Ҳокимият ва моҳияти он
Ба ақидаи Томас Гоббс (1588-1679) ҳокимият воситаест, ки бо ёрии он дар оянда неъматҳо ба даст оварда мешаванд ва аз ин рӯ, мубориза барои ҳокимият нишонаи асосии ҳаёт буда, то дами марг идома меёбад. Ба андешаи Макс Вебер (1864-1920), ҳокимият амалӣ намудани иродаи худ аз болои иродаи дигарон мебошад, ки дар амал татбиқ намудани он новобаста аз майлу хоҳиши дигарон сурат мегирад. Роберт Дал (1915-2014) мегӯяд, ки ҳокимият ба ин ва ё он шахс имкон медиҳад, ки дигаронро барои иҷроиши коре маҷбур намояд ва рафтори онҳоро назорат созад. Ханна Арендт (1906-1975) қайд менамояд, ки ҳокимият ба як шахс тааллуқ надошта, балки ба он гурӯҳи одамоне тааллуқ дошта метавонад, ки агар онҳо фаъолияти дастаҷамъона дошта бошанд. Энтони Гидденс (1938) ҳокимиятро воситае медонад, ки бо ёрии он тартиби ҷойгиршавии ашёҳо тағйир дода мешавад. Яъне, касе, ки ҳокимиятро соҳиб аст, ӯ барои тағйир додани тартибот низ қодир аст. Гаролд Лассуэл (1902-1978) дар асари худ «Ҳокимият ва ҷомеа» қайд менамояд, ки ҳокимият қобилияти дар раванди қабули қарори сиёсӣ ширкат варзидан аст. Толкотт Парсонс (1902-1979) ҳокимиятро низоми манбаъҳое медонад, ки бо ёрии он мақсадҳои умумӣ амалӣ карда мешаванд. Раймон Арон (1905-1983) ҳокимиятро тавоноие мешуморад, ки ба як шахс ва ё як гурӯҳи одамон тааллуқ дошта, дар асоси он дар миёни одамон ва гурӯҳҳо муносибатҳои мухталиф ба роҳ монда мешаванд. Бертран Рассел (1872-1970) ҳокимиятро воситаи ба даст овардани натиҷаҳои мақсаднок мешуморад. Ба ақидаи ӯ, агар гурӯҳи «А» нисбат ба гурӯҳи «Б» ҳокимияти бештар дошта бошад, пас гурӯҳи «А» нисбат ба гурӯҳи «Б» натиҷаҳои мақсадноки бештарро соҳиб мегардад.
Сиёсатшиноси полшагӣ Ёжи Вятр (1931) шаш навъи тафсири ҳокимиятро нишон додааст: 1) фаҳмиши бихевиористӣ (ҳокимият навъи махсуси рафторе мебошад, ки барои тағйир додани рафтори дигарон нигаронида шудааст); 2) фаҳмиши телеологӣ (ҳокимият тамоюли расидан ба ҳадафҳо мебошад); 3) фаҳмиши инструменталӣ (ҳокимият имкони мавриди истифода қарор дода тавонистани воситаҳо мебошад); 4) фаҳмиши структуралистӣ (ҳокимият навъи махсуси муносибатест, ки дар миёни идоракунандагон ва идорашавандагон зоҳир мегардад); 5) фаҳмиши низоӣ (ҳокимият имконияти қабули қарорест, ки ба воситаи он вазъияти низоӣ ба эътидол оварда шуда, тақсими неъматҳо ба роҳ монда мешавад); 6) фаҳмиши каузалӣ (ҳокимият таъсиррасоние мебошад, ки дар натиҷаи он амру супоришҳо аз ҷониби дигарон иҷро карда мешаванд).
