Навъҳои гуногуни системаи сиёсӣ
Системаи сиёсии ҳар як мамлакат, ки дорои хусусиятҳои хосси рушду инкишофи худ мебошад, дар зери таъсири як қатор омилҳо ташаккул меёбад. Навъи системаи сиёсӣ, шаклу усулҳои фаъолияти сиёсӣ, роҳу воситаҳои рушди мамлакат бо назардошти як қатор шарту шароитҳо муайян карда мешаванд. Чунончи, шакли моликияти ҷамъиятӣ, хусусияти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва идеологии ҷомеа, дараҷаи рушди шуури омма ва ғ. ба онҳо мисол шуда метавонанд. Пеш аз ҳама, таҳлили таърихи сиёсӣ имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни системаҳои сиёсӣ, моҳияти онҳо, хусусиятҳо ва самтҳои рушду инкишофи онҳо муайян карда шаванд.
Айни замон, тасаввурот дар бораи навъҳои гуногуни зоҳиршавии сиёсат ва шаклҳои мухталифи системаҳои сиёсӣ мавҷуданд. Ташаккули чунин ҷаҳонбинӣ бо назардошти форматсияҳои ҷамъиятӣ ва сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа асос меёбад. Дар заминаи он системаҳои сиёсии ғуломдорӣ, феодалӣ, кипиталистӣ ва сотсиалистиро аз ҳам фарқ менамоянд. Ҳар яке аз ин унвонҳо на танҳо ифодагари навъи форматсионии системаи сиёсӣ мебошанд, балки инъикосгари синфи ҳукмрон низ ҳастанд. Масалан, синфи ғуломдорон, феодалон, капиталистон ва заҳматкашон ва манфиатҳои синфии онҳо дар ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ дар самти ташаккули системаи сиёсӣ нақши муҳим бозидаанд.
Ғайр аз ин, бо назардошти хусусиятҳои режими сиёсӣ системаҳои сиёсиро демократӣ, тоталитарӣ ва авторитарӣ низ номидаанд. Режими сиёсӣ шакли махсуси баамалбарории ҳокимияти сиёсӣ, навъи махсуси фаъолияти давлатӣ ва роҳу воситаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Дар зери мафҳуми демократия сохтори сиёсие фаҳмида мешавад, ки дар он меъёри озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон эътироф гардида, дар раванди идоракунии давлатӣ иродаи халқ ба инобат гирифта мешавад. Инчунин, дар сохтори сиёсии демократӣ волоияти қонун эътироф гардида, интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода мешавад ва имконияти ташаккулёбии демократияи бевосита ва намояндагӣ ба вуҷуд меояд. Демократияи бевосита бо роҳи иштироки шаҳрвандон дар раъйпурсиҳо зоҳир гардида, демократияи намояндагӣ бошад, ба воситаи фаъолияти парлумони касбӣ ташаккул меёбад.
Системаи сиёсии тоталитарӣ навъи махсуси ҳукмронии сиёсии маҷбурӣ мебошад. Дар шароити мавҷудияти системаи сиёсии мазкур ҷомеа бояд пурра ба ҳокимият ва элитаи ҳукмрон тобеъ гардонида шавад. Чунин навъи идоракунӣ дастгоҳи ҳарбӣ-бюрократие мебошад, ки аз ҷониби сарвари сиёсии харизматикӣ идора карда мешавад. Режими сиёсии тоталитарӣ аз ҷониби қишрҳои поёнии ҷомеа, ки асосан камбизоатонро ташкил менамуданд, ҳамаҷониба дастгирӣ пайдо менамуд. Зеро онҳо нисбат ба табақаҳои доро ва сарватманд нафрати хоссае доштанд, ки бо роҳи маҳдуд намудани ҳуқуқу имкониятҳои онҳо боварӣ доштанд, ки адолати иҷтимоӣ таъмин мегардад.
Ба вуҷуд омадан ва дар амал татбиқ гардидани системаи сиёсии тоталитарӣ низоми маҷбурии пешбурди ҳаёти ҷамъиятиро ба вуҷуд меовард. Чунин низом бо роҳи несту нобуд намудани рақибони сиёсӣ амалӣ гардида, аз ҷониби табақаҳои поёнии ҷомеа дастгирӣ пайдо менамуд.
