Типологияи ҳизбҳои сиёсӣ
Ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон хеле гуногунранг мебошанд. Истифодаи типологияи ҳизбҳои сиёсӣ имкон медиҳад, ки гуногунрангии онҳо мушаххас ва муайян карда шавад. Зеро навъи ҳизб аломат ва нишонаҳои мавҷудаи гурӯҳи муайяни ҳизбҳои сиёсиро инъикос менамояд. Ба ибораи дигар, ҳангоми ба навъҳо ҷудо намудани ҳизбҳои сиёсӣ аломат ва нишонаҳои асосии он ба инобат гирифта мешаванд. Инчунин, меъёрҳои мухталиф низ метавонанд асоси типологияро ташкил диҳанд.
Бинобар ин, ҳизбҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, аз рӯйи тамоюлоти сиёсию идеявии худ ба ҳизбҳои коммунистӣ, сотсиал-демократӣ, либералӣ ва консервативӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин, ҳизбҳое, ки дар фаъолияти худ ба таълимоти динию миллӣ такя менамоянд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Фаъолияти идеологии ҳизб нақш ва мавқеи онҳоро дар майдони сиёсӣ муайян менамояд. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯйи самти идеологии худ инчунин ба ҳизбҳои «чапгаро», «марказгаро» ва «ростгаро» тақсим мешаванд. Ҳизбу ҳаракатҳои чапгаро ҷонибдори ташкили шакли коллективии ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсати мукаммали иҷтимоӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошанд. Ба ақидаи чапгароён, давлат дар танзим ва назорати ҷомеа бояд нақши фаъол дошта бошад. Дар адабиёти илмӣ коммунистон ва сотсиалистонро ба ҳизбу ҳаракатҳои чапгаро дохил менамоянд. Аммо фардгароӣ, озодӣ, моликияти хусусӣ ва рақобат арзишҳои марказии ҳизбҳои ростгаро мебошанд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, либералҳо ва консерваторон дохил карда мешаванд.
Ғайр аз ин, ҳизбҳои сиёсӣ дар муносибат бо тартиботи мавҷуда ва инчунин аз рӯйи мақсад ва вазифаҳои худ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд:
- ҳизбҳои инқилобӣ – кӯшиш менамоянд, ки ҷомеаро ба таври сифатӣ ва иртиҷоӣ дигаргун созанд;
- ҳизбҳои реформистӣ – кӯшиш менамоянд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро бе дигаргунсозии сохтори давлатӣ ташаккул ва ё тағйир диҳанд;
- ҳизбҳои консервативӣ – кӯшиш менамоянд, ки шакли мавҷудаи ҳаёти ҷамъиятӣ нигоҳ дошта шавад;
- ҳизбҳои реаксионӣ – кӯшиш менамоянд, ки сохтор ва тартиботи ҷамъиятии пештар мавҷудбударо барқарор намоянд.
Ғайр аз ин ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯйи хусусиятҳои фаъолияти худ ба ҳизбҳои авангард[1] ва ҳизбҳои парлумонӣ ҷудо карда мешаванд. Ҳизбҳои парлумонӣ ба даст овардани ҳокимиятро бо интихобот алоқаманд намуда, ташкили интихоботро аз муассисаҳои намояндагӣ вобаста медонанд. Чунин навъи ҳизбҳо дар раванди гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ фаъолиятҳои ташкилотчигии худро дар амал татбиқ намуда, кӯшиш менамоянд, ки сиёсати худро ба воситаи парлумон ва ё ҳукумат дар амал татбиқ намуда, бо ин роҳ шумораи имконпазир ва барзиёди мандатҳои парлумониро ба даст оваранд. Дар чунин шароит фраксияҳои парлумонии ҳизб ва депутатҳои мавқеи иҷтимоияшон гуногун аз доираи васеи салоҳиятҳо бархӯрдор буда, дар ҳалли тамоми масъалаҳо, аз ҷумла масъалаҳои дохилиҳизбӣ, нақши муҳим мебозанд.
Ҳизби авангард барои ба даст овардани мандатҳои парлумонӣ мубориза барад ҳам, он инчунин як қатор фаъолиятҳои ғайрипарлумониро низ анҷом медиҳад. Ҳизбҳои авангард ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ аҳамияти махсус дода, дар асоси ҷаҳонбинии идеологӣ ташаккул меёбанд.
Инчунин, ҳизбҳо дар низоми ҳокимияти давлатӣ мавқеъҳои гуногунро ишғол менамоянд. Аз рӯйи чунин меъёр ҳизбҳои сиёсии ҳукмрон ва оппозитсиониро аз ҳам фарқ менамоянд. Ҳизбҳои ҳукмрон дар интихобот ғолибият ба даст оварда, ҳукуматро ташкил медиҳанд. Оппозитсияи ҳизбӣ шумораи муайяни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсие мебошанд, ки барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ мубориза мебаранд. Фаъолиятҳои оппозитсионӣ метавонад чи дар доираи парлумон ва чи берун аз он амалӣ карда шаванд. Бинобар ин, оппозитсияи парлумонӣ ва ғайрипарлумониро аз ҳам фарқ мекунанд.
Оппозитсияи ҳизбӣ метавонад сохтори конститутсионии давлат ва ҷомеаро эътироф ва ё инкор намояд. Аз ин рӯ, опозитсияи ҳизбӣ аз рӯйи чунин меъёр ба оппозитсияи системавӣ ва ғайрисистемавӣ ҷудо карда мешавад. Оппозитсияи ғайрисистемавӣ арзишҳои ҷамъиятию сиёсии мавҷударо пурра ва ё қисман инкор менамояд. Оппозитсияи ғайрисистемавӣ кӯшиш менамояд, ки боварии мардумро барҳам занад ва ҳолати легитимии ҳокимияти давлатиро рӯ ба завол орад. Методи мазкур ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ аз ҷониби оппозитсияи ғайрипарлумонӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
[1] Авангард (фр. avant-garde – қӯшуни пешсаф) қисми ҳарбие мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ намудан аз зарбаҳои душман дар сафи пеши муҳориба қарор мегирад. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳизбҳои дорои мавқеи мустаҳкамро ҳизбҳои авангард меноманд.