Сиёсат ҳамчун фаъолият

Мутафаккирони зиёд оид ба сиёсат ақидаронӣ намуда, онро ба таври мухталиф маънидод намудаанд. Масалан, ба ақидаи Афлотун, сиёсат – ин санъати шоҳӣ нисбати идора намудани инсонҳо аст. Ибни Сино ҳам сиёсатро як навъи санъат меҳисобад. Сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ – ҷавлонгоҳи на танҳо ақл, балки маҳорат низ ҳастанд ва ба он бояд чун навъи санъати олӣ муносибат намуд. Ҷомеае, ки Ибни Сино ба он майлу рағбат дошт, таҷассумгари навъи давлате буд, ки ба адолат асос ёфта («мадинаи одила»), ба тазод ва мушкилоти замона нигоҳ накарда, манфиати табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба инобат мегирифт.

Ба ақидаи Ибни Сино, инсон аз кулли мавҷудоти зинда аз рӯйи асли иҷтимоии хеш фарқ мекунад, яъне махлуқи ҷамъиятӣ мебошад. «Модоме инсон дорои мақсад аст, пас ӯ бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад».[1] Ин мафкура, аслан, бо нукоти афкори сиёсии Арасту ҳамрадиф аст, ки тибқи он «инсон аз рӯйи табиати худ махлуқи сиёсист». Сиёсат дар фаҳмиши Муҳаммад Ғазолӣ «ашрафи усули саноат»[2] ва яке аз такягоҳҳои асосии олам буда, одамонро ба ҳам наздику маданӣ менамояд ва барои онҳо низоми дурустеро барқарор мекунад. Ҳамчунин, сиёсат ифодаи ақл (Гегел), занҷири ба созиш омаданҳо (А.А.Богданов), илми идора намудани давлат (Р.Дал), сохтори ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи иқтисоди дастаҷамъона (В.И.Ленин) ва ғ. мебошад.

Дар ҳар яке аз ин баррасиҳо диққати асосӣ ба фаъолияти субъектҳои иҷтимоӣ ва муносибати онҳо ба ҳокимияти сиёсӣ дида мешавад. Аз ин хотир, маънидод намудани моҳияти сиёсат, пеш аз ҳама, дар муносибат бо ҳокимияти давлатӣ ифодаи худро меёбад. Ҳокимият – ин қобилият ва имконияти бор кардани иродаи худ аз болои дигарон ва идора намудани амалҳои онҳо ба манфиати худ мебошад. Ҳокимият танҳо хосси субъектҳои сиёсат мебошад (шахсони алоҳида, ташкилотҳои сиёсӣ ва ғ.). Мубориза баҳри ба даст овардани ҳокимият аломати муайянкунандаи соҳаи сиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Бе сиёсат ҳокимият буда наметавонад ва бе ҳокимият сиёсат аз байн меравад. Ҳар касе, ки соҳиби ҳокимият мегардад, дар соҳаи сиёсат нақши ҳалкунанда мебозад. Аз ин ҷо қонуни асосии сиёсатро ҳамчун муносибати субъектҳои сиёсат (оммаи мардум, синфҳо, ҳизбҳо) бо ҳокимият ва раванди ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо муайян кардан мумкин аст. Ифодаи мушаххаси қонуни мазкур дар алоқамандӣ бо навъҳои гуногуни системаҳои сиёсӣ ва шаклҳои давлатдорӣ зоҳир мегардад.

Моҳиятан сиёсат ифодаи дастаҷамъонаи манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии ҳукмрон мебошад. Аммо чунин ҳолат хусусияти нисбӣ дорад. Аслан, хусусиятҳои ташаккулёбии сиёсат дар муносибатҳои ҳамаи гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ бо давлат ва ҳокимият зоҳир мегардад. Дар натиҷаи ин дар сиёсат лаҳзаи вобастагӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, дар сиёсат коркарди ояндабинии дарозмуддат каме мушкилтар гардида, хусусияти субъективӣ касб менамояд ва метавонад ба натиҷаҳои ғайриинтизорӣ оварда расонад.

Синфи ҳукмрон, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян мекунанд, дар дараҷаи муайян вазифадор ва маҷбур аст, ки манфиат ва талаботи ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ҷомеаро ба инобат гирад. Зеро барои нигоҳ доштани ҳокимият доимо дастгирии иҷтимоӣ зарур аст. Маҳз чунин ҳамкорӣ асоси устувории системаи сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Сиёсат ба ғайр аз он ки ифодакунандаи манфиатҳои синфӣ маҳсуб меёбад, инчунин вазифадор аст, ки дар ҷомеа ризоияти шаҳрвандиро ба вуҷуд биоварад. Чунин хусусият махсусан дар ташкил намудани коалитсияҳои ҳукуматӣ инъикос гардида, дар системаи қонунгузории ҳар як давлат бо таъмин намудани ҳуқуқ ва кафолатҳои ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Барои ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ муттаҳид шудан бо давлатҳои дигар низ имконпазир аст. Ҳангоми шарҳи амалӣ шудани қонуни асосии сиёсат муайян намудани механизми ташаккулёбии сиёсат аҳамияти бузург дорад.

