Ҳизби сиёсӣ ҳамчун институти сиёсӣ

Пайдоиш ва рушду инкишофи ҳизбҳо ва системаҳои ҳизбӣ бо пайдоиши инқилобҳои буржуазӣ алоқамандии зич доранд. Ба ибораи дигар, баъди пайдоиши парламентаризм, ки онро ҳамчун шакли махсуси ташкилот ва воситаи амалишавии ҳокимияти давлатӣ донистан мумкин аст, ҳизбҳои муташаккил ба вуҷуд омаданд. Мувофиқи гурӯҳбандии М.Вебер пайдоиш ва ташаккулёбии ҳизбҳо ҳамчун институти сиёсӣ се марҳилаи асосиро дар бар мегиранд: гурӯҳҳои аристократӣ, клубҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои оммавӣ.

Ҳамин тариқ, дар Англия солҳои 70-80-уми асри XVII гурӯҳҳои аристократии «торӣ» ва «вигҳо» ба вуҷуд омада буданд, ки онҳо дар асри XIX ба ҳизбҳои сиёсии консервативӣ ва либералӣ табдил ёфтанд. Намояндагони «торӣ» аристократияи феодалӣ ва намояндагони «вигҳо» буржуазияи ташаккулёбанда маҳсуб меёфтанд, ки онҳо хусусияти сиёсӣ дошта, барои ҳокимият мубориза мебурданд. Дар солҳои 30-юми асри XIX торӣ клуби сиёсии «Чарлтон Клаб» ва вигҳо «Реформ Клаб»-ро ба вуҷуд оварданд, ки онҳо дар муборизаи сиёсии худ ба фаъолияти парламентарӣ такя менамуданд. Дар Фаронса дар давраи Инқилоби бузург клубҳои сиёсии жирондистҳо, якобиниҳо ва монтанярҳо фаъолият доштанд.

Гурӯҳҳои аристократӣ ва клубҳои сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсии замони муосир хеле шабоҳат доштанд. Аммо дар онҳо аз ҳама бештар нухбагон (элитаи сиёсӣ) муттаҳид гардида, дастгирии оммаи мардум тамоман дида намешуд.

Тағйиротҳои сифатӣ дар ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ дар асри XIX ба амал меоянд. Аниқтараш чунин тағйирот дар натиҷаи ташаккулёбии ҳуқуқи интихоботӣ ва пайдоиши ҳаракатҳои муташаккили коргарӣ ба вуҷуд меоянд. Марҳила ба марҳила аз байн бурдани маҳдудиятҳо ва дар аксари мамлакатҳо гузаронидани ислоҳот дар ҳуқуқи интихоботӣ боиси дигаргун гардидани ташкилотҳои интихоботӣ гардид. Мубориза барои ба даст овардани афкори омма клубҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои элитариро маҷбур менамуданд, ки аз доираи фаъолиятҳои парлумонӣ берун баромада, ба интихобкунандагони худ пайваста таъсири сиёсӣ ва идеологӣ расонанд. Гурӯҳи депутатҳои парлумонӣ ва кумитаҳои интихоботӣ дар асоси интихобкунандагони (электорат) ҳизбӣ ташаккул меёбанд. Бори аввал чунин иқдом аз ҷониби либералҳои Англия соли 1861 анҷом дода мешавад ва каме дертар ҳизбҳои консервативӣ низ ҳамчун мухолиф бар зидди либералҳо чунин амалро анҷом медиҳанд.

Дар рушду инкишофи ҳизбҳои сиёсӣ ҳаракатҳои коргарӣ таъсири амиқ расонидаанд. Ҳаракати коргарӣ навъи классикии ҳизбро ба вуҷуд оварда, оммаи мардумро ба аъзогӣ даъват менамуд. Чунин шакли ҳаракатҳо шабакаи васеи ташкилоти маҳаллиро дар худ нигоҳ дошта, оиннома ва пардохти аъзогӣ асоси фаъолияти онҳоро ташкил менамуд. Ҳизбҳои коргарӣ бо роҳи ғайрипарлумонӣ ташаккул ёфта, иттифоқҳои касаба, ҳаракатҳои кооперативӣ ва кружокҳои коргарон асоси пайдоиши онҳоро ташкил менамуданд. Аввалин ҳизби коргарӣ соли 1863 таҳти унвони «Иттифоқи умумигерманӣ» ба вуҷуд омада буд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ҳаракатҳои коргарӣ ба ду ҷараёни асосӣ – инқилобӣ ва ислоҳотчигӣ ҷудо мегардад. Дар асоси ҷараёни инқилобӣ ҳизбҳои коммунистӣ ва дар асоси ҷараёни ислоҳотчигӣ ҳизбҳои сотсиал-демократӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар ибтидои асри ХХ аввалин ҳизбҳои конфессионалӣ, ба монанди ҳизби христианию демократӣ, ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ташаккули ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ҳизбҳои сиёсие ба вуҷуд меоянд, ки аз истисмор озод намудани халқиятҳои ҷабрдида асоси фаъолиятҳои онҳоро ташкил медиҳад.

