ДЕМОКРАТИЯ ҲАМЧУН ШАКЛИ ҲОКИМИЯТ ВА ВОСИТАИ РАВАНДИ СИЁСӢ

Ҳар нафаре, ки ба мазмуни этимологии мафҳуми «демократия» назар афканад, онро ҳамчун «мардумсолорӣ» ва ё «ҳокимияти халқ» муаррифӣ менамояд. Зеро мафҳуми демократия аз калимаҳои юнонии demos- халқ ва kratos- ҳокимият ташкил ёфта, ҳангоми тарҷума ба забони тоҷикӣ маънои ҳокимияти халқро ифода менамояд. Аммо вақте ки мо бо таълимоти олимони италиявӣ М.Гаэтано ва В.Парето шинос мешавем, ҳеҷ гоҳ демократияро ҳокимияти халқ гуфта наметавонем. Ба ақидаи М.Гаэтано, чи дар шароити аристократӣ ва чи дар шароити демократӣ ҳокимият доимо аз дасти ақаллият ба дасти ақаллият мегузарад. В.Парето бошад, дар таълимоти худ исбот менамояд, ки «таърихи инсоният – ин таърихи аз дасти як элита ба дасти элитаи дигар гузаштани ҳокимият мебошад». Бинобар ин, мазмуни этимологии ин мафҳум мазмуни аслии демократияи муосирро ифода карда наметавонад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки мафҳумҳои «демос» ва «кратос» ҳанӯз дар аҳди қадим низ маъноҳои хеле зиёдро ифода менамуданд ва чунин гуногунмазмунӣ то имрӯз низ идома дорад.


1.11K
Нет комментариев. Ваш будет первым!