Ҳамаи паҳлуҳои сиёсатро дар алоҳидагӣ баррасӣ намуда, гуфтан мумкин аст, ки шуури сиёсӣ барои ташаккулёбии муносибатҳои сиёсӣ шарту шароит ва заминаи муфид ба шумор меравад. Хусусиятҳои ин гуна муносибатҳо дар он ифода меёбанд, ки онҳо пеш аз ба вуҷуд омадан дар шуури одамон мегузаранд, баъдан дар фаъолияти амалии синфҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ зоҳир мегарданд.

Гузашта аз ин, механизми ташаккулёбии сиёсатро ба таври зайл маънидод кардан мумкин аст:

– вазъияти иқтисодии субъекти сиёсат;

– талаботҳои он, яъне манфиатҳои иқтисодии он;

– манфиатҳои сиёсӣ;

– фаъолияти сиёсӣ (сиёсат).

Мураккаб гардидани ҳаёти иҷтимоӣ ва аз тарафи синфҳо дарк карда шудани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ба он оварда мерасонад, ки ақидаҳои сиёсӣ ва назарияҳои сиёсӣ ба вуҷуд биёянд. Баъдан, дар асоси онҳо ташкилот ва ё муассисаҳои мувофиқ ба он сохта мешаванд, ки ба фаъолияти сиёсӣ машғул мегарданд.

Ҳамин тариқ, манфиатҳои сиёсии субъектҳои сиёсат сабаби асосии бавуҷудоии амалҳои сиёсӣ буда, ба ибораи дигар, қувваи ҳаракатдиҳандаи сиёсат мебошанд. Дар ташаккулёбии сиёсат, ба ғайр аз манфиатҳои иқтисодӣ, инчунин омилҳои зерин низ таъсиргузоранд:

— дараҷаи шуурнокӣ ва ташкилотчигии субъекти иҷтимоӣ;

— мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ;

— дараҷаи маданияти сиёсӣ;

— муносибатҳои мутақобилаи синфӣ ва қувваҳои иҷтимоӣ дар дохили мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ.

Барои он ки амалишавии қонуни асосии сиёсат ба таври пурра ва ҳаматарафа тавсиф карда шавад, хусусияти иҷтимоии сиёсатро шарҳ додан зарур аст. Он дар асоси баҳогузории ҳадафҳои таърихии субъектҳои сиёсат ва рафтори амалии онҳо муайян карда мешавад. Дар алоқамандии ин якчанд навъи сиёсатро ҷудо кардан мумкин аст: агрессивӣ (иҷборӣ) – озодихоҳона; гуманистӣ – зиддигуманистӣ; боадолатона – беадолатона; реакисонӣ (иртиҷоӣ) – демократӣ. Дар чунин маврид танҳо ҳокимият метавонад роҳу усул ва методҳои ба ҳадаф расидани субъекти сиёсатро муайян намояд.

Сиёсат ҳамчун фаъолият дорои як қатор хусусиятҳои фарқкунанда мебошад, ки онҳо ба тари зайланд:

  1. Ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ сиёсатро ҳамчун фаъолият муаррифӣ менамояд. Агар ҳалли ин ё он масъала бо ҳокимият алоқамандӣ дошта бошад, вай ҳатман хусусияти сиёсӣ пайдо менамояд (Карл Маркс).
  2. Мақсаднок гардонидани фаъолияти инсонҳо, ки бо масъалаи ҳокимият алоқаманд аст, сиёсатро ҳамчун шакли фаъолият нишон медиҳад. Дилхоҳ сиёсат фаъолияти инсонҳо мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои муайяни иҷтимоию таърихӣ равона гардидааст. Аммо дараҷаи дарки масъалаҳо ва мақсадҳо метавонанд мухталиф бошанд.
  3. Сиёсат бояд дорои назарияи илман асосноккардашуда бошад. Барои бомуваффақият амалӣ гардонидани чунин назария роҳбарияти сиёсии шуҷоъ лозим аст.
  4. Сиёсат ба ҳадафҳо ва манфиатҳои иқтисодию сиёсӣ дахл намуда, ба сифати танзимгари муносибатҳои синфӣ, миллӣ ва гурӯҳӣ баромад менамояд ва доимо барои амалӣ гардонидани манфиатҳои онҳо равона мегардад.
  5. Сиёсат ва субъектҳои сиёсӣ доимо дар доираи идеологияи муайяне зоҳир мегарданд, ки он мавқеи сиёсатро равшан намуда, мақсад, стратегия, тактика, масъала ва воситаҳои мушаххаси онро муайян менамояд.
  6. Сиёсат сабаби дигаргуншавии воқеияти иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Маҳз дар зери таъсири сиёсат муносибатҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои сиёсӣ дар доираи манфиатҳои гурӯҳӣ ташаккул ёфта, дигаргун мегарданд.

[1]Ибн Сина. Избр. филос. произ. – С.472.[2] Муҳаммад Ѓазолӣ. Эҳё улум-ад-дин. – С.44.

485
Нет комментариев. Ваш будет первым!