Қуръон – китоби муқаддаси мусулмонон
Ислом ба қатори он динҳои ҷаҳоние медарояд, ки онҳо китобҳои муқаддаси худро доранд ва пайравонашон «аҳлу-л-китоб» (яъне соҳиби китоби муқаддас ба монанди динҳои яҳудия ва масеҳият) номида мешаванд. Қуръон оят ба оят ё дар шакли сураҳои алоҳида ба Муҳаммад нозил мешуд ва пайғамбар онҳоро ҳифз карда, ба ҷонибдорони худ мерасонид. Онҳо низ дар ибтидо он оятҳою сураҳоро азхуд карда дар хотираи худ нигоҳ медоштанд ва ҳангоми намоз аз онҳо истифода мекарданд. Дар Мадина бошад, Муҳаммад якчанд котиб дошт, ки баъди омадани «ваҳй» пайғамбар оятҳою сураҳоро ба онҳо дикта мекард ва котибон онҳоро сабт менамуданд. Ин оятҳою сураҳо ба пайғамбар дар ҳудуди солҳои 610-632 нозил шуда буданд. Вале баъд аз вафоти пайғамбар дар ҷанг бо Мусайлимаи «каззоб» (фиребгар, дурӯғгӯ)-и пайғамбартарош дар Ямома дар соли 633 саҳобаҳои бисёре, ки сураҳои зиёдро азёд медонистанд, кушта шуданд. Умар ибни ал-Хаттоб диққати халифа Абубакрро ба ин ҳолати ногувор ҷалб кард ва хатари аз байн рафтани сураҳоро ба ӯ фаҳмонид. Аз ҷониби дигар, хатари аз ёдҳои саҳобаҳо рафтани сӯраҳо низ ҷой дошт. Абубакр пас аз ин ба Зайд ибни Собит, котиби пайғамбар фармуд, то ӯ Қуръонро дар шакли як китоби алоҳида аз донандагони сӯраҳо (саҳобаҳо), соҳибони мусҳафҳо ва аз он чи ки худаш медонад, тартиб диҳад. Зайд бо ёрии ҳокимони давр дар асоси он чи ки саҳобаҳо дар ёд доштанд, навиштаҳо (мусҳафҳа)-и шахсони алоҳида ва он чи ки худаш медонист, нусхаи аввалини Қуръонро тартиб дод, ки аз он халифаҳо-Абубакру Умар истифода мекарданд. Он нусха дар дасти духтари Умар-Ҳафсаи зани пайғамбар нигоҳ дошта мешуд.
Ҳангоми аз нав ҷамъоварию ҷо ба ҷо кардани сураҳо дар давраҳои ҳукмронии халифа Усмон, сураҳои дарозро дар аввал ва баъд рафта – рафта дар охир сураҳои кӯтоҳро ҷой доданд. Баъд аз мураттаб сохтани нусхаи асосии Қуръон дар замони Усмон саҳифаҳои зиёде, ки дар дасти баъзе саҳобаҳо ва дигарон қарор доштанд ва дорои баъзе ихтилофоти ҷузъӣ буданд, нест карда шуданд, то онҳо дар байни мусулмонон мухолифату муноқишае барнахезонанд.
Қуръон аз 114 сура иборат аст. Он бо сураи кӯтоҳи фотиҳа, яъне кушодани китоб оғоз меебад. Аз рӯи ҷои нозил шудан сураҳо ба ду гурӯҳ – маккагӣ (солҳои 610-622) ва мадинагӣ (622-632) ҷудо мешаванд. 88 сура дар Макка ва 26 сура дар ал-Мадина нозил шудаанд. Шумораи оятҳои Қуръон 6226-то мебошад. Дар ҷамъоварию ҷо ба ҷо кардани матни Қуръон яке аз котибони Муҳаммад-Зайд ибни Собит нақши муассир дошт. Ӯ бо супориши Абубакру Умар дар давоми ду сол Қуръонро ҷамъ овард. Қуръонро барои осон кардани хондану азбар намудани он ба 30 ҷузъ ё пора ҷудо менамоянд. Худи калимаи Қуръон дар забони арабӣ ба маънои «хондан» ё «чизи мехондагӣ» аст.
Ду нусхаи қадимтарини Қуръон, ки бо ҳуруфоти арабии куфӣ дар замони халифа Усмон навишта шудаанд, яке дар Тошканд ва дигарӣ дар Қоҳира нигоҳ дошта мешаванд. Мегӯянд, ки нусхаи дар Тошканд буда, ҳамон асли нусхаи Қуръони Усмон аст, ки ҳангоми кушта шуданаш он дар дасташ буд ва дар чанд саҳифаи он гӯё хуни Усмон рехтааст.
Дар китобҳои динии ғайриисломӣ ҳолате қайд шудааст, ки пайғамбарони пешин ҳар кадом мӯъҷизае доштаанд: Сулаймон забони ҳайвоноту паррандагонро медонист ва деву ҷинҳо дар зери фармони ӯ қарор доштаанд; Юсуф хобҳоро дақиқан пешгӯӣ мекард; асои Мӯсо ҳангоми зарурат ба аждаҳо табдил меёфт; Исо ҳатто кӯрони модарзодро бино ва мурдаҳоро зинда мекард. Аммо мӯъҷизаи пайғамбари охирин Муҳаммад, ба навиштаи Шайх Муҳаммад Мустафои Мароғӣ: «Мӯъҷизаи бузурги Муҳаммад ба ҷуз Қуръон чизе набуд ва Қуръон мӯъҷизаи ақлӣ аст». Таҳқиқотҳои олимони қуръоншинос вақтҳои охир дар Қуръон баробариҳои мӯъҷизаосоеро пайдо намудаанд. Чунончи, доктор Ториқ ас-Судон дар ин китоб баробариҳои зеринро ошкор сохтааст: дар Қуръони маҷид 24 маротиба калимаи мард ва 24 бор зан ёд гардидаанд; дунё ва охират ҳар кадом 115 маротибагӣ, мушкилот ва сабр-114 маротибагӣ ва ғайра ёд шудаанд.
Fайр аз ин моҳ 12 бор, рӯз 365 бор зикр гаштаанд (зеро як сол иборат аз 12 моҳ ё 365 рӯз мебошад. Ториқ дар таҳқиқи худ боз ба таносуби обу хушкӣ, ки дар Қуръон омадааст ва он таносуб ба натоиҷи илмии замони ҳозира рост меояд, ишора намудааст: дар Қуръон «баҳр» 32 бор ва «замин» 13 бор ёд гардидаанд.
1.Баҳр (об+барр (хушкӣ, замин)=32+13=45;
2. Баҳр (об) 32х 100=3200=71, 11111111%;
45 45
3. Барр (хушкӣ, замин) 13х 100=1300=28, 88888888%.
45 45
4. 71, 11111111 +28, 88888888=99, 99999999=99 (100 %).
Он таносубу баробариҳою фоизҳое, ки аз Қуръони маҷид оварда шуданд, дар ҳақиқат ба мӯъҷиза наздик мебошанд.