Тақсими ҳокимият
Тақсими ҳокимият механизми асосии дар амал татбиқ намудани ҳама гуна ҳокимияти сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ мебошад. Тақсими ҳокимият аз таркиби ҳокимият вобаста аст. Зеро муносибатҳое, ки дар миёни субъект ва объекти ҳокимият ба амал меоянд, масъалаҳои фармонфармоӣ ва иҷроиши он, ҳукмронӣ ва тобеият, идоракунӣ ва идорашавиро ташаккул медиҳанд. Дар системаи сиёсии ҷомеа, ки дар он муассиса ва ташкилот ба сифати субъекти марказии ҳокимият баромад менамояд, тақсими ҳокимият, пеш аз ҳама, маънои қабули қарор ва иҷроиши он, тақсими меҳнат, тақсими вазифаҳо, салоҳиятҳо ва ваколатҳоро дорад. Масъалаи тақсими ҳокимият аз нахустин лаҳзаи пайдоиши давлат ба вуҷуд омада, ба ҳокимияти шахсони алоҳида ва институтҳои сиёсӣ вобаста гардидааст.
Бори аввал тақсимоти бузург дар байни ҳокимияти сиёсӣ ва ҳокимияти динӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он давлат аз ибодатхонаҳо ҷудо гардидааст. Рақобат дар миёни онҳо садсолаҳо тӯл кашида, низоъҳои бешумореро ба вуҷуд овардааст. Дар як қатор мамлакатҳои дунё раванди мазкур ҳанӯз ҳам ба охир нарасидааст. Бинобар ин, хотимаи он дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон якхела нест. Дар давлатҳои собиқ шӯравӣ тақсими вазифаҳои касбии ҳокимият хеле барвақт сар шуда буд. Дар натиҷаи ин тақсимот ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ аз ҳам ҷудо гардида, вазифаҳои гуногуни ҳокимият дар сатҳҳои гуногун ташаккул дода шуд. Раванди тақсимоти ҳокимияти давлатӣ дар тӯли таърих якранг набуда, дар миёни ҳокимияти шоҳӣ ва парлумон ҷангҳои бузургеро ба вуҷуд овардааст. Масалан, инқилобҳои бузурги Англия ва Фаронса ба ин мисоли равшан шуда метавонанд. Ғайр аз ин, мубориза барои таъмини иштироки мардум дар корҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули ҳуқуқи интихоботӣ низ, чандин аср идома ёфта, ҳокимиятро дар миёни давлат ва ҷомеа тақсим намудааст. Дар ниҳояти кор, ҳуқуқи интихоботии башар танҳо дар асри ХХ ба таври пурра ба вуҷуд оварда мешавад, ки он дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон хеле дертар ташаккул ёфтааст.
Лоиҳаи тақсими ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои мустақил дар асри XVII тарҳрезӣ гардидааст. Мувофиқи лоиҳаи мазкур шохаҳои тақсимшудаи ҳокимият бояд дар алоқамандии якдигар қарор дошта, бо якдигар ҳамкорӣ дошта бошанд ва ҳамзамон тавонанд якдигарро назорат намоянд. Лоиҳаи аввал (асри XVII) ба қалами Ҷон Локк мутааллиқ аст, ки мувофиқи он ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва федеративӣ ҷудо карда мешуд. Дар лоиҳаи Ҷ.Локк ҳокимияти иҷроия адолати судиро ҳам дар бар мегирифт ва ҳокимияти федеративӣ барои танзими муносибатҳои байналхалқӣ лозим шуморида мешуд. Бояд гуфт, ки назарияи мазкур хосси ҷомеаи ҳамонвақтаи англис буда, барои аксари давлатҳои дигари дунё комилан номувофиқ аст. Каме дертар (асри XVIII) мутафаккири фаронсавӣ Шарл Луи Монтеске лоиҳаи нави тақсими ҳокимиятро пешкаш намуд, ки мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ бояд ба шохаҳои иҷроия, қонунгузор ва судӣ тақсим мегардид. Бояд гуфт, ки лоиҳаи Монтеске дар замони муосир афзалияти бештареро соҳиб гардида, таҷрибаи мазкур аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Меъёри тақсими ҳокимият ба шохаҳо дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кафолат дода шудааст. Мувофиқи муқаррароти моддаи мазкур ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.