Системаи сиёсии авторитарӣ бо чунин нишонаҳо, аз қабили яккаҳизбӣ, паст будани нақши ҳокимияти намояндагӣ, инкори тақсими ҳокимият ба се шоха, дар дасти элитаи ҳукмрон қарор гирифтани ҳокимият, афзалияти соҳаи сиёсат нисбат ба соҳаҳои дигар, мавҷудияти дастгоҳи махсуси ҷазодиҳӣ, мавҷудияти амалҳои ғайриқонунӣ ва монанди инҳо асоснок карда мешавад. Дар шароити мавҷудияти системаи сиёсии авторитарӣ тартиботи ҳуқуқӣ дида намешавад. Зеро ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон инкор мегарданд. Дар чунин шароит қабули қарорҳои демократӣ вуҷуд дошта наметавонад, назорати ҳокимият аз ҷониби халқ ғайриимкон аст ва онҳо ба объекти манипулятсияи сиёсӣ табдил дода мешаванд.
Системаҳои сиёсӣ инчунин анъанавӣ ва модернизатсияшуда низ шуда метавонанд. Системаи сиёсии анъанавӣ ба воситаи ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулнаёфта, ҳокимияти сиёсии мутамарказ ва хусусиятҳои харизматикии ҳокимият асоснок карда мешавад. Моҳияти системаи сиёсии мазкур ба воситаи анъанаҳои мавҷудаи ҷомеа муайян карда мешавад. Дар системаи сиёсии мазкур дур шудан аз анъанаҳо ва арзишҳое, ки солҳои тӯлонӣ мавҷудияти ҷомеаро нигоҳ доштаанд, ғайриимкон аст. Зеро анъанаҳо ва арзишҳои мазкур талаботи объективии ҷомеаро дар марҳилаи муайяни рушду инкишоф қонеъ менамоянд.
Аммо ҷомеаҳоеро во хӯрдан мумкин аст, ки дар онҳо муносибатҳои ташаккулёфтаи шаҳрвандӣ дида мешаванд. Инчунин, барои ҷомеаҳои мазкур гуногунрангӣ, тағйирёбии мавқеъҳои сиёсӣ ва ҳокимияти ратсионалию легалӣ хос мебошад. Дар чунин шароит гузариш аз системаҳои сиёсии анъанавӣ ва системаҳои модернизатсионӣ раванди таъмини рушди сиёсӣ дониста мешавад.
Инчунин, типологияи дигари системаҳои сиёсӣ низ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он системаҳои либералию демократӣ, радикалию авторитарӣ, авторитарию консервативӣ, популистӣ ва анъанавиро аз ҳам ҷудо менамоянд.
Системаи сиёсии либералию демократӣ доимо қабули қарорҳои либералиро пайгирӣ менамояд. Доимо кӯшиш мегардад, ки маҷбурнамоии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки нисбат ба фарди алоҳида зоҳир гардидаанд, аз байн бурда шаванд. Дар системаи сиёсии мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардида, ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои алоҳида тақсим мегардад. Инчунин, рақобати озод ва ба таври озод интихоб намудани касбу кор низ таъмин мегардад.
Системаҳои сиёсии радикалию авторитарӣ ба муқобили либерализм баромад намуда, ба он тавсия менамоянд, ки дар самти тақсими неъматҳои ҷамъиятӣ меъёри баробариро таъмин намоянд.
Аммо системаҳои сиёсии авторитарию консервативӣ бошанд, кӯшиш менамоянд, ки нобаробарии дар тӯли таърих ба ҳукми анъана даромадаро бо ҳар роҳу восита нигоҳ доранд. Инчунин, дар шароити системаи сиёсии мазкур иштироки сиёсӣ ва кӯшиши таъмини баробарии иҷтимоӣ низ инкор мегарданд.
Системаҳои сиёсии популистӣ кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз роҳу воситаҳои авторитарӣ тақсими неъматҳои ҷамъиятиро ба таври баробар ба роҳ монанд.
Системаи сиёсии анъанавӣ баробарии иҷтимоиро инкор намуда, хусусияти олигархӣ ва консервативии ҷомеаро нигоҳ медорад.
Сиёсатшиноси амрикоӣ Г.Алмонд бо назардошти шаклҳои мухталифи маданияти сиёсӣ чор навъи системаҳои сиёсиро нишон додааст: системаи сиёсии англо-амрикоӣ, континенталию аврупоӣ, пешазсаноатӣ ва қисман саноатӣ, тоталитарӣ.
