Ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва Шамсиддини Шоҳин

Намояндаи дигари илму фарҳанги форсу тоҷик (асри ХIV) Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) мебошад. Бояд гуфт, ки ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Алии Ҳамадонӣ бештар дар асараш «Захират-ул-мулук» инъикос ёфтаанд. Зикр бояд кард, ки ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Алии Ҳамадонӣ ҷиҳатҳои хосси худро доранд. Ӯ ҳамчун донандаи бузурги фалсафаи ислом ақидаҳои худро дар боби сиёсат маҳз дар пайвастагӣ ба таълимоти ислом ва пайравӣ аз усулҳои ҳокимиятдории уламои расмии дин ва дигар сиёсатмадорони мусалмон созмон додааст. Ба таври дигар гӯем, ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Алии Ҳамадонӣ ҷанбаи динию ахлоқӣ доранд, яъне ӯ ҳалли ҳама гуна масоили сиёсиро аз мавқеи дин ва ахлоқ баррасӣ менамояд. Маҳз дар ҳамин замина ва талаботи мазкур ӯ аз подшоҳон ва ҳокимони зинаҳои гуногун иҷроиши шартҳоеро талаб мекунад, ки дар риштаи сиёсату салтанат заруранд ва бидуни риояи онҳо подшоҳ аз ҳуқуқи ҳукмронӣ ба раият маҳрум аст ва гирифтори азоби охират хоҳад гашт.

Шарти аввал он аст, ки подшоҳ ҳангоми рух додани ҳодиса ва ҳалли он ҳамеша аз мавқеи адлу инсоф дахолат кунад. Барои ин подшоҳ худро дар ҷойи раият ва раиятро дар ҷойи худ тасаввур кунад ва он гоҳ чӣ ҳукме барорад, аз рӯйи адолат хоҳад буд. Ӯ қайд мекунад, ки: «Ва дар он ҳол дар ҳукм, ки аз дигар бар худ раво намедорад, мисли он аз худ бар дигаре раво надорад ва ҳар чи бар худ намеписандад, бар ҳеҷ мусулмон написандад». Бояд тазаккур дод, ки зимни фаҳмиши масъалаи мазкур миёни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва файласуфи Чини қадим Конфутсий мувофиқат ба амал омадааст. Чунончи, ҳангоми суҳбат шогирде аз Конфутсий суол мекунад, ки адолат чист? Ҳакими Чин посух медиҳад, ки: «Ҳар чи бар худ намеписандӣ, бар дигарон ҳам маписанд». Лекин тафовут дар он аст, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бар хилофи Конфутсий чунин шакли адлу инсофро танҳо нисбат ба мусулмонон раво мебинад.

Аз нигоҳи мутафаккир ёрмандӣ ба мардум ва ҳоҷати мусулмононро баровардан барои ҳоким аз тоат афзалтар аст, зеро ки: «шод кардани дили муъмин баробар ба тоати ҳамаи париён ва одамиён аст». Ин шарти дуюми файласуф мебошад, ки ҳар як подшоҳи мусулмон, то даме ки хоҷати шахси муҳтоҷро кафолат накунад, набояд, ки ба ибодат машғул шавад. Ғайр аз ин, ӯ ба подшоҳон тавсия медод, ки ҳатто дар хӯрдану пӯшидан ба хулафои рошиддин пайравӣ кунанд ва ба истеъмоли таомҳои болаззату пӯшидани либосҳои зебо одат накунанд. Зеро чизҳои номбурда ва умуман, ҳама гуна шукӯҳу шаҳомат боиси дуршавӣ аз раоё ва зуҳури беадолатиҳо мегардад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба одоби сухан ва ботаҳаммулу андеша будани подшоҳон диққат дода, таъкид мекунад, ки ҳоким бояд: дар ҳукм сухан ба мадоро гӯяд ва бе муъҷиб дуруштӣ накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нашавад. Ва аз сухан гуфтан бо заифон ва мискинон нанг надорад. Ҳоким набояд, ки ба дурӯягию фиребгарӣ ва сусткорию саҳлангорӣ мусоидат кунад ва аз барои хушнуд сохтани касе набояд каси дигареро озор диҳад. Зеро ки табиати ҳукуматдорӣ чунин офарида шудааст, ки «пайваста нимаи халқ аз ҳоким хушнуд бошад, зеро ду хасм ба ҳақ хушнуд натавон кард» ва подшоҳи одил низ наметавонад, ризоияти тамоми мардумро ҳосил кунад.