Як гурӯҳ олимон дар мулоҳизарониҳои худ қайд намудаанд, ки ҳокимият хусусияти табиӣ дорад. Ба ақидаи онҳо, ба вуҷуд омадани пайомадҳои бад аз ҳокимият вобаста набуда, балки онро одамон барои амалӣ намудани ниятҳои манфии худ истифода менамоянд. Гузашта аз ин, новобаста аз оне, ки дар ҷомеа як гурӯҳ одамон ҳукмронӣ намудан ва гурӯҳи дигар тобеъ буданро дӯст медоранд, ҳар як инсон барои ба даст овардани ҳокимият ва шуҳрат доимо кӯшиш менамояд. Бояд гуфт, ки дар ҷомеа одамоне пайдо мегарданд, ки онҳо аз уҳдаи ҳукмронӣ намебароянд ва аз ин рӯ, тобеият хосси онҳост. Аммо гурӯҳи одамоне низ во мехӯранд, ки умуман ҳукмронӣ намуданро дӯст намедоранд. Дар баробари ин, дар ҷомеа нафароне пайдо мегарданд, ки аз ҳукмронии дигарон ба хашм омада, таҳаммулнопазириро пеша намуда, барои ҳукмронӣ намудан майл менамоянд. Бе мавҷудияти чунин тамоюлот дар саҳнаи сиёсат пайдо гардидани сарварони асил ғайриимкон аст. Аммо сарвари сиёсие, ки ба худ бовар надошта, аз ҳокимият лаззат бурда натавонад, ҳеҷ гоҳ ба муваффақият ноил намегардад.
Ғайр аз ин, барои муайян намудани моҳияти ҳокимият хусусиятҳои умумии онро низ ба инобат гирифтаанд. Дар доираи чунин фаҳмиш ҳокимият ба воситаи қобилият ва имконият, ҳукмронӣ ва тобеият муайян карда мешавад. Чуноне ки бе ҳокимият тобеият буда наметавонад, бе тобеият низ ҳокимият вуҷуд дошта наметавонад. Зоҳиршавии ҳокимият дар фаъолияте ифода меёбад, ки одамонро барои иҷроиши коре маҷбур менамояд. Аммо дар ҳолати беҳокимиятӣ онҳо иҷроиши он корро барои худ афзал намедонистанд. Чунин шакли ҳокимият ҳукмронии як шахс ва ё як гурӯҳро таъмин менамояд. Баъзан ҳокимият ба хотири чизе зоҳир мегардад, масалан, барои амалӣ намудани мақсадҳои умумӣ. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Энтони Гидденс қайд менамояд, ки ҳокимият аз рӯйи табиати худ золим ва ё ситамгар нест, балки вай қобилияти интихоби тарзи иҷроиши амал ва ё имкони ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ мебошад. Ҳокимият дар садди роҳи озодӣ монеа эҷод накарда, балки воситаи таъмини он мебошад.
Дар баробари ин, ҳокимият доимо ҳамчун муносибати иродавӣ муайян карда мешавад. Мувофиқи ин ҳукмронӣ намудан, яъне иродаи худро аз болои иродаи дигарон бор кардан аст. Аз ин рӯ, ҳокимият имкониятҳои воқеии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки иродаи худро дар муносибат бо гурӯҳҳои дигар амалӣ намоянд. Дар ин ҷо махсус бояд таъкид кард, ки категорияи «ирода» дар илмҳои психологӣ дар маъноҳои «сабру тоқат», «пуртоқатӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» фаҳмида мешавад. Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум низ мафҳуми «ирода» қариб, ки дар чунин маъноҳо фаҳмида мешавад. Дар илмҳои сиёсӣ бошад, мафҳуми «ирода» дар маъноҳои «мақсад», «ҳадаф», «манфиат», «стратегия» ва монанди инҳо бояд фаҳмида шавад. Аз ин рӯ, ибораи «бор кардани иродаи худ аз болои дигарон» низ маънои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳоро дорад.
Як гурӯҳ олимон хусусиятҳои муҳимми ҳокимиятро ба таври мушаххас нишон додаанд. Мувофиқи таълимоти онҳо, ҳокимият падидаи ҳамарофарогиранда буда, мавҷудияти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба назар мерасад. Махсусан, равандҳои сиёсии ҷомеа ва пайдоиши онҳо аз ҳокимият вобаста мебошанд. Ҳокимият ба тамоми шаклҳои фаъолияти инсонӣ ворид гардида, қодир аст одамонро пароканда ва ё муттаҳид гардонад.
