Сиёсат ҳамчун илм

Бояд гуфт, ки сиёсат дар натиҷаи ба синфҳо ҷудо шудани ҷомеа ба вуҷуд омад, аммо илм бошад каме дертар. Яъне, вақте ки инсон қонунҳои ҷамъиятиро дарк намуда, рафтори худро бо меъёрҳои он мутобиқ гардонид, аз он давра рушду инкишофи илм низ оғоз ёфт.

Вазифаҳои асосии сиёсат ҳамчун илм муайян намудани мақсад ва вазифаҳои рушду инкишофи сиёсӣ, инчунин коркард, моделсозӣ ва ояндабинии омилҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ мебошад. Пеш аз ҳама, сиёсат ба он хотир ҳамчун илм баррасӣ карда мешавад, ки он метавонад ҳамчун сарчашмаи дониш дар бораи мавҷудияти инсонҳо, синфҳо ва давлатҳо баромад намояд. Аммо худи сиёсат низ бояд дар асоси донишҳои илмии мувофиқ амал намояд ва аз натиҷаҳои рушди ҷамъиятӣ ва қонуниятҳои объективӣ, инчунин аз меъёрҳое, ки рушди ҷамъиятиро танзим менамоянд, ба таври васеъ истифода кунад. Масалан, қабули қарорҳои сиёсӣ дар системаҳои муосири демократӣ талабгори экспертизаи ҳаматарафаи илмӣ, системаи машваратӣ, муносибатҳои касбӣ ва монанди инҳо мебошад. Сиёсат ҳама вақт натиҷаи заҳмати арбобони сиёсӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва институтҳои илмӣ, инчунин натиҷаи тафаккури дастаҷамъонаи одамони зиёд ва ташкилотҳо мебошад. Аммо сиёсат бо илм наметавонад шабоҳат дошта бошад, мисли он ки амалия бо назария ҳамшабеҳ нест. Зеро равандҳои сиёсӣ дорои хусусияти эҳтимолӣ буда, дар сиёсат омилҳои ҳам ратсионалӣ ва ҳам ирратсионалӣ зуд-зуд ба мушоҳида мерасанд.

Барои он ки сиёсат ҳамчун илм шинохта шавад, он бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  1. Бояд қонунҳои рушди ҷамъиятӣ омӯхта шуда, ба фаъолияти амалии роҳбарияти сиёсӣ табдил дода шаванд.
  2. Мавҷудияти қувваи иҷтимоие лозим аст, ки он тавонад дар фаъолияти амалии худ қонунҳои объективиро роҳбарӣ намояд.
  3. Тасдиқ намудани идеологияе, ки он дар шуури одамон дар шакли арзишҳо ва идеалҳо мустаҳқам гардида бошад ва асоси фаъолияти сиёсии неруи иҷтимоии роҳбарикунандаро ташкил намояд.
  4. Неруи иҷтимоии роҳбарикунанда ба хотири амалӣ гардонидани ҳукмронии сиёсӣ бояд дорои ташкилоти сиёсии хеш бошад (ҳизби сиёсӣ, давлат).

Сиёсат дар он ҳолате ба илм табдил ёфта метавонад, ки илм ба фаъолияти сиёсӣ асаргузор бошад. Пайдоиши назарияи илмӣ сиёсатро ташаккул дода, асосҳои онро ба вуҷуд меоварад. Фаъолияти сиёсӣ бошад, дар асоси назарияи илман асосноккардашуда амалӣ мегардад.

Дилхоҳ назария (марксистию ленинӣ ва ё буржуазӣ) хусусияти байналхалқӣ дорад. Онҳо аз рӯйи хусусияти худ умумӣ буда, моҳиятан ба ҳамаи халқу миллат ва давлатҳо мутааллиқанд ва ифодакунандаи ин ва ё он идеология мебошанд.

1.3K
Нет комментариев. Ваш будет первым!