Шарти дигар он бошад, ки ҳар он чи дар кишвар сурат мегирад, ҳоким бояд воқиф бошад ва аз хавфу хатари ҳукумат ғофил набошад. Зеро, ба андешаи ӯ, давлатдорӣ ва мансаб воситае мебошанд, ки инсон метавонад, аз тариқи он саодату некномӣ ба даст биёрад ва баръакс метавонад гирифтори мусибату бадномии абадӣ гардад.

Ҳамин тариқ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар идоракунии давлат ба хирад ва илму маърифат баҳои баланд дода, аз подшоҳон талаб кардааст, ки зимни салтанати худ ба ин зумра одамон, яъне ба аҳли илму фарҳанг такя намояд.

Ҳоким, тибқи таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қабл аз ҳама, баҳри он бикӯшад, ки бо адлу эҳсон ва раҳму шафқати хеш дар дили раият ҷой бигирад ва маҳбуби онҳо бигардад ва ҳарчи метавонад аз такаббур худдорӣ намояд ва дурӣ биҷӯяд. Зеро фармудаанд, ки: «Беҳтарини подшоҳони шумо он касонанд, ки шуморо дӯст медоранд ва шумо эшонро дӯст медоред». Ба ақидаи эшон, бояд миёни подшоҳу раият риштаи мустаҳками дӯстӣ ва муҳаббат пойдор бошад, ки бунёди онро адлу инсоф ва эҳсони ҳокимон дар муносибат ба заифону бечорагон ташкил диҳад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳокимонро вазифадор месозад, ки раиятро ба зери ҳимояи худ бигиранд ва нагузоранд, ки золимон ба ҷосусию хиёнат дар байни мардум бошанд ва ба мазлумон бедодгарӣ ва зулму тазкирро раво бинанд. Ва агар чунин ҳолат зуд рух диҳад, подшоҳ набояд ба сустию мусолиҳат роҳ диҳад ва «арбоби давлатро ба насиҳат ва сиёсат муъаззаб (азоб додашуда) гардонад».

Шарти охирин ва муҳиме, ки дар назди подшоҳ мегузорад, ин соҳиби раҳму фаросат будани онҳо мебошад. Ӯ таъкид мекунад, ки подшоҳ ба ҷараёни ҳодисот, ки дар кишвар зуҳур мекунанд, бояд ба назари тез ва амиқ нигоҳ кунад ва қабл аз иҷрои ҳукм ҳақиқатро мушаххас гардонад, то дар сиёсат саҳв рух надиҳад. Чунончи, овардаанд, ки: «Ду заифа пеши Сулаймон алайҳиссалом омадаанд ва ҳарду бар кӯдаке даъво карданд ва ҳарду аз исбот оҷиз гаштанд. Сулаймон алайҳиссалом фармуд, ки тифлро ду нима кунанд ва ҳар заифаро як ним бидиҳанд. Чун шамшер баркашиданд, аз он заифа яке беқарор шуд ва гуфт, ки вайро накушед, ки ман аз ҳаққи худ гузаштам. Ва дар он заифаи дигар ҳеҷ асар пайдо наомад. Сулаймон бифармуд, то тифлро ба он заифае, ки аввал гуфт, доданд, ки донист модари ӯ буд, ки чун номи куштан шунид, меҳри модарӣ ба ҳаракат даромад ва аз ҳаққи худ бигзашт, то фарзанди ӯ солим монад».

Чи тавре ки дар боло нишон додем, таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соҳаи сиёсат аслан ҷанбаи ахлоқӣ дошта, дар он тамоми нишондодҳое гирд оварда шудаанд, ки ҳар як подшоҳи одил бояд онҳоро иҷро намояд. Лекин бояд тазаккур дод, ки файласуф дар хусуси сохтори ҳукумат, усулҳои мушаххаси идоракунӣ ва низоми он ишорае накардааст. Ва он шартҳое, ки ӯ дар назди ҳокимон мегузорад, василае мебошанд барои бунёди ҷомеае, ки дар он танҳо адлу инсоф салтанат меронад.

Барои идоракунии кишвар ӯ шартҳое мегузорад, ки дар онҳо ҳуқуқу манфиатҳои мусулмонон таҳти ҳимоя қарор дода шудаанд ва файласуф иҷроиши ин шартҳоро боиси пойдории давлату осудагии раият ва иҷро нашудани онҳоро боиси фанои давлат ва мусибати раият мешуморад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир ба ҳуқуқу вазифаҳои раияти ғайримусулмон низ нишондодҳое дорад, ки риоя намудани онҳоро ҳатмӣ мешуморад. Тибқи ин нишондодҳо дар назди аҳли зимма, яъне зардуштиён шартҳое гузошта мешаванд, ки танҳо дар сурати қабул ва иҷроиши онҳо ба ин қавм амон дода мешавад ва дар акси ҳол «эшонро амон нест ва хунҳо ва молҳои эшон бар мусулмонон ҳалол аст» ва он шартҳо аз инҳо иборатанд:

