Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон

Пайдоиш ва рушду инкишофи ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта оғоз гардида буд. Дар зери таъсири сиёсати бозсозӣ дар Тоҷикистони собиқ шӯравӣ низ ба монанди давлатҳои дигари узви Иттиҳоди Шӯравӣ як қатор қонунҳои дорои характери либералӣ қабул гардид. Аз ҷумла, Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» (8 декабри соли 1990), «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҶШС Тоҷикистон» (12 декабри соли 1990) ва ниҳоятан, изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) сиёсишавии ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистонро тезониданд.

Солҳои 1989-1991 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистони Шӯравӣ шумораи зиёди ҳаракатҳои мардумӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пайдо гардиданд, ки онҳо ҳамагӣ манфиатҳои маҳаллӣ ва минтақавии аъзоёни худро ҳимоя менамуданд. Аз ҷумла, ҳаракати мардумии «Растохез», клуби сиёсии «Рӯ ба рӯ», ҳаракатҳои ҷамъиятии «Ваҳдат», «Диравши Ковиён», «Таҷдид», «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши кабир», «Суғдиён», «Пайванд», «Эҳёи Хуҷанд», «Ошкоро», «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғ. Таҳлили амалияи сиёсии он давра нишон медиҳад, ки ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ пурра характери маҳаллию минтақавӣ дошта, аз рӯйи тамоюлоти сиёсии худ, ки аксари онҳо барои ба даст овардани ҳокимият талош меварзиданд, бештар ба ҳизбҳои сиёсии ғайрисистемавӣ шабоҳат доштанд.

Ғайр аз ин, дар ин давра ташкилотҳои ҷамъиятии халқҳои ИҶШС низ дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардиданд. Чунончи, ташкилотҳои ҷамъиятии украинҳо «Кринитса», гурҷҳо «Иберия», русҳо «Ҳамкорӣ», ӯзбекҳо, арманиҳо, немисҳои шӯравӣ ва ғ. низ пайдо гардиданд.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Соли 1997 бо имзо гардидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии мамлакат саҳифаи нав боз гардид. Соли 1998 дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул гардид, ки минбаъд фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро дар шароити нав танзим менамуд.

Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 иттиҳодия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар миёни онҳо ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» нуфузи бештар дорад, ки он соли 1996 таъсис ёфта буд. Ҳамин тариқ, дар шароити муосир фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (аз 23.11.2015) танзим мегарданд. Қонунгузории мазкур тартиби таъсис, ташкили фаъолият ва қатъ намудани фаъолияти онҳоро танзим менамояд. Ба сифати институти сиёсию ҳуқуқӣ эътироф гардидани ташкилотҳои ҷамъиятӣ маънои онро дорад, ки онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва системаи сиёсии ҷомеа мавқеи махсусро ишғол намудаанд.


503
Нет комментариев. Ваш будет первым!