САЙИДОИ НАСАФӢ

САЙИДОИ НАСАФӢ Миробид (соли таваллудаш номаълум — вафоташ байни солҳои 1707—1711, Бухоро), шоири тоҷик. Зоҳиран, аҷдоди ӯ аз Насаф (Қаршӣ) буда, вале худаш дар Бухоро аз оилаи ҳунарманди қашшоқ ба дунё омадааст. Дар овони кӯдакӣ ва наврасӣ зиндагии пурмашаққат ва ғамангезе доштааст, ки байти зерин ба ин ҳолати ӯ ишораии равшане мебошад:

За мавҷи ашк охир пой дар занҷир хоҳам шуд.

Агар ин аст даврон, дар ҷавонӣ пир хоҳам шуд.

Сайидои Насафӣ дар Бухоро ба таҳсил шурӯъ карда, дар яке аз ҳуҷраҳои болохонаи мадрасаи масҷиди Лаби Ҳавзи Надир Девонбегӣ маскан гирифт ва то охири умр дар ин ҷо зиндагӣ кард. Ҳангоми таҳсил ба омӯзиши илмҳои фалсафа, ахлоқ, мусиқӣ, бадеъ ва ғайра, ки аз доираи илмҳои расмии Мадраса берун буданд, машғул шудааст. Зиндагии Сайидои Насафӣ дар замони таҳсили илм ва солҳои аввали хатми Мадраса нисбатан осоишта ва осудаҳолона мегузашт, зеро дар ин муддат ӯро дӯстонаш аз доираи ҳунармандон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекарданд. Маҳорати адабӣ ва эҷодии ӯ дар ҳамин давра такмил ёфт ва беҳтарин осори дилпазиру пурмазмунаш дар ин айём ба вуҷуд омаданд. Ашъораш ба зудӣ дар байни мардум паҳн гардида, ӯ ҳамчун шоири тавоно ном баровард. Сайидои Насафӣ шоири касбӣ гардид, вале барои шеъри худ аз байни табақаи ҳоким харидоре пайдо карда натавонист ва аз сабаби ҳеҷ гуна ёрии моддӣ надидан ба нодорӣ ва маҳрумияти зиёд дучор гардид.

Азбаски шоир дар Бухоро қадршиносии худро наёфт, дар ҷустуҷӯи мураббӣ ва таъмини маишат ночор ба шаҳрҳои дигари Мовароуннаҳр сафарзо кардааст. Сайидои Насафӣ баъди наздикӣ бо баъзе ҳокимон ва бо чашми худ дидани суханношиносии табақаи ҳокимон наумед гардида, дурӣ ҷустанро аз онон авлотар мешуморад. Вай монанди аксар аҳли фазлу адаби Мовароуннаҳри он давр ба андешаи муҳоҷирати Ҳиндустон низ афтода буд, лекин ба сабаби дил канда натавонистан аз ватан ва фаро расидани пирӣ аз ин нияти худ даст кашидааст:

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанӯз,

Такя чун сурат ба девори бадан додам ҳанӯз.

Кӯшишҳои бенатиҷа барои пайдо кардани талабгори шеър ва нафрат нисбат ба соҳибони ҷоҳу давлат Сайидои Насафиро дар айёми пирӣ ба гӯшанишинӣ водор намуд. Дар ин давра Сайидои Насафӣ ба ранҷу азоби зиёде гирифтор шуд: бо музди ночизи аз касби бофандагӣ ба даст даровардааш таъмини маишат карда наметавонист.
Ба пирӣ ва заифии худ нигоҳ накарда, гӯшанишиниро тарк кард ва аз нав ба миёни ҳамкасбон ӯ ҳаммаслакони худ — косибону ҳунармандон баргашт.

Бо вуҷуди зиндагии тоқатфарсо ва беэътиноию мамониатҳои зиёди ҳокимони замон Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмун ва рангине мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ҳисоб ёфта, мақоми шоистаи ӯро дар таърихи маданияти халқи тоҷик таъин намудаанд. Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мусаддасу мухаммасҳо, мустазоду муаммоҳо, рубоиёт, қитъаот, асари тамсилии «Баҳориёт», «Шаҳрошӯб» ва ғайра иборат буда, тақрибан 8500 байтро дар бар мегирад. Осори адабии Сайидои Насафӣ аз сабаби дар шаклҳои дилчаспу оммафаҳм инъикос намуданн матолиби ҳаётӣ ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш дар миёни мардум интишор ёфта, мавриди таваҷҷӯҳи суханшиносону донишмандони замон қарор гирифта буд. Шоир ва тазкиранигор Малеҳои Самарқанда аз мадорати шоирии Сайидои Насафӣ чунин монигорад: «Матлае нест, ки дар мақтааш номи ӯ пайваста набошад, ғазале нест, ки ӯ мухаммас набаста бошад. Ғазалҳои ғаррояш суханваронро санад аст ва мухаммасҳои раънояш гули сари сабад аст.