Системаи сиёсии навъи англо-амрикоӣ (ИМА, Британияи Кабир, Канада, Австралия) ифодагари якрангии маданияти сиёсӣ мебошад. Мақсадҳои сиёсӣ ва роҳу усулҳои дар амал татбиқ намудани онҳо аз ҷониби аъзоёни ҷомеа ба таври якхела тасаввур мегарданд. Аксарияти аҳолӣ озодиҳои шахсӣ, сатҳу сифати зиндагии арзанда ва амнияти миллиро аз ҳама боло мегузоранд. Системаи мазкур ба таври мукаммал ташкил карда шуда, нисбатан барои амалӣ намудани мақсадҳои мазкур устувор мебошад. Дар он ҳар як унсури таркибӣ вазифаи худро ба хубӣ иҷро карда метавонад.
Системаи сиёсии навъи континенталию аврупоӣ (Фаронса, Олмон, Италия) маданияти сиёсии омехтаро дар бар гирифта, одатан мавҷудияти маданияти куҳна ва маданияти нав дар таркиби он ба мушоҳида мерасад. Ба системаҳои сиёсии мазкур мавҷудияти ҳизбҳои сиёсии гуногун ва идеологияҳои мухталиф хос мебошад, ки онҳо одатан анъанаҳоеро пайгирӣ менамоянд, ки дар ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд.
Системаҳои сиёсии тоиндустриалӣ ва баъзан қисман индустриалӣ (аксари давлатҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ) дорои маданияти сиёсии омехта мебошанд, аммо ин гуна омехтагӣ аз маданияти сиёсии омехтаи Аврупои Ғарбӣ ба куллӣ тафовут дорад. Зеро системаҳои сиёсии тоиндустриалӣ метавонанд дар худ арзишҳои мухолифатнокро низ фаро гиранд. Масалан, арзишҳои ғарбӣ, анъанаҳои динию мазҳабӣ, этникию маҳаллӣ. Авторитаризми шахсӣ ва дараҷаи баланди маҷбурнамоӣ хосси системаҳои сиёсии мазкур мебошанд.
Системаи сиёсии навъи тоталитарӣ (Италия ва Германияи фашистӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ) бо ду хусусияти асосӣ аз навъҳои дигари системаҳои сиёсӣ фарқ менамояд: ҳокимияти марказонидашуда ва дараҷаи баланди маҷбурнамоӣ.
Ғайр аз ин, бо назардошти мухторияти унсурҳои ҷудогонаи системаи сиёсӣ, се навъи дигари системаҳои сиёсиро аз ҳам фарқ менамоянд: системаи сиёсие, ки мухторияти унсурҳои ҷудогонаи он дар дараҷаи баланд қарор доранд; системаи сиёсие, ки мухторияти унсурҳои ҷудогонаи он дар дараҷаи миёна ва системае, ки унсурҳои он хеле маҳдуд карда шудаанд. Дар системаҳои сиёсии демократӣ, дар муқоиса бо системаҳои авторитарию тоталитарӣ мухторияти унсурҳои ҷудогонаи система дар дараҷаи хеле баланд қарор доранд.
Ҳамчунин, системаҳои сиёсии дорои рушду инкишофи анҷомёфта ва анҷомнаёфта низ вуҷуд дошта метавонанд. Онҳоро шартан системаҳои тараққикарда ва дар ҳоли рушду инкишоф қарордошта муаррифӣ намудан мумкин аст. Навъи дуюми он хосси давлатҳои рӯ ба тараққӣ мебошад.
Аз рӯйи он ки ҳокимияти сиёсӣ аз ҷониби киҳо истифода мегардад, инчунин системаҳои сиёсии марказонидашуда ва ғайримарказонидашударо низ аз ҳам фарқ менамоянд. Масалан, дар шароити мавҷудияти системаи сиёсии демократӣ ҳокимият дар миёни унсурҳои алоҳидаи система тақсим гардидааст. Аммо дар шароити системаи сиёсии авторитарӣ ҳокимият дар дасти як нафар ё як гурӯҳи мушуххас нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамин тариқ, гуногунрангии системаҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки падидаи мазкур хеле мураккаб буда, бо назардошти омилҳо ва меъёрҳои гуногун баҳогузорӣ карда мешаванд. Бинобар ин, системаи сиёсии ҳар як мамлакат хусусиятҳои ба худ хосро доро буда, бояд ба воситаи меъёрҳои гуногун таҳлил ва баҳогузорӣ карда шаванд.