Мафҳум ва моҳияти сиёсат

Мафҳуми «сиёсат» дар таърихи тамаддуни башарият ҳамеша мавриди истифода ва баҳси ҳамагон қарор дошт. Ҳамзамон, сиёсат ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсир расонида, новобаста аз хоҳишу фаъолият шахсро вориди дунёи сиёсат мегардонад. Аз ин рӯ, дарки мазмуну мундариҷа ва моҳияти сиёсат, муайян намудани қонуниятҳои рушду инкишофи он, нишон додани алоқамандии сиёсат бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хеле муҳим мебошад. Ҳанӯз дар замони худ мутафаккири Юнони қадим Перикл иброз намуда буд, ки дар бораи сиёсат ҳама метавонанд муҳокимаронӣ намоянд, аммо на ҳар кас метавонад сиёсат офарад.

Маълум аст, ки бори аввал сиёсатро бо мафҳуми «политика» ифода намудаанд. Мафҳуми мазкур дар зери таъсири асари машҳури Арасату «Политика» ташаккул ёфтааст. Ин истилоҳ аз забони юнонӣ (politika) гирифта шуда, маънояш «санъати идораи давлат ва корҳои давлатию ҷамъиятӣ» мебошад.

Мутафаккирони шинохтаи тоҷику форс Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Форобӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Низомулмулк, Муҳаммад Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон низ дар осори худ нисбат ба мазмуни сиёсат ва дар амал тадбиқ намудани он андешаҳои ҷолиб пешниҳод намудаанд, ки то имрӯз арзиши аслии худро нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» дар боби сиёсат чунин овардааст, ки мадори олам бар сиёсат аст, агар забти сиёсат набошад, муҳиммоти ҷаҳон бар насақ намонад ва агар қонуни таъдибу таъзиб набувад, корҳо рӯй ба табоҳӣ ниҳанд:

Аз сиёсат низом ёбад мулк,

Бе сиёсат халалпазир бувад.

Насақи корҳои оламро,

Аз сиёсат ногузир бувад.

Дар баробари ин, ӯ чунин ибрози ақида дорад, ки «сиёсат забт кардан аст ва доштани сиёсат ду навъ аст: яке, сиёсати нафси худ, яке сиёсати ғайри худ. Ва аммо сиёсати нафс бар интизоми ахлоқ замина аст. Ва касби авсофи ҳамида ва сиёсати ғайр аз ду қисм аст. Яке, сиёсати хосу муқаррибони даргоҳ ва забту насақи эшон ва дувум, сиёсати авом. Сиёсати авом бар он ваҷҳ аст, ки бадону бадфеълонро бояд ки пайваста тарсону ҳаросон дорад. Ва некону неккирдоронро умедвор созад»[1].

Ҳамин тавр, аксарияти бузургони олами илму адаби Шарқ фаҳмиши сиёсатро дар меҳвари санъати идораи давлат тарҳрезӣ намуда, муҳтавои асосии андешаҳои худро бо назму наср баррасӣ намудаанд.

Дар замони муосир сиёсатро дар мазмуни васеъ ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ ва дар мазмуни маҳдуд ҳамчун фаъолияти воқеии гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки ба сиёсати амалӣ машғуланд, маънидод кардан мумкин аст. Фаҳмиши сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ хосси фанни сиёсатшиносӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми баррасии муҳтавои асосии ҳар як илм, аз омӯзиши масъалаҳои марказӣ ва муҳимми он шурӯъ менамоянд. Масалан, агар барои фалсафа материя ва шуур, барои физика қувва, барои иқтисоди сиёсӣ шаклҳои истеҳсолот мафҳумҳои марказӣ бошанд, пас барои сиёсатшиносӣ категорияҳои «сиёсат» ва «ҳокимияти сиёсӣ» масъалаҳои бунёдӣ ба шумор мераванд. Албатта, муайян намудани мафҳумҳои асосии ин ё он фан мушкилиҳои зиёди худро дорад ва сиёсат низ зуҳуроти хеле мураккаб буда, дарки мазмуну мундариҷаи он хеле мушкил аст. Ҳатто дар замони худ Алберт Эйнштейн мушоҳида намуда буд, ки «сиёсат аз физика низ мураккабтар аст».