Шаҳрошӯбаш шӯрҳо дар бозорҳо андохта, рубоияш аркони абётро пардохта, қасоидаш — лангардор, маснавиаш — соҳибасрор, муқатаоташ — панд, мустазоди ӯ дилписанд, мувашаддаш — муаммо, луғазаш — рамзу имо, номатбуи ӯ матбӯъ, он чӣ гуфта ҳама маснӯъ. Ин мазкуротро бисёр хуб ва маънидор гуфта».

Ғазал қисмати асосии куллиёти Сайидои Насафиро ташкил мекунад. Сайидои Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маъруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва ҷиҳатҳои шаклии ин навъи шеър як қатор навигариҳо дохил кардааст (баъзе ғазалҳои ӯ то 26 байт расидаанд, ки ин аз ҳаҷми муқаррарии ғазал зиёд аст). Сайидои Насафӣ аз имкониятҳои ғазал моҳирона истифода бурда, бо вуҷуди пурра муроот намудани вазну қофия дар доираи ғазал мавзӯъҳои танқиди замон ва аҳли он, тарғиби касбу ҳунар ва кӯшишу кор, беқадрии аҳли илму адаб, ҳаёти тоқатфарсои гурӯҳҳои меҳнатии адолӣ, шарҳи вазъи хароби мамлакат, баёни ҳоли худ ва ғайраро ба тадқиқ гирифтааст. Қаҳрамони лирикии ғазалиёти Сайидои Насафӣ аз шахси ошиқ ба инсони рӯзгорӣ ва фарди ҷомеа табдил ёфта, бештар аз замон ва аҳли он, муҳити зиндагӣ, аҳволи халқу мамлакат ва дигар масъалаҳои вобаста ба воқеияти реалии давраш сухан гуфтааст. Вай аз муҳити тираи феодалӣ ба дод омада, ба муқобили беадолатиҳои рӯзгор ва ситами ҳукуматдорон шӯридааст. Дахолати Сайидои Насафӣ ба масъалаҳои гуногуни зиндагии инсон ва ҷомеа нишонаи алоқаи мустаҳками ӯ ба ҳаёт аст. Ин муносибати шоир ба зиндагӣ бештар бо роҳи танқиди иллатҳот он ифода шудааст. Сайидои Насафӣ, махсусан, ба муқобили носозии айёму нооромии аъзои замон, ҷабру ситами табақаи ҳоким нисбат ба халқи меҳнаткаш ва ғайра садои худро баланд карда, ба ғазалиёташ оҳанги буррои иҷтимоӣ бахшидааст. Дар ғазалиёти Сайидои Насафӣ зиндагии шахсии шоир бо баъзе ҷузъиёташ ба тарзи реалӣ инъикос ёфтааст: зиндагии фақирона, мӯҳтоҷиву тангдастӣ, хонаи холӣ аз чизу чора, сару либоси даридаи шоир ва ғайра аҳвол ва сурати ӯро чун яктан аз мардуми оддии бенаво нишон медиҳанд. Шоир тақдири ғамангези худро бо тақдири фоҷиавии тамоми халқ вобаста тасвир менамояд. Вай на танҳо бо образ ва тарзи зиндагии дар ғазалиёташ акс намудаи худ ба халқи оддӣ нисбат дорад, балки инчунин дар мафкура ва ҷаҳонбинӣ низ бо вай ҳамраъӣ ва хамсаҳо гардидааст. Вай дар эътирози иҷтимои ва қиёми худ бар зидди синфи ҳоким аз мавқеи мардуми меҳнаткаш баромад карда, нафрати халқи мазлумро нисбат ба истисморгарон ифода кардааст. Муносибати Сайидои Насафӣ ба аҳли ҷоҳу сарват муносибати табақаи «поён» ба табақаи «боло», нуқтаи назари мардуми оддии меҳнаткаш нисбат ба гуруҳҳои «болонишин»-и муфтхӯру истисморгар мебошад. Сайидои Насафӣ аз ҷумлаи он адибонест, ки бо роҳи панду насидат ҳукуматдоронро ба риояи хотири халқи мазлум ва мардумиву раиятпарварӣ ташвиқ намудаанд. Дар эҷодиёти ӯ ҳимояи манфиатҳои халқи мазлум бо роҳи танқиди беамони давлатдорон сурат гирифтааст. Инъикоси бадеии мавзӯоти, зикршуда, дастгирии бевоситаи мардуми муҳтоҷу бенаво, пайравии Сайидои Насафӣ ба маслаки ҷуду сахо, (ҷавонмардӣ), «дили хунин» ва «оинаи пурдоғ»-и инсони афтодаро зиёратгоҳи муқаддаси аз Каъба беҳ донистан — саҷдаи инсон ва ғайра ӯро дар назар чун гуманисти бузург ҷилвагар месозанд. Нуқтаи басо муҳими эҷодиёти Сайидои Насафӣ боварии ӯ ба қудрати азими халқ мебошад. Ӯ аҳли ситамро огоҳ менамояд, ки ҳар кӣ ба душмании халқ кор кунад, ногузир сари худро мехӯрад:

