Нишонаҳои давлат

Ҳудуд, аҳолӣ ва ҳокимияти расмӣ унсурҳои асосии давлат дониста мешаванд:

1.Ҳудуд. Ҳар як давлат аз рӯйи ҳудуди худ аз давлатҳои дигар фарқ мекунад. Ҳудуди давлат тақсимнопазир, дахлнопазир ва истисморнашаванда мебошад. Дар ҳудуди ҳар як мамлакат танҳо ҳокимияти як давлат арзи ҳастӣ менамояд. Давлате, ки ҳудудашро аз даст дода бошад, мавҷудияти худро низ аз даст медиҳад.

2.Аҳолӣ. Аҳолии мамлакат одамони дар ҳудуди он маскунбударо дар бар мегирад. Новобаста ба гуногунии иҷтимоии аҳолӣ, онҳо ҷомеаи ягонаро ташкил намуда, дар ҳудуди давлат ба сифати манбаи ҳокимият баромад менамоянд.

3.Ҳокимияти расмӣ. Чунин навъи ҳокимият ба аҳолӣ тааллуқ надошта, ба табақаи мушаххаси ҷомеа, ки ба идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ машғуланд, тааллуқ дорад. Ҳокимияти расмӣ аз ҷониби дастгоҳи махсуси давлатӣ ба амал бароварда шуда, марҳила ба марҳила бо воситаҳои моддӣ-техникӣ таъмин карда мешавад.

Ғайр аз ин, давлат ҳамчун институти сиёсӣ дорои чунин нишонаҳои асосӣ мебошад:

– истиқлолият. Волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва мустақилияти он дар хориҷи кишвар. Давлат дар ҳудуди худ ҳокимияти олиро соҳиб аст. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона ба амал бароварда, алоқаҳои байналхалқии худро амалӣ месозад;

– ҳуқуқи монополӣ оид ба эҷоди қонунҳо. Давлат дар ҳудуди худ ба эҷоди қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи машғул гардида, риояи онҳоро барои аҳолии мамлакат ҳатмӣ мегардонад;

– ҳуқуқи монополӣ оид ба истифодаи воситаҳои маҷбурнамоӣ. Давлат дар асоси ҳуқуқҳои истисноии худ дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти махсуси маҷбурнамоиро истифода менамояд, ки иборатанд аз неруҳои мудофиавӣ (артиш), мақомоти тартиботи ҷамъиятӣ (милиса), мақомоти таъминоти амният, маҳбасхонаҳо ва ғ.;

– ҳуқуқи монополӣ оид ба ситонидани андоз. Давлат ба хотири ғанӣ гардонидани буҷаи худ аз аҳолии мамлакат ситонидани андозро амалӣ менамояд. Андозҳои ҷамъшуда барои таъминоти моддии фаъолияти давлат ва ташаккули дастгоҳи идорӣ зарур шуморида мешавад.

Бо назардошти нишонаҳои дар боло номбаршуда баъзан давлатро институти ягонаи системаи сиёсӣ номбар менамоянд. Чунки нишонаҳои мазкур танҳо ба давлат тааллуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун институти сиёсӣ дорои чунин нишона нестанд. Махсусан ҳокимияти олӣ ва истиқлолият танҳо хосси давлат аст. Боз ба он хотир давлат ҳамчун институти ягона муаррифӣ мегардад, ки ҳудуди муайян ба он тааллуқ дорад ва дар як ҳудуд ду ҳокимият вуҷуд дошта наметавонад, яъне як ҳудуд, як ҳокимияти расмӣ ва як давлат.


415
Нет комментариев. Ваш будет первым!