Давлати дунявӣ

Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Яъне, дар давлати дунявӣ рӯҳониён наметавонанд дар ҳаёти сиёсӣ ширкат варзанд ва ҳизби динӣ таъсис диҳанд. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Дар давлати дунявӣ қарорҳои сиёсии қабулшуда низ асоси динӣ дошта наметавонанд.

Бояд гуфт, ки давлатҳои дунявӣ дар натиҷаи инқилобҳои буржуазӣ, барқароршавии низоми сармоядорӣ ва пайдоиши давлатҳои мутамарказ ташаккул ёфтаанд. Раванди пайдоиш ва ташаккулёбии давлати дунявиро ба воситаи мафҳуми «секуляризатсия» ифода менамоянд. Секуляризатсия мафҳуми ғарбӣ буда, раванди аз ихтиёри калисо гирифтани ваколатҳои сиёсӣ ва берун намудани он аз ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад.

Дар асрҳои миёна ҳамаи давлатҳо характери динӣ дошта, оҳиста-оҳиста дар зери таъсири секуляризатсия ба давлатҳои дунявӣ табдил ёфтаанд. Айни замон давлатҳои Ғарб пурра сохтори сиёсии дунявӣ доранд. Дар Шарқ низ як қатор давлатҳо сохтори сиёсии худро дунявӣ эълон намудаанд. Аммо ҳанӯз як қатор давлатҳои мусулмонӣ, чун Эрон, Арабистони Саудӣ ва монанди инҳо давлатҳои теократӣ, яъне динӣ мебошанд. Дар конститутсияи аксари давлатҳои араб навишта шудааст, ки қонунгузории мамлакат ба китоби муқаддаси Қуръон ва рукнҳои шариат асос меёбад. Аммо кам нестанд давлатҳое, ки аксари аҳолии онҳо мусулмононанд, вале онҳо давлатҳои дунявианд. Туркия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва монанди инҳо аз ҳамин қабиланд. Аммо ҳолатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар мамалкат дини давлатӣ мавҷуд аст, аммо давлат худро дунявӣ эълон намудааст. Британияи Кабир, Дания, Қоҳира, Тунис, Бангладеш ва ғ. аз ҷумлаи чунин мамлакатҳо мебошанд.

Дар давлати дунявӣ ташкилотҳои динӣ институти сиёсӣ ба шумор нарафта, танҳо яке аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дониста мешаванд. Яке аз нишонаҳои муҳимми давлати дунявӣ озодии виҷдон аст. Яъне, шаҳрвандон метавонанд озодона ба дилхоҳ дину мазҳаб пайравӣ намоянд ва ё баръакс пайравӣ накунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи мамлакат давлати дунявӣ мебошад. Дар моддаи 26 озодии виҷдон кафолат дода шуда, чунин эълон гардидааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Бояд тазаккур дод, ки 22-юми майи соли 2016 дар мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тағйирот ва иловаҳое, ки дар моддаҳои 8 ва 28 ворид карда шуданд, минбаъд рушди давлати дунявиро дар мамлакат хубтару беҳтар месозанд. Дар қисми шашуми моддаи 8 гуфта мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта манъ аст. Инчунин, дар моддаи 28 низ ибораи «ҳизбҳои характери динӣ ва атеистидошта» аз матни конститутсия хориҷ карда шудааст.


459
Нет комментариев. Ваш будет первым!