Навъҳои мухталифи элита

Олимону муҳаққиқон, пеш аз ҳама, элитаи кушода ва пӯшидаро аз ҳам фарқ менамоянд. Элитаи пӯшида ҳангоми ташаккулдиҳии худ меъёрҳои хеле вазнини интихоби аъзоёнро истифода менамояд. Бинобар ин, ба таркиби элитаи пӯшида намояндагони табақаҳои дигар ворид шуда наметавонанд. Элитаи пӯшида, одатан шумораи хеле ками одамоне мебошад, ки онҳо танҳо намояндагони як гурӯҳи иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид менамоянд. Ин навъи элита чун анъана дорои иерархияи қавии дохилӣ мебошад ва дар миёни аъзоёни он қоидаҳои махсуси рафтор ва фаъолият истифода мегарданд. Ташаккули чунин низом ба элита имкон медиҳад, ки ба муддати тӯлонӣ ҳайати шахсии худ ва то як дараҷа тавонмандии ҳокимияти худро нигоҳ дорад. Аммо коҳиш ёфтани дастгирии омма ва ба вуҷуд омадани неруҳои нав боиси он мегардад, ки элита аз дастгирии ҷомеа маҳрум гардида, ноилоҷ ҷойи худро ба элитаи дигар диҳад. Мавҷудияти элитаҳои пӯшида хосси ҷомеаҳое мебошад, ки дар онҳо аъзоёни ҷомеа ба таври қатъӣ ба синфҳо ва табақаҳои мухталиф ҷудо карда мешаванд.

Элитаи кушода бошад, марҳила ба марҳила таркиби худро аз ҳисоби табақаҳои гуногуни ҷомеа пурраю мукаммал мегардонад. Шумораи аъзоёни элитаи кушода дар муқоиса бо элитаи пӯшида каме зиёдтар мебошад ва одатан намояндагони пешқадами гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиро дар атрофи худ муттаҳид менамоянд. Элитаи кушода низ дорои сохтори дохилии худ мебошад, аммо барои аъзоёни хеш қоидаҳои рафтори гуногунро ба вуҷуд оварда, ба онҳо имкон медиҳад, ки шаклҳои самараноктари онро интихоб намоянд. Элитаҳои кушода барои амалӣ намудани мақсадҳои худ аз неруҳои пешқадами ҷомеа истифода менамоянд ва доимо таркиби худро аз аъзоёни ноуҳдабаро ва корношоям тоза месозанд. Чунин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки худро доимо бо вазъияти сиёсии тағйирёбанда мутобиқ гардонад ва мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам нигоҳ дорад. Интихоби аъзоёни нав яке аз талаботҳои муҳимми элитаи кушода мебошад. Зеро мавҷудияти элита ва мустаҳкам нигоҳ доштани мавқеи он аз сатҳу сифати аъзоёни он вобаста мебошад. Барои интихоби аъзоёни нав меъёрҳои зерин ба таври қатъӣ ба инобат гирифта мешаванд: баромади иҷтимоии шахс, маълумоти боэътибор ва замонавӣ, пайравӣ аз арзишҳо, меъёрҳо ва идеалҳои элита; дастгирӣ ва тавсияи одамоне, ки аллакай дар таркиби элита ҷойгиранд, пешравӣ ва муваффақият дар кору фаъолият. Мавҷудияти элитаи кушода хосси ҷомеаҳои замони муосир мебошанд.

Дар шароити муосир ба сифати барандагони асосии ҳокимияти сиёсӣ элитаи ҳукмрон баромад менамояд. Элитаи ҳукмрон дорои механизми ягонаи иҷтимоӣ буда, ҳамзамон сохтори мураккаби дохилии худро соҳиб аст. Элитаи ҳукмрон гурӯҳи одамоне мебошад, ки қарорҳои сиёсӣ қабул намуда, ба ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ таъсири амиқ мерасонанд. Элитаи ҳукмрон аз рӯйи мундариҷаи фаъолият ва вазифаҳои худ ба чунин қисмҳои таркибӣ ҷудо мешавад: элитаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, идеологӣ ва маъмурию бюрократӣ. Элитаи сиёсӣ ҳуқуқи қабул намудани қарорҳо, муайян намудани мақсадҳо ва амалӣ сохтани стратегияи рушди сиёсиро дар монополияи худ қарор дода, бо ин роҳ ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медорад. Инчунин, баъзан «суперэлита»-ро низ махсус таъкид менамоянд, ки онҳо шумораи ками одамоне мебошанд, ки мансабҳои олии давлатиро ишғол намудаанд.