Ҳокимият фазои муайянеро фаро мегирад. Аз ин рӯ фазои ҳокимият метавонад маҳдуд ва ё васеъ бошад. Масалан, дар оила, раванди назорати инсон аз болои худ, дар коллективи меҳнатӣ, дар гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ ва монанди инҳо фазои маҳдуди ҳокимиятро ташкил медиҳанд. Аммо ҳокимияти давлат, ҳокимияти дин, идеология, ташкилотҳои байналхалқӣ ва монанди инҳо фазои васеи ҳокимиятро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, шаклҳои гуногуни ҳокимият ба вуҷуд омада, ташаккул меёбанд. Чунончи, ҳокимияти сиёсӣ ва иқтисодӣ; динӣ ва дунявӣ; қонунгузор, иҷроия ва судӣ; ҳокимияти марказӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ; ҳокимияти давлатӣ, ҳизбӣ, оилавӣ; ҳокимияти дастгоҳ, маъмурият, раёсат, садорат; ҳокимияти сарварон, волидайн ва ғ.
Бояд гуфт, ки ҳокимият ва пайдоиши он аз замонҳои қадим сарчашма мегирад. Ҳанӯз дар ҷомеаи ибтидоӣ аллакай ҳокимияти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада буд, ки он тамоми паҳлуҳои ҳаёти одамонро ба воситаи урфу одат ва анаъанаҳо ба танзим медаровард. Каме дертар, аниқтараш баъди ба вуқӯъ омадани тақсими меҳнат ва пайдоиши моликияти хусусӣ, ҳокимияти ҷамъиятӣ ба тағйиротҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида, ба ҳокимияти сиёсӣ табдил меёбад. Баъди ташаккули дастгоҳи махсуси идоранамоӣ ҳокимият дар қонунҳо таҷассум ёфта, ба ҳокимияти давлатӣ табдил меёбад.
Аммо набояд фаромӯш сохт, ки ҳокимияти сиёсӣ дар замони муосир низ хусусияти ҷамъиятии худро нигоҳ медорад. Зеро дар амал татбиқ гардидани он аз ҷониби сохторҳои махсуси давлатӣ бо истифода аз воситаҳои маҷбурнамоӣ, анъанаҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои идеологӣ ба роҳ монда мешавад. Аммо муайян намудани таносуби ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти сиёсӣ хеле муҳим аст. Ҳокимияти сиёсӣ мувофиқат ва мутобиқати қувваҳои иҷтимоӣ ва синфӣ мебошад. Зеро синфҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа таъсири амиқ доранд. Ҳокимияти давлатӣ бевосита маҳсули ҳокимияти сиёсӣ мебошад ва он дорои хусусиятҳои сиёсӣ аст. Зеро давлат дар фаъолиятҳои ҳаррӯзаи худ ҳимояи манфиатҳои тамоми аҳолиро дар мадди аввал мегузорад. Аз ин рӯ, ҳокимияти давлатиро ҳокимияти сиёсӣ гуфтан мумкин аст, аммо ҳокимияти сиёсиро баъзан ҳокимияти давлатӣ гуфтан номумкин аст. Масалан, дар ҷомеаҳои демократӣ дар баробари давлат, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, сарварони он, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори оммаи ғайридавлатӣ ва дигарон ба раванди қабули қарорҳои сиёсӣ таъсири амиқ мерасонанд ва дар самти ташаккули афкори ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозанд. Ба ибораи дигар, дар ҷомеаи демократӣ дар баробари давлат институтҳои сиёсии дигар низ аз ҳокимияти сиёсӣ то андозае истифода менамоянд. Аммо баъзан дар шароити давлатҳои ғайридемократӣ мафҳумҳои «ҳокимияти давлатӣ» ва «ҳокимияти сиёсӣ» муродифи якдигаранд. Зеро дар чунин ҷомеа идеологияи ягона, ҳизби ягона ва маданияти сиёсии ягона ташаккул ёфта, ҳокимияти сиёсӣ пурра дар монополияи давлат қарор мегирад. Ҳокимияти давлатӣ низ баъзан фаъолиятҳои ғайрисиёсӣ анҷом медиҳад, ки онҳо бо баъзе сабабҳо хусусияти сиёсӣ пайдо менамоянд.