— дар вилояте, ки зери тасарруфи ҳокими мусулмон қарор дорад, дайру бутхонаҳои нав бунёд накунанд ва ин қабил биноҳои вайроншударо аз нав рост накунанд;

— мусофирони мусулмонро аз ворид шудан дар бутхона манъ накунанд ва ҳар мусулмоне, ки гузораш ба манзили онҳо афтад, то се рӯз ӯро иззат намуда, зиёфат диҳанд;

— дар мамолики исломӣ ҷосусӣ накунанд ва ҷосусиро низ ҷой надиҳанд;

— агар зардуштӣ ба ислом майл кунад, манъ накунанд;

— ҳурмати мусулмононро ба ҷо оранд ва дар маҷлисе агар онҳо (мусулмонон) ҳозир шаванд, маҷлис ба эшон гузоранд;

— дар либоспӯшӣ ва номгузорӣ ба мусулмонон тақлид накунанд;

— аспи тозӣ савор нашаванд ва бо худ силоҳ нагардонанд;

— ангуштарини бо нигин дар ангушт накунанд ва аз фурӯши хамру истеъмоли ошкорои он худдорӣ кунанд;

— либосҳои аҷдодиашонро тарк накунанд, то аз мусулмонон фарқ кунанд;

— расму оини мушрикон (бисёрхудои)-ро дар байни аҳли ислом иҷро накунанд ва дар ҳамсоягии мусулмонон манзил нагиранд;

— мурдагони худро ба наздикии гӯристони мусулмонон набаранд ва ҳангоми дафн овоз баланд накунанд;

— ғуломи мусулмон нагиранд.

Бояд гуфт, ки чунин шакли муносибат ба мардуми ғайримусулмон ва паст задани ҳуқуқу аризишҳои маънавии онҳо ғояҳои баланди башардӯстонаи файласуфро халалдор месозанд. Чунки ҳамаро Худованди яккаву ягона офаридаасту назару марҳаматаш ба ҳама баробар аст. Албатта, инро ҳам сарфи назар кардан лозим нест, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун зодаи олами ислом дар даврае зиндагию фаъолият кардааст, ки дар тамоми соҳаи ҳаёт идеологияи ягона салтанат мекард ва ин бевосита дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсию ҳуқуқии файласуф таъсири амиқ гузоштааст.

Умуман, дар таълимоти ин орифи бузург паҳлуҳои гуногуни давлату ҳокимиятронӣ бо ҷиҳатҳои ахлоқию динӣ инъинкос ёфтаанд. Ба ақидаи ӯ: «…ҳокими оқил бояд, ки аз хатари ҳукумат ғофил набошад ва қадри неъмати он ҳазрат дар ҳаққи худ бишиносад ва дар овони фароғат адл ва эҳсонро ба ҷанобаи ҳазрати Парвардигор васила созад… бар ҳоким ва подшоҳ воҷиб аст, ки аз хатари уҳдаи ҳукумат биандешад ва танфизи (иҷрои) умури бандагони ҳақро осон шуморад ва осори натоиҷи маразӣ ва номаразӣ хор наорад… бар давлати фонӣ эътимод накунад ва аз расвоӣ ва гирифтори қиёмат ёд орад. Айём, фурсат ғанимат дорад».

Дар маҷмӯъ, новобаста ба баъзе хурдагириҳои динӣ ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Алии Ҳамадонӣ характери прогрессивӣ дошта, бештар ғояҳои баланди инсондӯстиро дар бар мегиранд. Ба гуфти ин файласуфи бузург: «…давлати дунявӣ чун боди даргузар ва чун хоби нопойдор аст. Ва оқил касеро тавон гуфт, ки ба хубӣ фирефта нашавад ва ба хаёле мағрур нагардад ва аз ҳоли ғофилони гузашта ибрат гирад…».[1]

Мутафаккири дигари шинохтаи халқи тоҷик, ки дар нимаи дуюми асри ХIХ умр ба сар бурдааст Аҳмади Дониш (1827-1897) мебошад. Ақидаҳои сиёсии ӯ дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» (ин рисоларо бо тарзи дигар «Рисолаи сиёсӣ» ҳам мегӯянд) хеле хуб ифода ёфтаанд. Дониш табиати ғоратгаронаи ҳокимияти амири Бухоро, сохти феодалию деспотикии идоракуниро сахт танқид намуда, баднафсӣ ва камбудиҳои мансабдорони дарбору рӯҳониёнро масхара мекард.