Ҳамин тариқ, элитаи сиёсӣ намояндагони воломақоми синфи ҳукмрон мебошад (роҳбарияти мақомоти давлатӣ). Нақши аввалиндараҷаи элитаи сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки он ҳокимияти сиёсиро дар монополияи худ қарор дода, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қарорҳои дахлдор қабул менамояд ва онҳоро ба воситаи қонунгузорӣ ба расмият медарорад. Элитаи сиёсӣ хеле зиёд кӯшиш менамояд, ки оқибатҳои ҳар як қарори сиёсиро пеш аз қабули он муайян созад. Бинобар ин, дар баробари манфиатҳои хеш, инчунин манфиатҳои оммаи мардумро низ ҳимоя менамояд. Дар ҷомеаҳои тоталитарӣ элитаи сиёсӣ хеле озодона фаъолият менамояд. Зеро дар ин навъи ҷомеа воситаи назорати ҷамъиятӣ вуҷуд надорад. Аммо дар ҷомеаҳои демократӣ фаъолияти элитаи сиёсӣ дар зери таъсири мақомоти намояндагӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ каме маҳдуд мегардад.

Элитаи иқтисодӣ шартан яке аз унсурҳои таркибии элитаи ҳукмрон ба шумор меравад. Одатан, сармоядорони калон, соҳибони корхонаҳои бузург, роҳбарони муассисаҳои калони саноатӣ, сармоягузорон, роҳбарони соҳаи истеҳсолот ва монанди инҳо таркиби элитаи иқтисодиро ташкил медиҳанд. Қисми бузурги намояндагони элитаи иқтисодӣ ба таркиби элитаи ҳукмрон шомил буда, қисми дигари он ба сифати гурӯҳҳои фишоровар дар муқобили роҳбарияти сиёсӣ қарор мегиранд. Намояндагони ин навъи элита дар аксар маврид чорабиниҳои сиёсиро маблағгузорӣ намуда, ба роҳбарияти сиёсӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд. Дар баъзе аз мавридҳо онҳо қарорҳои сиёсиро танқид намуда, ба роҳбарияти сиёсӣ фишор меоваранд. Махсусан, элитаи иқтисодӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ кумаки моддӣ расонида, ба раванди ташкил ва баргузории маъракаҳои интихоботӣ таъсир мерасонад. Элитаи иқтисодӣ дар баъзе аз мавридҳо бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ ба шуури омма таъсиррасонӣ менамояд (тағйир додани нархи маҳсулот) ва инчунин дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсиргузор мебошад (масалан, ба воситаи таҳрим ва ё эмбарго).

Элитаи ҳарбӣ одатан аз чунин шахсон таркиб ёфтааст: афсарони дараҷаҳои болоии артиш, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, прокуратура, хадамоти истихборотӣ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони объектҳои ҳарбӣ ва саноати ҳарбӣ-стратегӣ. Нақши элитаи ҳарбӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз дараҷаи милитаризатсияи ҷомеа ва аз алоқаҳои он бо элитаи иқтисодӣ вобаста мебошад. Махсусан, дар шароитҳои ҷангӣ ва низоӣ таъсири элитаи ҳарбӣ дар ҷомеа хеле муассир мебошад. Дар соҳаи сиёсат элитаи ҳарбӣ ба воситаи фишороварӣ таъсиррасонӣ менамояд. Аммо дар шароитҳои мушаххас, махсусан дар шароити заиф гардидани асосҳои демократии системаи сиёсӣ, таъсири элитаи ҳарбӣ дар ҷомеа хеле меафзояд ва хавфи ба диктатураи ҳарбӣ табдил ёфтани ҷомеа ба амал меояд. Аммо, махсус бояд таъкид намуд, ки айни замон барои баъзе аз давлатҳо соҳаи саноати ҳарбӣ ба яке аз омилҳои муҳимтарини рушди ҷомеа табдил ёфтааст. Як қатор давлатҳо яроқу аслиҳа ва техникаю дигар таҷҳизоти пешқадами ҳарбиро истеҳсол намуда, бо ин роҳ ҳам амнияти худро таъмин менамоянд ва ҳам як қисми онро ба фурӯш бароварда, рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҷомеаи худро таъмин менамоянд.

