Мафҳум ва моҳияти демократия

Ба ақидаи сиёсатшиноси рус К.С. Гаджиев демократияи Юнони қадим бо нишонаҳои асосии худ аз демократияи замони муосир тафовути ҷиддӣ дорад. Зеро дар шароити демократияи Юнони қадим низоми идоракунии бевосита афзалияти комил дошта, дар он тамоми аҳолии мамлакат, аниқтараш «шаҳрвандони озод» вазифаи қонунгузорони дастаҷамъиро иҷро менамуданд ва дар ин марҳилаи рушду инкишофи ҷамъиятӣ ҳанӯз падидаи идоракунии намояндагӣ аз худ дарак намедод. Чунин ҳолат дар бештари мавридҳо бо давлатҳои хурди Юнони қадим ва шумораи ками аҳолии онҳо асоснок карда мешуд. Зеро давлатҳои қадима аз як шаҳр ва як қатор деҳаҳои хурди гирду атрофи он, ки шумораи аҳолии онҳо то ба 10 ҳазор нафар рафта мерасид, иборат буданд[1].

Дар шаҳр-давлатҳои демократии аҳди қадим ҳар як шаҳрванд метавонист дар раванди қабули қарорҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо дахл дошт, иштирок намояд. Як гурӯҳи муайяни шаҳрвандон, ки синни онҳо ба ҷойи муайян расида буд, дар шаҳр-давлат ин ва ё он мансаби интихобиро ишғол менамуданд. Дар ин марҳила ҳанӯз ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аз ҳам ҷудо нагардида буданд ва ҳардуи ин шохаҳои ҳокимият дар дасти шаҳрвандони фаъоли давлат нигаҳдорӣ мешуд. Мазмун ва мундариҷаи ҳаёти сиёсӣ бо фаъолнокии шаҳрвандони мамлакат алоқаманд буда, омилҳои гуногун ва паҳлуҳои мухталифи раванди идоракунӣ аз ҳама бештар диққати онҳоро ба худ ҷалб менамуд. Бояд гуфт, ки чунин навъи демократияи бевосита баъди гузашти солҳои тӯлонӣ аз ҷониби аксари мутафаккирони замони нав (асрҳои XVII-XVIII) ҳамчун шакли беҳтарини идоракунӣ муаррифӣ гардида буд. Раъйпурсӣ ва ташаббусҳои шаҳрвандие, ки дар сарқонунҳои як қатор мамлакатҳои дунё дарҷ гардидаанд, нигоҳ доштани унсурҳои муҳимми демократияи бевосита ва дар асоси он ташаккул додани демократияи намояндагӣ маҳсуб меёбанд.

Яке аз нишонаҳои дигари фарқкунандаи демократияи аҳди қадим аз демократияи замони муосир дар фаҳмиш ва тафсири масъалаи нобаробарӣ ифода меёбад. Демократияи аҳди қадим на танҳо бо ҷомеаи ғуломдорӣ мувофиқ гардонида шуда буд, балки барои аз корҳои ҷисмонӣ барканор намудани шаҳрвандони озод ташаккул додани чунин шароит зарур шуморида мешуд. Зеро дар шароити демократияи атиқа шаҳрвандони озод танҳо ба коркард ва ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ машғул мегардиданду бас. Пас, дар чунин ҳолат саволе ба миён меояд, ки шаҳрвандони озод кадом табақаи ҷамъиятиро ташкил медоданд? Арасту дар таълимоти сиёсии худ ғуломон, шахсони аз полисҳои дигар омада ва нафаронеро, ки бо меҳнату даромади худ умр ба сар мебурданд, ба қатори шаҳрвандони озод дохил наменамуд. Ба ақидаи ӯ, «ҳунармандон ва косибон барои ишғол намудани мавқеи шаҳрвандӣ ҳуқуқ надоранд. Зеро фаъолияти онҳо ба монанди як қатор табақаҳои дигари ҷамъиятӣ барои ташаккули хайрияти умум равона нагардидааст»[2]. Аммо бояд гуфт, ки демократияи замони муосир дар соҳаи сиёсат ҳеҷ гуна тафриқаҳои ҷинсӣ, нажодӣ, синфӣ ва иҷтимоиро раво намебинад.