Инчунин, сиёсат омили муҳимми мавҷудияти ҷомеа мебошад. Он дар натиҷаи тағйироти иқтисодию иҷтимоӣ ва дар шароити гузариши ҷомеаҳои ибтидоӣ ба сохтори навбатии ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, барои ҳалли низоъҳо ва ихтилофҳои мухталиф, ки бо нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимият алоқаманд буд, равона гардидааст.

Аз ин рӯ, сиёсат соҳаи фаъолиятест, ки муносибатҳои байни умумиятҳои иҷтимоиро дарбар гирифта, ба воситаи ба даст овардан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ ҳимоя намудани манфиатҳои худ ва идора намудани равандҳои ҷамъиятиро ифода менамояд.

Сиёсат дорои хусусиятҳои зерин мебошад, ки ба воситаи онҳо моҳияти падидаи мазкурро муайян намудан мумкин аст:

  1. Сиёсат ҳама вақт бо фаъолияти оммаи мардум, ҳимояи манфиатҳои халқ ва гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, сиёсат ба воситаи шумораи зиёди одамон, ки миллионҳо нафарро ташкил дода, барои ҳимояи манфиатҳои оммавӣ равона шудаанд, зоҳир мегардад. Аммо дар чунин ҳолат низ номувофиқатии манфиатҳо дида мешавад, ки гурӯҳҳои дӯсту душман, пайравон ва мухолифон ба вуҷуд меоянд. Маҳз натиҷаи чунин муносибат аст, ки дар ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи ин гурӯҳҳо кӯшиш менамоянд, ки манфиатҳои гурӯҳии худро ба сифати манфиатҳои муҳимми оммаи мардум нишон диҳанд. Маҳз дар чунин вазъият ҳалли низоъҳо ва мухолифатҳои ҷамъиятӣ яке аз вазифаҳои муҳимми сиёсат ба шумор меравад.
  2. Сиёсат бо фаъолияти давлат, ки яке аз институтҳои марказии системаи сиёсӣ мебошад, алоқамандӣ дорад. Зеро давлат дар ҳалли мушкилоте, ки диққати ҷомеаро ба худ ҷалб менамоянд, хизмат мекунад. Дар ҳама шароит нигоҳ доштани тавозуни манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ хосси давлат ва сиёсат мебошад. Сарфи назар намудан аз чунин раванд ба вайрон шудани механизми давлату давлатдорӣ оварда мерасонад.
  3. Сиёсат бо таҳлили ҷиддии шароитҳои мавҷуда, фаъолияти сиёсӣ, лоиҳаҳои сиёсӣ ва ояндабинии равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ алоқаманд аст. Ин аст, ки воқеият ва мавҷудияти шароитҳои ҷамъиятӣ дар шакли барнома, таълимот, баённомаҳо ва монанди инҳо ифода меёбанд.
  4. Сиёсат раванди ҳукмронӣ буда, бо қобилияти таъсиррасонӣ алоқаманд мебошад ва ба иҷрои вазифаҳои муҳимми ҷамъиятӣ равона гардидааст. Дар чунин ҳолат сиёсат на танҳо маҷмӯи ақидаҳои назариявист, балки амалҳои воқеӣ оид ба ташаккули ҳокимият ва истифода бурдани он низ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала Макс Вебер андешаи ҷолиб иброз намудааст. Ба ақидаи ӯ, сиёсат илмест, ки механизм ва технологияҳои ҳукмрониро ифода менамояд. Аммо чӣ гуна ташкил шудани ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ сохтани талаботи мардум аз мавҷудияти шароит ва рушду инкишофи ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс нисбат ба сиёсат бояд муносибати ҷиддӣ дошта бошад. Зеро ҳеҷ кас наметавонад аз таъсири сиёсат худро дар канор гирад. Мабодо шумо агар фикр дошта бошед, ки ба сиёсат сару кор намегиред ва ба он коре ҳам надоред, вале сиёсат новобаста аз хоҳиши касе ҳатман ба инсон сару кор мегирад.

[1] Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Муҳсинӣ. – Душанбе, 1991. – С.207.

723
Нет комментариев. Ваш будет первым!