Моҳият, шаклҳо ва хусусиятҳои иштироки сиёсӣ

Иштироки сиёсӣ шакли махсуси фаъолияти сиёсии одамон буда, яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳимояи манфиатҳои онҳо ба шумор меравад. Замоне ки субъектҳои иҷтимоӣ ба муносибатҳои сиёсии ҷомеа ҷалб мегарданд ва ё бошуурона худро ба он ворид месозанд, иштирок низ хусусияти сиёсӣ мегирад. Дар ин ё он шакл ба таркиби муносибатҳои сиёсӣ ҷалб гардидани аъзоёни умумияти иҷтимоию сиёсӣ моҳияти иштироки сиёсиро ифода менамояд. Инчунин, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои табақаҳои мушаххаси ҷамъиятӣ дар ин ё он шакл рафтор намудан ва бо мақсади қонеъ намудани талаботи гурӯҳӣ аз мақомоти давлатӣ чизеро талаб кардан низ, моҳияти иштироки сиёсиро ифода менамоянд. Бинобар ин, иштироки сиёсӣ ченаки марказии системаи сиёсӣ ба шумор рафта, нишондодҳои сифатӣ ва нишонаҳои демократии онро асоснок менамояд.

Дар ҷомеаҳои муосири демократӣ иштироки озод, ташаббускорӣ ва фаъолнокии сиёсии аъзоёни ҷомеа ва субъектҳои иҷтимоӣ ба воситаи як қатор шарту шароитҳо таъмин карда мешавад. Чунончи:

– институтҳои сиёсию ҳуқуқӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои рафтор, ки онҳо дар якҷоягӣ нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқӣ ба шумор мераванд;

– институтҳои ташаккулёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

– режими сиёсии демократӣ;

– дараҷаи баланди маданияти сиёсии ҷомеа ва маданияти сиёсии шахсони алоҳида;

– ба таври баробар тақсим гардидани манбаъҳои ҷамъиятӣ. Чунончи, сарват, илму маърифат, вақти холӣ барои фароғату истироҳат, дастрасӣ доштан ба воситаҳои ахбори омма ва ғ.

Дар муқобили иштироки сиёсии демократӣ дар ҷомеаҳои авторитарию тоталитарӣ аҳолии мамлакат қисман ва ё пурра аз сиёсат барканор карда шудаанд.

Иштироки сиёсӣ дар ду навъи асосӣ зоҳир мегардад: иштироки бевосита ва бавосита. Иштироки сиёсии бевосита дар доираи умумиятҳои хурди сиёсӣ зоҳир мегардад. Одатан, аъзоёни гурӯҳҳои мазкур дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ бевосита ширкат меварзанд. Инчунин, иштироки сиёсӣ баъзан характери оммавӣ низ дорад. Дар маҷмӯъ шаклҳои гуногуни иштироки сиёсии бевоситаро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

– иштирок дар кору фаъолияти расмии ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ;

– иштирок дар чорабиниҳои сиёсии ташкилоту ҳаракатҳои ғайрирасмӣ;

– иштирок дар интихобот, маъракаҳои интихоботӣ ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ;

– иштирок намудан дар кору фаъолияти мақомоти намояндагӣ.

Иштироки сиёсии бавосита ифодаи манфиатҳои субъектҳои иҷтимоӣ ба воситаи намояндагони худ мебошад, ки чунин навъи иштирок одатан хосси умумиятҳои калони иҷтимоӣ мебошад. Чунин ҳолат барои он зарур аст, ки таъмин намудани иштироки бевоситаи ҳамаи аъзоёни ҷомеа дар сиёсат ғайриимкон аст. Дар ҷомеаҳои муосир мақомоти интихобӣ (парлумон), ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ миёнаравҳои иштироки сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Пешбарии намояндагони худ ба воситаи интихобот амалӣ карда мешавад ва дар чунин шароит моҳияти системаи интихоботӣ дар самти ифода ва ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ таъсири амиқ мерасонад. Иштироки сиёсии бавосита боиси коста гардидани иродаи омма мегардад. Зеро дар баъзе аз мавридҳо намояндагони интихобнамудаи онҳо манфиатҳои шахсии худро пайгирӣ менамоянд, ки бо манфиатҳои интихобкунандагон ҳеҷ гоҳ мувофиқат наменамояд. Дар чунин шароит оммаи мардум намояндагони худро назорат карда наметавонанд, ки чунин ҳолат иштироки сиёсии онҳоро коҳиш медиҳад.

Шакли махсуси иштироки сиёсӣ хондани адабиёти сиёсӣ, гӯш кардан ва дидани барномаҳои сиёсии радиоӣ ва телевизионӣ мебошад. Чунин навъи иштирок одамонро вориди муҳокимарониҳои сиёсӣ менамояд. Баъзан рафтори сиёсии одамон дар зери таъсири иттилооти сиёсӣ куллан тағйир ёфта, аз майлу рағбати сиёсӣ ба бемайлии сиёсӣ табдил меёбад.

Ҳамин тариқ, сабабҳои ба амал омадани иштироки сиёсӣ хеле гуногун мебошад: майлу рағбати ҳукмронӣ намудан, мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоии худ, ба даст овардани имтиёзҳои муайян, таъмин намудани муваффақияти касбии худ, кӯшиши беҳтар намудани вазъияти моддии худ, таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии худ ва ғ. Ҳамзамон, ба амал омадани иштироки сиёсии шахс аз як қатор омилҳои объективӣ вобаста мебошад: дараҷаи рушди демократия, дараҷаи рушди маданияти сиёсӣ, таъсири муҳити атроф, мансубияти ҳизбӣ, хислатҳои шахсӣ ва ғ.


292
Нет комментариев. Ваш будет первым!