Ҳизб ҳамчун институти сиёсӣ марҳила ба марҳила ба дигаргунӣ дучор мегардад ва таҳаввулоти он дар баррасиҳои назариявӣ ва афкори ҷамъиятию сиёсӣ низ ба мушоҳида мерасад. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ омӯзиш ва таҳқиқи масъалаи ҳизб ба яке аз самтҳои алоҳидаи илмҳои сиёсӣ мубаддал мегардад ва он минбаъд ҳамчун партология, яъне илм дар бораи ҳизбҳо ташаккул меёбад.

Дар илмҳои сиёсӣ барои муайян намудани хусусият ва моҳияти ҳизбҳои сиёсӣ муносибатҳои мухталиф ба вуҷуд оварда шудаанд. Масалан, муносибати идеологӣ ҳизбро ҳамчун умумияти мушаххаси идеологӣ, иттиҳоди ҳамфикрон ва ҳаммаслаконе муаррифӣ менамояд, ки онҳо дар асоси ақида, манфиат ва боварҳои умумӣ муттаҳид гардидаанд. Муносибати институтсионалӣ ба баррасии паҳлуҳои сохтории фаъолияти ҳизбҳо машғул мегардад. Мувофиқи чунин таълимот мавҷудияти сохтори муайян, фаъолияти дарозмуддат, ҳамкорӣ ва барқарор намудани алоқа бо ташкилотҳои дигар, ҳамкорӣ бо ҷонибдорон ва пайравон нишонаҳои асосии ҳизби сиёсӣ мебошанд. Муносибати функсионалӣ имкон медиҳад, ки нақш ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар ташаккули механизми сиёсӣ муайян карда шаванд. Ба ақидаи аксари сиёсатшиносон ҳизб дорои вазифаи электоралӣ буда, фаъолияти он бо раванди интихоботӣ алоқамандии зич дорад ва дар раванди омодасозӣ ва гузаронидани интихобот иштироки фаъол меварзад. Дар таълимоти марксистӣ барои муайян намудани моҳияти ҳизби сиёсӣ муносибати иҷтимоию синфӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Бинобар ин, мувофиқи таълимоти марксистӣ, дар зери мафҳуми ҳизб синфи фаъол, муташаккил ва дорои фаъолияти бошууронае фаҳмида мешавад, ки онҳо ифодакунанда ва ҳимоякунандаи манфиатҳои худ мебошанд.

Ҳамин тариқ, нишонаҳои фарқкунандаи ҳизби сиёсиро метавон ба таври зайл муайян намуд:

— мавҷудияти базаи иҷтимоӣ, яъне бо синфи муайян, табақаи иҷтимоӣ ва ё маҷмӯи гурӯҳҳо барқарор намудани алоқаҳои мутақобила;

— мавҷудияти идеология ва барномаи идеологӣ;

— мавҷудияти сохтори муташаккили расмӣ (аъзогӣ, зерсохторҳои тобеи марказ, дастгоҳи ҳизбӣ ва монанди инҳо);

— мавҷудияти механизмҳои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ.

Амалӣ намудани муборизаи кушод барои ба даст овардани ҳокимият яке аз хусусиятҳои асосии ҳизб ба шумор рафта, имкон медиҳад, ки ҳизб ҳамчун институти сиёсӣ муаррифӣ карда шавад. Ҳизби сиёсӣ маҳз бо чунин хусусият аз шаклҳои дигари иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фарқ карда меистад. Ҳарчанд ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба монанди ҳизбҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа иштироки фаъол дошта бошанд ҳам, ба даст овардани ҳокимият ҳеҷ гоҳ ҳадафи онҳо ба шумор намеравад.


Калидвожаҳо: хизб, хизби сиёси, хизбхои точикистон, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, хизби сиёси хамчун институти сиёси

253
Нет комментариев. Ваш будет первым!