Бинобар ин, дар замони муосир дар миёни олимони ҷомеашинос ва сиёсатшинос мафҳуми «демократия» дар маъноҳои гуногун фаҳмида мешавад. Маънои аввали ин мафҳум бо мазмуни этимологии он алоқаманд гардонида мешавад. Яъне, демократия аз забони юнонӣ гирифта шуда, маънояш «ҳокимияти халқ» ё ин ки «мардумсолорӣ» мебошад. Президенти 16-уми ИМА Авраам Линколн демократияро «идоракунии халқ, барои халқ, ки аз ҷониби худи халқ интихоб гардидааст» номида буд. Дар чунин шакли идоракунӣ шаҳрвандон ҳуқуқи иштирок дар корҳои ҷамъиятиро шахсан иҷро накарда, балки ба воситаи намояндагони худ, ки онҳоро ба муҳлати муайян интихоб намудаанд ва дар назди худ вазифадор гардонидаанд, амалӣ мегардонанд. Чунин навъи идоракуниро чун қоида демократияи плюралистӣ ва ё намояндагӣ меноманд.

Маънои дуюми мафҳуми демократия, ки бо мазмуни этимологии он мувофиқат намекунад, аз ҷониби файласуфи рус В.П. Пугачев пешниҳод гардидааст. Ба ақидаи ӯ, демократия «шакли махсуси сохтори ҳар як ташкилоте мебошад, ки дар корҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳои муҳимми он аъзоёнаш ба таври баробар иштирок менамоянд[3]. Бешубҳа, демократияи ҳизбӣ, иттифоқи касаба, истеҳсолӣ ва оилавӣ дорои чунин мазмун мебошанд. Ба ибораи дигар, ҳар куҷое ки ташкилот, ҳокимият ва идоракунӣ дида шавад, он ҷо демократия метавонад арзи ҳастӣ намояд. Чунин шакли идоракунӣ ҳамчун «демократияи бевосита» ва ё «демократияи иштирок» номида мешавад. Чунин шакли идоракунӣ ҳанӯз дар давраи қадим ва ҳатто дар ҷомеаҳои ибтидоӣ ва ташкилотҳои авлодӣ низ ба мушоҳида мерасид.

Ғайр аз фаҳмиши этимологӣ, инчунин демократия дар маъноҳои дигар низ шарҳ дода мешавад. Дар маънои сеюм демократия ҷаҳонбиние мебошад, ки он ҳамчун низоми муайяни арзишҳо ва идеалҳои сохтори ҷамъиятӣ муаррифӣ мегардад. Ба идеалҳои арзишманди ҷамъиятӣ чунин арзишҳо, ба монанди озодӣ, баробарӣ, ҳуқуқи инсон, истиқлолияти халқ ва монанди инҳо дохил мегарданд. Чунин шакли идоракунӣ дар шароите амалӣ мегардад, ки дар он ҳокимияти аксарият дар доираи маҳдудиятҳои конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳуқуқҳои ақаллият барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсӣ кафолат дода мешавад. Дар чунин шароит озодии сухан ва озодии виҷдон ба воситаи қонун кафолат дода мешавад. Чунин шакли идоракунӣ дар адабиёти илмӣ демократияи либералӣ ва ё демократияи конститутсионӣ номида шудааст.

Демократия дар маънои чорум ҳамчун ҳаракати иҷтимоию сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсад ва идеалҳои демократӣ муаррифӣ мегардад. Ҳаракати мазкур аввалин маротиба дар Аврупо барои ба даст овардани баробарҳуқуқии оммаи заҳматкаш ва аз истисмор озод гардонидани онҳо ба вуҷуд омада, марҳила ба марҳила шумораи пайравонаш зиёд гардидааст. Дар замони муосир ҳаракатҳои демократӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд. Пеш аз ҳама, сотсиал-демократҳо, демократҳои христианӣ, ҳаракатҳои сотсиалистии муосир ва монанди инҳоро ба ин гурӯҳ дохил намудан мумкин аст.


[1] Гаджиев К.С. Политология (основной курс): Учебник. – М: Высшее образование, 2005. – С.105.[2] Аристотель. Политика. Афинская полития. – М.,1997.[3] Пугачев В.П. Введение в политологию: Учебник. 4-е изд., перераб. и доп. – М., 2003. – С.198.
407
Нет комментариев. Ваш будет первым!