Ҳар ки бо душманин халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Баробари ин дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ ғояи иттиҳоду ягонагии халқ низ ба василаи асари тамсилии «Баҳориёт» (соли таълифаш 1679) таъкид гардидааст. Ин асар дар шакли мунозираи 18 ҳайвон — муш, гурба, саг, гусфанд, гург, гов, шутур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу, паланг, фил, карк, шер ва мӯрча сохта шудааст. Ҳар як ҳайвон (ба ғайр аз муш) хислатҳои бади ҳайвони пештаромадаро таъкид карда, баъдан ба баёни сифатҳои неку хислатҳои хуби худ мепардозад. Мазмуну мундариҷаи зоҳирии «Баҳориёт» хеле оддӣ — афсона дар бораи ҳанвонҳо ба назар мерасад. Вале дар асл он инъикоскунандаи маънӣ ва мазмунҳои амиқ ва афкори сиёсиву иҷтимоии шоир ба тариқи рамз аст. Дар образи ҳайвонҳо Сайидои Насафӣ хислатҳои хоси намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъияти замони худро инъикос намуда, гурӯҳҳои меҳнаткаши аҳолиро («мӯрчагонро»), ки бо вуҷуди нотавонӣ ва нодорӣ ҳамеша машғули кор буда, неъматҳои моддӣ истеҳсол менамоянд, нисбат ба дигар табақаҳои ҷамъиятӣ афзалтар мешуморад. Дар анҷоми «Баҳориёт» баъди мубоҳисаи шер ва мӯрча тамоми ҳайвонҳо ҳақ будани суханони мӯрчаро эътироф мекунанд ва аз худситоиҳояшон пушаймон мешаванд.