Аҳмади Дониш солҳои 50-уми асри ХIХ дар китобхонаи амири Бухоро фаъолият дошт ва бо аввалин сафорати амир ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст. Ин сафар дар мафкура ва ҷаҳонбинии мутафаккир таҳаввулоти амиқе ворид намуд, ки пас аз бозгашт таваҷҷуҳи ӯ ба масъалаи зарурияти роҳандозии ислоҳоти дастгоҳи маъмурӣ-идории ҳукумати замонаш ва низоми маорифу беҳдошти ҷомеа зиёдтар мешавад. Ҳарчанд тавсияҳои баённамудааш мавриди писанди зимомдорони аморат нашуд, вале онҳо таҳаввули фикрии амиқеро дар ҷомеа поягузорӣ намуданд. Аҳмади Дониш соли 1874 дубора дар ҳайати сафорати амири Бухоро ба Русия сафар карда, бо фарҳангу маданияти рус ошноии бештаре пайдо менамояд. Баъди бозгашт аз сафари дуюм ӯ пурра аз хизмати дарбор даст кашида, ба таълифи осори адабӣ, фалсафию таърихӣ ва ҷомеашиносӣ машғул мешавад. Дар ин давра аз ҷониби ӯ китоби «Наводир-ул-вақоеъ» (1875–1882) таълиф гардид, ки ҳикоёту андешаҳои гуногунро дар шакли қиссаву нақлҳои тарҷумаиҳолӣ ва фалсафӣ-иҷтимоӣ дар бар мегирад. Мавзӯи асосии китоб бунёдгузории орои зарурати татбиқи ислоҳоти қатъӣ ва куллии маориф ва таҳсилот дар аморати Бухоро мебошад. Дар баробари танқид ва ислоҳотхоҳӣ Аҳмади Дониш бо пешниҳодҳои мушаххаси иҷтимоӣ ва сиёсӣ баромад карда, барномаи муфассалу муназзами аз шакли истисмори феодалӣ ба шоҳигарии конститутсионии маорифпарварона мубаддал намудани низоми идоракунии Бухороро пешниҳод намудааст.

Осор ва афкори ӯ на танҳо ба андешаҳои фалсафӣ-иҷтимоӣ ва фаъолияти маорифпарваронаи чунин мутафаккирону адибон, монанди М. Ҳайрат ва С. Айнӣ таъсир расонид, балки умуман, дар таҳаввулоти фикрӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва адабии минтақа ва миллатҳои сокини Осиёи Марказӣ нақши калидӣ бозидааст.

Дониш дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ба бисёр масъалаҳои ҳаёти давлат дахл намуда, доир ба вазифаю қарзҳои ҳоким сухан ронда, масъалаҳои муносибати халқ ба ҳоким, нигоҳдории тартибот дар ҷомеа, масъалаи ҷанг ва сулҳ, усулҳои амалигардонии сиёсати дохилию хориҷиро дида мебарояд.

Дониш ҳамчун идеологи табақаҳои поёнии ҷомеа (деҳқонон ва ҳунармандон) баромад намуда, бадбахтии ҳокимонро ба таври шадид танқид менамояд.

Аз нуқтаи назари Дониш фаъолони давлатӣ бояд, ки шахсони хирадманд буда, соҳиби ҷаҳонбинии васеъ, боирода, серталаб, ҷиддӣ ва аз ҳама муҳим, онҳо бояд доимо дар бораи ризқи ҳаррӯзаи тобеони худ ғамхорӣ намоянд.

Мутафаккир роҳи баромаданро аз вазъияти баамаломада дар ислоҳоти институтҳои иҷтимоию сиёсии феодалӣ меҷуст ва барои муайян намудани сифати он дастовардҳои маълуми илми замони худ ва таҷрибаи дигаргуниҳои демократии дигар мамлакатҳоро истифода мебурд. Дониш давлатро барои таъмини манфиатҳои халқ зарур мешуморид. Ӯ таклиф мекунад, ки ба вазифаҳои давлатӣ шахсонеро бояд интихоб намуд, ки ҳокимияти худро на барои сарватғундории шахсӣ, балки барои фоидаи халқи мамлакат истифода баранд. «Идоракунии давлат,- таъкид мекунад вай,- ин кори бузургу муҳим аст ва ҳоким-амир бояд хирадманду оқил бошад. Вай бояд, ки аз зулм даст кашида, одил бошад. Вақте ки боварӣ ва хирадмандии амир аз байн рафт, аз ободию пешравии ояндаи мамлакат умед кардан норавост».

Дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри XIX Дониш дар чунин ақида буд, ки бойигарӣ ва ҳокимияти зӯроваронаро қонунӣ ҳисобидан мумкин нест, чунки онҳо дар натиҷаи зӯроварию ғорати табақаҳои поёнӣ ба даст омадаанд. Тамоми бойигарии ҷаҳон бояд, ки дар байни ҳамаи одамон баробар тақсим карда шавад. Ба камбағалон лозим меояд, ки ҳуқуқҳои худро дар муборизаи хунину дуру дароз барқарор созанд, чунки золимон ҳеҷ вақт бо хоҳиши худ аз тамоми он чизи ғораткардаашон даст намекашанд. Дониш дар Осиёи Миёна аввалин мутафаккире буд, ки оид ба сотсиализми хаёлии дар солҳои 60-70-уми асри ХIХ дар Русия паҳншуда, сухан ронда буд. Вай худ таъсири ғояҳои утопистони хаёлиро дарк карда буд.

Мутафаккир зарурати наздикшавиро бо Русия ҳамчун ягона мамлакате, ки метавонад дар озодкунии халқҳои Бухоро аз торикию ҷаҳолат ёрӣ расонад, талаб менамуд.

Аҳмади Дониш дар ақидаҳои прогрессивии худ ба масъалаи азнавсозии ҷомеа такя карда, саҳлгирона бошад ҳам, тарҳи ҷомеаи ояндаро, ки дар вай «халқ бо хушбахтии ҳаматарафа таъмин карда мешуд», тарҳрезӣ менамояд.

Шамсиддини Шоҳин (1859-1894) шогирд ва пайрави Аҳмади Дониш, яке аз намояндагони дигари тафаккури прогрессивӣ ба ҳисоб меравад.

Дар асарҳои худ мутафаккир қайд мекунад, ки фақат илму маориф, хирад ва адолат метавонанд одамонро аз бадбахтию нохушиҳо наҷот дода, онҳоро хушбахт созанд.

Сохти амириро танқид намуда, Шоҳин дар бораи амири боадолату донишманд орзу мекард. Дар асарҳои охирини худ Шоҳин нисбатан густохона ба муқобили амир баромад мекунад. Ӯ дар ин солҳо бо «Наводир-ул-вақоеъ»-и А.Дониш шинос мешавад, ки ба ҷаҳонбинии эшон таъсири бузург расонид ва ӯро ба ақидае овард, ки тартиботу усули давлатдории ҷомеаи он замонро бо ислоҳоту дигаргуниҳои ҷузъӣ беҳтар кардан имконпазир аст. Барои беҳ нашудани аҳволи халқ ва ба низоми муайяни адолатпарварона даровардани усули давлатдорӣ ва идораи давлат як тағйироти куллиро лозим медонист. Шоҳин чунин андешаҳои иҷтимоию сиёсии худро дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» ном асараш баён намудааст. Ӯ бо ҳамин восита иллату нуқсонҳои ҷомеаи замонаашро танқиду масхара менамояд.

Ӯ амиру вазир ва онҳоеро, ки дар ҷаҳолату нодонӣ мондаанд ва ба ин сабаб ба сари раияту мамлакат бадбахтиҳо ангехтаанд, бо кинояҳои нешдор танқид мекунад. Шоҳин дар он муҳити сахти нофарҷоми иҷтимоӣ фоҷеаи зиндагии худро медид ва ҳамеша роҳи аз ин вартаи ҳалокатро меҷуст, аммо пайдо карда наметавонист ва дар яъсу ноумедӣ чунин навишта буд:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,

Бояд бурун кашид аз ин варта рахти хеш.

Ҳамин тариқ, дар тӯли асрҳо беҳтарин мутафаккирони Шарқу Ғарб кӯшиш намуданд, ки масъалаҳои башариятро оиди давлат, ҳуқуқ, ҳокимият, сиёсат, озодӣ ва адолат ҳал намоянд. Ба шарофати онҳо захираи муайяни донишҳои назариявӣ дар ин соҳа ба вуҷуд омад. Ин масъалаҳои абадӣ доимо аз сари нав дар шароитҳои нави таърихӣ пайдо мешуданд. Ҳамзамон, ҳалли онҳо доимо аз хирадмандии гузаштагон сарчашма мегирифт. Ҳамин тавр, бо мурури замон илми муосири сиёсӣ пайдо шуд ва батадриҷ инкишоф ёфт.

[1] Алии Ҳамадонӣ. Насиҳатнома / Таҳияи Х.Асозода. – Кўлоб, 1993. – С.159-160.


540
Нет комментариев. Ваш будет первым!