Дар ҳар як ҷомеа элитаи идеологӣ низ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Одатан, олимону донишмандон, арбобони фарҳанг, санъат, роҳбарони воситаҳои ахбори омма, рӯҳониёни олимақом элитаи идеологиро ташкил медиҳанд. Нақши онҳо дар ташаккули маънавиёт ва маданияти ҷомеа хеле назаррас буда, бо ин роҳ ба шуури ҷамъиятӣ таъсиррасонӣ менамоянд. Қисме аз намояндагони фаъоли элитаи идеологӣ дар самти рушди идеалҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои идеологӣ саҳми бузург гузошта, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсиргузор мебошанд. Бояд гуфт, ки элитаи ҳукмрон доимо сиёсати пешгирифтаи худро ба воситаи идеология асоснок менамояд. Бинобар ин, элитаи ҳукмрон барои рушди идеологияи расмӣ аз хизматҳои элитаи идеологӣ самаранок истифода менамояд. Мутаассифона, таркиби элитаи идеологӣ якранг набуда, пеш аз ҳама, онҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд. Гурӯҳи аввал, сиёсати пешгирифтаи синфи ҳукмронро пурра ҷонибдорӣ намуда, элитаи сиёсиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва доимо аз мавқеи идеологияи расмӣ баромад намуда, оҳиста-оҳиста ба таркиби элитаи ҳукмрон ворид мегардад. Аммо гурӯҳи дуюм бошад, дар муносибат бо ҳаёти сиёсии ҷомеа мавқеи танқидиро ишғол намуда, на танҳо сиёсати давлатӣ ва идеологияи расмиро ҷонибдорӣ наменамояд, балки дар баъзе аз мавридҳо онҳоро инкор низ мекунад. Ин қишри элитаи идеологӣ баъзан оппозитсияи қонунӣ ва баъзан ғайриқонуниро ташкил намуда, ба таркиби элитаи ҳукмрон дохил намегардад. Бо назардошти чунин вазъият гуфтан мумкин аст, ки танҳо як қисми элитаи идеологӣ ба таркиби элитаи ҳукмрон дохил мегардад.

Ҳамзамон, яке аз унсурҳои муҳимми элитаи ҳукмронро элитаи маъмурию бюрократӣ ташкил медиҳад. Элитаи мазкур иҷрокунандаи иродаи элитаи ҳукмрон ба шумор рафта, роҳбарикунандаи бевоситаи оммаи мардум ба шумор меравад. Алоқамандии ҷомеа бо элитаи ҳукмрон маҳз ба воситаи элитаи маъмурӣ амалӣ карда мешавад. Коркард, қабул ва махсусан дар амал татбиқ намудани қарорҳои сиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини элитаи маъмурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, элитаҳои номбурда дар маҷмӯъ элитаи ҳукмронро ташкил менамоянд.

Дар илмҳои сиёсӣ масъалаи ташаккули элитаи сиёсӣ доимо дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ташаккулёбии элитаи сиёсӣ раванди мукаммалгардонии таркиби элита мебошад. Бояд тазаккур дод, ки таркиби элитаи сиёсӣ марҳила ба марҳила аз ҳисоби шахсони лаёқатманд ва намояндагони табақаҳои мушаххас ташаккул дода мешавад. Дар низоми донишҳои сиёсӣ ду системаи ташаккулёбии элитаи сиёсиро аз ҳам фарқ менамоянд: системаи гилдий ва антрепренерӣ.

Одатан, системаи антрепренерӣ хосси элитаҳои кушода мебошад. Зеро дар асоси он хислатҳои шахсии номзад, фаъолнокӣ ва эҷодкории ӯ, қобилият, муваффақият ва кордонии шахс ба инобат гирифта мешаванд. Интихоби кадрҳо ба воситаи системаи интихоботӣ амалӣ карда мешавад. Аммо системаи мазкур норасоиҳои худро низ дорад. Масалан, дар шароити мавҷудияти системаи мазкур ба таркиби элита баъзан шахсони тасодуфӣ ворид мешаванд, ки онҳо шаъну шараф ва мавқеи элитаи сиёсиро коҳиш медиҳанд. Ҳамзамон, гуногунрангии элитаи сиёсӣ метавонад низоъҳои дохилигурӯҳиро ба вуҷуд оварад, ки дар натиҷа устувории системаи сиёсӣ низ халалдор мегардад.

Системаи гилдий бошад, хосси элитаи пӯшида мебошад. Дар заминаи системаи мазкур номзадҳо дар зинаҳои иҷтимоию сиёсӣ хеле ба оҳистагӣ боло мераванд. Зеро барои ворид гардидан ба таркиби элита номзад ва ё шахсони алоҳида бояд монеаҳои гуногунро убур намоянд. Интихоби кадрҳо аз доираи хеле маҳдуди гурӯҳҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад. Интихоби кадрҳо аз ҷониби шумораи ками шахсони воломақоми ҳизбӣ ва давлатӣ анҷом дода мешавад.


400
Нет комментариев. Ваш будет первым!