Навъҳои раванди сиёсӣ
Равандҳои сиёсӣ ба ду навъ тақсим мешаванд: равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ. Равандҳои сиёсии дохилӣ гуногун буда, дар мамлакатҳои алоҳида ба таври мухталиф зоҳир мегарданд ва аз рӯйи мураккабӣ ва сохтори худ аз ҳам тафовути ҷиддӣ доранд. Равандҳои сиёсии дохилӣ аз шаклҳои идоракунӣ ва сохтори давлатӣ, режимҳои сиёсӣ, самаранокии фаъолияти элитаи ҳукмрон ва як қатор омилҳои дигар вобастагии зиёд доранд. Зербинои асосии раванди сиёсӣ дар дохили ҳар як давлат таҷрибаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа, ҳолати зисту зиндагии мардум, тарзи қонеъ гардидани талаботҳои мардум маҳсуб меёбанд. Равандҳои сиёсии хориҷӣ бошанд, дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ амалӣ мегарданд.
Дар қатори равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ инчунин равандҳои сиёсии инқилобӣ ва эволютсионӣ низ вуҷуд доранд. Дар раванди сиёсии инқилобӣ воситаҳои таъсиррасонии осоишта ва ғайриосоишта мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дигаргуниҳое, ки дар раванди сиёсии инқилобӣ ба вуҷуд меоянд, дар муддати хеле кӯтоҳ ба амал омада, на ҳама вақт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд. Аммо раванди сиёсии эволютсиониро дар муддати кӯтоҳ мушоҳида намудан ғайриимкон аст. Дар ҳар як ҷомеаи устувор равандҳои сиёсии эволютсиониро ба осонӣ дарк намудан мумкин аст. Дар чунин ҷомеа барои дарки раванди сиёсии эволютсионӣ муқоисаи ибтидои як даҳсола бо интиҳои он кофӣ мебошад. Дар натиҷаи чунин муқоиса дигаргуниҳое ба назар мерасанд, ки аз тағйирёбии он одамон бехабар мондаанд. Бояд зикр кард, ки боварии мардум, арзишҳои ягонаи оммаи мардум ва элитаи сиёсӣ, мавҷудияти мухолифини муташаккил асоси рушди эволютсиониро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, ҳангоми аз ҷониби синфи ҳукмрон дар амал татбиқ гардидани ваколатҳои сиёсӣ раванди қабули қарори сиёсӣ дар ду шакл – кушода ва пинҳонӣ сурат мегирад. Дар раванди сиёсии кушода манфиатҳои шаҳрвандон ва гурӯҳҳои алоҳида, барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, васоити ахбори омма, афкори ҷамъиятӣ, алоқаҳои шаҳрвандон бо ҳокимият ба инобат гирифта мешаванд. Чунин вазъият танҳо дар давлатҳои демократӣ ба назар мерасад.
Аз лиҳози устувории системаи сиёсӣ, инчунин равандҳои сиёсии устувор ва ноустуворро низ аз ҳам фарқ менамоянд. Сохтори иҷтимоии устувор, марҳила ба марҳила баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва қонунияти режими амалкунанда нишонаҳои муҳимми раванди сиёсии устуворро ташкил медиҳанд. Дар чунин шароит шаҳрвандон қоидаҳои бозии сиёсиро риоя намуда, ҳокимиятро ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳамаи иштирокчиёни раванди сиёсӣ ба ҳамкории тарафайн такя намуда, дар ҷустуҷӯи созиш мебошанд ва арзишҳои демократӣ омили муттаҳидкунандаи онҳо маҳсуб меёбанд. Дар ҷомеаҳои устувор одамон боварӣ доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳокимият таъсири амиқ расонида метавонанд ва аз ин рӯ, ҳукумат доимо дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ афкори ҷамъиятиро ба инобат мегирад.
Раванди сиёсии ноустувор бошад, доимо дар ҳолатҳои буҳронӣ ва дар шароити кам гардидани боварии мардум ба ҳокимият пайдо мегардад. Аммо ноустувории раванди сиёсӣ метавонад аз омилҳои дигар низ вобаста бошад. Масалан, кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, низоъҳои иҷтимоӣ, поймол гардидани ҳуқуқҳои ин ва ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, қонеъ нагардидани талаботи онҳо ва ғ.
Ҳамин тариқ, равандҳои сиёсӣ воқеияти сиёсии ҳар як ҷомеа ба шумор рафта, инъикосгари тағйирот ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд. Махсусан, равандҳои сиёсӣ мазмуни аслии сиёсатро ташкил намуда, гуногунрангии онҳо аз муносибатҳои сиёсӣ ва шакли амалишавии ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошанд. Мавҷудияти равандҳои сиёсӣ характери доимӣ дошта, динамикаи сиёсии ҳар як ҷомеаро ташкил медиҳанд.