Дар осори Сайидои Насафӣ гузашта аз мафкураву ҷаҳонбинни мардуми меҳнатӣ зиндагӣ ва кори онҳо низ инъикоси бевоситаи худро ёфтааст. Дар куллиёти ӯ ҳашт манзумаи маснавӣ (700 байт) мавҷуд аст, ки дар онҳо шоир касбу кори ҳунармандӣ ва ҳунармандон (баққол, нонво, таштгар, қассоб, наҷҷор, наққош, шустагар ва дигарон)-ро мавриди тасвиру тавсиф қарор додааст, ки онҳоро шартан «шеърҳои ҳунармандӣ» метавон ном кард. «Шеърҳои ҳунарматадӣ»-и Сайидои Насафӣ дар асоси омезиши хусусиятҳои маснавӣ ва қасида офарида шуда, дар назми тоҷик аз ҷиҳати шакл ва мазмун собиқа надоранд. Тавассути «шеърҳои ҳунармандӣ» инсони меҳнаткаш бо зиндагии муқаррарӣ, кору бори ҳаррӯзааш мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст. Хусусияти дигари ин шеърҳо дар он аст, ки Сайидои Насафӣ дар таърифу тавсифи ин ё он ҳунар аз калимаву истилоҳоти касбҳо, аз воситаҳои тасвири бадеӣ, инчунин забони зиндаи гуфтугӯии халқ моҳирона истифода кардааст. Асари дигари ба «шеърҳои ҳунармандӣ» аз ҷиҳати мавзӯъ наздики Сайидои Насафӣ «Шаҳрошуб» мебошад. Ин асар аз ғазале дар васфи чарчинфурӯш шурӯъ мешавад. Баъд аз ин дар доирап шеърҳои хурд (аз 1 та 5 байт) намояндагони 212 касбу ҳунари гуногун, аз қабила заргар, ҳалвогар, қаннод, кулолӣ, дарзӣ, кафшдӯз, тоқидӯз, баққол, камонгар, саройбон, мӯзадӯз, нонфурӯш, деворзан, ошпаз, хаймадӯз, танобӯрӣ, собунпаз, дегрез, кӯҳнадӯз, гуштингир, дуктарош, гадо, подачӣ, бандбоф, осиёбон, наҷҷор, оҳангар, мусаввир, котиб, даллол, намакфурӯш, мактабдор, заршӯй ва дигарон ба тариқи ҳазлу мутоиба васф шудаанд. Сайидои Насафӣ дар ин шеърҳо калимаву истилоҳоти касбҳо, санъати бадеии иҳомро ба таври фаровон истифода кардааст. “Шаҳрошуб”-и Сайидои Насафӣ барои омӯзиши лексикан соҳавии замони шоир аҳамияти калон дорад. Он материали фаровони этнографиро дар бар мегирад. Як ҷузъи осори адабии Сайидои Насафӣ махаммасот мебошанд, ки аз ҷиҳати миқдор баъд аз ғазалиёти ӯ қарор доранд. Сайидои Насафӣ ба ғазалҳои баландмазмуну хушоҳанги Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Назирӣ, Урфӣ, Ваҳшӣ, Мӯҳташам ва аз ҳама бештар ба ғазалҳои Соиб мухаммас бастааст. Дар таърихи адабиёти тоҷик Сайидои Насафӣ яке аз устодони ин навъи шеър эътироф гардидааст. Дар куллиёти Сайидои Насафӣ якчанд манзумаҳои хурд (маснавиҳо) дар мавзӯъҳои гуногун, аз қабили сифати шаҳри Бухоро ва чорбори Боқиҷон, мазаммати дузд, тасвирн сармои зимистон ва гармои тобистон, баёни баъзе воқеоти таърихии давр мавҷуданд, ки барои равшан сохтани лаҳзаҳои ҳаёти шоир ёрӣ мерасонанд.

Хусусияти умдаи эҷодиёти Сайидои Насафӣ пайванди ҳарҷонибаи он бо зиндагӣ ва мароми халқ аст. Осори Сайидои Насафӣ дар баробари инъикоси мавзӯъҳои ҳаётиву афкори иҷтимоӣ ва тарбиявию ахлоқӣ дар шаклу воситаҳои ифодаи бадеӣ низ аз сарчашмаи халқӣ шодоб гардидааст. Сайидои Насафӣ кӯшидааст тарзи баёнаш соддаву оммафаҳм бошад. Ӯ дар ашъораш зарбулмасалу мақолҳо, таъбироту калимоти халқиро ба таври васеъ мавриди истифода қарор додааст. Дар бобати наздик кардани забони шеър бо забони зиндаи гуфтугӯии халқ ягон шоири тоинқилобии тоҷик бо Сайидои Насафӣ қобили муқоиса нест. Сайидои Насафӣ аз санъатҳои бадеии маъмули шеъри адабиёти классикии форс-тоҷик эҷодкорона истифода кардааст. Дар эҷодиёти ӯ мо санъатҳои нави бадеӣ, ба маънӣ ва мазмунҳои нав истифода шудани образҳои бадеии шамъу парвона, ошиқӯ маъшуқ, гулу булбул ва ғайраро мушоҳида мекунем. Эҷодиёти Сайидои Насафӣ дар замони зиндагиаш на танҳо дар Мовароуннаҳр, балки дар Хуросон, Эрон ва Ҳиндустон низ паҳн гардида, мавриди таваҷҷӯҳи аҳли адаб ва шеърдӯстони ин кишварҳо қарор гирифта буд. Сайидои Насафӣ бо осори гаронбаҳояш ба ҷараёни баъдинаи инкишофи адабиёти тоҷикзабони Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон таъсири муфиде расонидааст.


Осор: Асарҳои мунтахаб, Душанбе, 1977.

1.17K
Нет комментариев. Ваш будет первым!