Вазифаҳои ҳокимият

Зуҳури ҳокимият хосси ҷомеаи инсонӣ буда, сароғози биологӣ, табиӣ ва иҷтимоии ҳаёти онҳоро ташкил медиҳад. Фармонфармоӣ ва иҷроиши амру супоришот меъёрҳои асосии ҳокимият мебошанд, ки онҳо бо ҳам дар алоқамандии доимӣ қарор гирифта, ду навъи шахсият – ҳукмронон ва тобеонро ташаккул медиҳад. Мавҷудияти чунин навъҳои шахсият дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле зарур мебошад ва аз ин рӯ, онро баъзан талаботи ҷамъиятӣ низ меноманд. Чунин тамоюлот дар сохторҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои дар байни онҳо бавуҷудоянда ташаккул дода мешавад. Масалан, муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа, байни ҳукумат ва оммаи мардум, байни ҳизбҳо ва сарварони сиёсӣ аз он қабил муносибатҳо маҳсуб меёбанд. Танзимнамоӣ ва мувофиқгардонии муносибатҳои мазкур вазифаҳои ҷамъиятии ҳокимиятро ташкил медиҳанд.

Гузашта аз ин, ташаккули системаи сиёсии ҷомеа ва тақвият ёфтани муносибатҳои сиёсии байни давлату ҷомеа, байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳои ҷамъиятӣ, институтҳои сиёсӣ, ҳизбҳо, шаҳрвандон ва мақомоти идораи давлатӣ аз ҳокимият вобастагии зиёд дорад. Маҳз ҳокимият қодир аст, ки муносибатҳои мазкурро танзим намуда, онҳоро муташаккилона ба роҳ монад.

Ғайр аз ин, ҳокимият корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар сатҳҳои гуногун идора менамояд:

  • дар сатҳи болоӣ ҳокимият фаъолиятҳои институтҳои сиёсии марказӣ, мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро идора мекунад;
  • дар сатҳи миёна ҳокимият фаъолияти муассисаҳои минтақавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявиро идора менамояд;
  • дар сатҳи поёнӣ ҳокимият бевосита муоширати сиёсии одамон, гурӯҳҳои хурд ва мақомоти худидораи маҳаллиро фаро мегирад. Маҳз дар ҳамин сатҳ афкори ҷамъиятӣ ва боварҳои сиёсӣ ба вуҷуд оварда шуда, маданияти сиёсӣ ташаккул меёбад. Ин аст, ки дар баъзе ҳолатҳо сатҳи мазкурро «тору пуди сиёсӣ»-и ҷомеа меноманд.

Бояд гуфт, ки хусусиятҳои сиёсии ҷомеа аз ҳокимияти сиёсӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, режими сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ, оромии ҷомеа, обрӯи давлат, тақсимоти ҳокимият, арзишҳои демократии ҷомеа, оппозитсия ва монанди инҳо дар зери таъсири ҳокимияти сиёсӣ қарор дошта, шакли худро дар мувофиқат бо ҳокимияти сиёсӣ дигаргун месозанд.

Ҳамин тариқ, ҳокимияти сиёсӣ дар ҳар як ҷомеа як қатор вазифаҳои ҷамъиятиро иҷро менамояд, ки онҳоро ба таври зайл муайян намудан мумкин аст:

  • нигоҳ доштани устуворӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ;
  • ҳаллу фасл ва пешгирӣ намудани низоъ;
  • ташаккули ризоияти шаҳрвандӣ (консенсус);
  • маҷбурнамоӣ ба хотири дар амал татбиқ намудани мақсадҳои муҳимми иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани устувории ҷомеа;
  • идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ.

435
Нет комментариев. Ваш будет первым!