷ гирифт. Ин ҳаракат дар шимоли Африқо паҳн шуда, баъд Мисру Сурияро низ фаро гирифт. Худи бувайҳиён ҳам аслан шиамазҳаб буданд, вале ба хотири он ки шиамазҳабони дигар ҷои онҳоро нагиранд, равияи шиаро ривоҷ надоданд. Дар соли 1045 салҷуқиҳои суннимазҳаб Бағдодро гирифтанд ва халифаҳоро дар зери итоати худ қарор доданд. Дар соли 1258 Ҳалоқухони муғул Бағдодро гирифта, халифаи охирини аббосиро кушт.

Дар Миср бошад, султонҳои мамлук ба сари қудрат расида буданд. Султон Бейбарси мамлук барои ба султонии худ ҳукми шаръии қонунӣ додан дар соли 1261 тағои зиндамондаи халифаи охирини аббосиро ба Миср бурд. Халифаи мазкур бо қувваҳои мисрӣ дар ҳамон сол хост Бағдодро ишғол намояд, аммо дар ҷанг кушта шуд. Мамлукҳои Миср аз авлоди халифаҳои аббосӣ нафари дигареро ёфта, дар Миср халифа сохтанд, вале ӯ ҳеҷгуна қудрате надошт. Халифаи охирини аббосии мисрӣ Мутаваккили III-ро Салимпошшои турк баъди ишғол кардани Миср дар соли 1517 бо худ ба Стамбул бурд то мисли султонҳои мамлук қонунию шаръӣ будани ҳукмронии худро бар мусулмонон собит созад. Дар соли 1918 ҳамаи давлатҳои арабӣ аз дасти туркхо озод карда шуданд. Дар соли 1924 бошад Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Анқара қонуне баровард, ки тибқи он Хилофат расман барҳам дода шуд. Халифаи охирини туркҳои усмонии мусулмонон- Абдулмаҷиди II аз тахт фароварда, Туркия бо сардории Камол Отатурк республика-давлати дунявӣ эълон гардид. Бо ҳамин Хилофати араб, умуман Хилофат ва ҳукмронии халифаҳо, ки аз соли 632 оғоз гардида буд, баъд гузаштани 1292 сол дар соли 1924 хотима ёфтанд.


694
Нет комментариев. Ваш будет первым!