Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм дар миёнаҳои асри ХIХ ташаккул меёбад ва аз ин давра сар карда, то ба имрӯз онро дар як қатор кишварҳои дунё «политология» ном мебаранд. Дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва ИМА бошад, онро «илмҳои сиёсӣ» меноманд.
СИЁСАТШИНОСӢ ИЛМ ДАР БОРАИ СИЁСАТ
Мафҳуми сиёсатшиносӣ дар аксари забонҳои дунё бо калимаи политология ифода меёбад. Политология аз ду калимаи юнонӣ таркиб ёфта, politike – корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, logos –таълимот, илм дар бораи сиёсат мебошад. Муайян намудани предмети сиёсатшиносӣ аз дарки моҳияти сиёсат вобастагии зиёд дорад. Сиёсат дар фаҳмиши умумӣ низ ҳамчун санъати идора намудани корҳои ҷамъиятӣ маънидод мегардад. Инчунин, сиёсат аз замонҳои қадим яке аз соҳаҳои муҳимми фаъолияти инсонро фаро мегирад. Омӯзиши паҳлуҳои мухталифи сиёсат аз рӯйи дараҷаи рушду инкишофи ҷомеа давра ба давра аҳамияти махсус пайдо менамояд. Агар дар замонҳои қадим ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ мутахассисон машғул мешуда бошанд, пас дар замони муосир сиёсат диққати ҳар як нафарро ба худ ҷалб менамояд. Ин далел моҳияти ташаккулёбандаи сиёсатшиносиро дар ҷомеа муайян менамояд.