Демократия ҳамчун раванди сиёсӣ

Таносуби байни арзишҳои сиёсӣ ва воқеияти сиёсӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад бо ҳам мувофиқат намояд. Бинобар ин, таҳлили демократия бо назардошти амалияи сиёсӣ моҳияти онро ба таври дигар муайян менамояд. Таҳлилҳои эмпирикӣ ба омӯзиши демократияи дар амалияи ҷамъиятӣ мавҷудбуда машғул гардида, хусусиятҳои муҳимми онро ба таври мушаххас нишон медиҳанд. Дар чунин шароит демократия набзи сиёсии ҷомеа ба шумор рафта, ба раванди сиёсӣ табдил меёбад. Масалан, намояндаи машҳури ин навъи фаҳмиши демократия Й.Шумпетер демократияро ҳамчун шакли идоракуние медонад, ки дар он раванди рақобате ба мушоҳида мерасад, ки он дар миёни роҳбарони пуриқтидор барои ба даст овардани боварии интихобкунандагон сурат мегирад.

Як қатор муҳаққиқони дигар, аз ҷумла Р.Дал, барои хубтару беҳтар нишон додани моҳияти давлатҳои демократии дарвоқеъ мавҷуда мафҳуми «полиархия»-ро истифода намудаанд. Р.Дал низ ташаккулдиҳандаи назарияи демократияи либералӣ мебошад, аммо ӯ шароитҳоеро таҳлил менамояд, ки на барои демократияи формалӣ, балки барои дарки моҳияти демократияи воқеӣ заруранд. Р.Дал моҳияти мафҳуми мазкурро дар асараш «Полиархия: иштирок ва оппозитсия» ба таври васеъ шарҳ додааст. Ӯ каме дертар дар китоби навбатии худ «Муқаддима ба назарияи демократия» мафҳуми демократияи полиархиро истифода намудааст.

Барои хубтару беҳтар нишон додани моҳияти демократия Р.Дал ду ченаки муҳимми системаи сиёсиро мавриди таҳлил қарор медиҳад:

– дараҷаи рақобатнокии элитаи сиёсӣ, яъне мавҷудияти оппозитсияи пуриқтидор;

– дараҷаи иштироки сиёсии одамон ҳангоми интихоби элита.

Рақобати расмии элитаи сиёсӣ ва иштироки сиёсии одамон дар равандҳои сиёсӣ мафҳуми полиархияро бо мафҳуми демократия ҳамшабеҳ мегардонад. Инчунин, полиархия аломатҳои сифатии системаи сиёсӣ буда, ченаки муҳимми демократияи мавҷуда мебошад.


425
Нет комментариев. Ваш будет первым!