Низоми мавҷудияти раванди сиёсӣ
Бояд гуфт, ки ҳимояи манфиатҳои гуруҳӣ ва қонеъ сохтани талаботи қишрҳои гуногуни ҷомеа моҳияти аслии раванди сиёсиро ташкил медиҳад. Чигунагии ҳимояи манфиатҳо ва қонеъ сохтани талаботҳо аз низоми мавҷудияти раванди сиёсӣ вобастагии зиёд дорад. Дар адабиёти илмӣ се навъи асосии низоми мавҷудияти раванди сиёсӣ муайян карда шудааст: низоми қобили амал; низоми рӯ ба инкишоф; низоми рӯ ба таназзул.
Низоми қобили амал муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар байни шаҳрвандон ва давлат, элитаи ҳукмрон ва оммаи мардум ба амал меоянд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар чунин шароит ба анъанаҳои мавҷуда такя намуда, ҳеҷ гуна навовариеро лозим намешуморанд. Элитаи ҳукмрон бошад, механизми ҳукмронии ба ҳукми одат даромадаро истифода намуда, алоқаҳои сиёсиро дар асоси он ташаккул медиҳад.
Дар низоми рӯ ба инкишоф ҳокимияти давлатӣ кӯшиш менамояд, ки сиёсати расмиро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар идоракунии ҷомеа усулҳои беҳтару хубтареро истифода намояд, то ки ҳукмронии худро ба талаботи дигаргуниҳои дохилӣ ва арсаи байналхалқӣ ҷавобгӯ гардонад. Аммо рушду инкишофи сиёсӣ хоҳу нохоҳ муборизаи неруҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷараёнҳои идеологиро ба вуҷуд меоварад. Масалан, баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ давлатҳои Аврупои Ғарбӣ сиёсати худро баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барҳам задани ихтилофҳои ҷомеаи сармоядорӣ ва мустаҳкам намудани танзими давлатии соҳаи иқтисод равона намуда буданд. Махсусан, буҳрони нафтие, ки соли 1973 дар зери таъсири сиёсати хориҷии давлатҳои араб ба вуқӯъ омада буд, мамлакатҳои Ғарбро маҷбур намуд, ки дар таҷрибаҳои давлатдории худ барои ҳифзи захираҳои стратегӣ технологияҳои наверо ҷорӣ намоянд. Чораандешии саривақтӣ нисбат ба таҳдидҳои бавуқӯъоянда ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон имкон медиҳад, ки худро ба шарту шароитҳои нав мутобиқ намуда, буҳронҳои баамалояндаро бартараф намоянд ва худро аз буҳронҳои сиёсӣ эмин нигоҳ доранд.
Низоми рӯ ба таназзул бошад, тамоюлоти марказгурезиро ба вуҷуд оварда, ҳамгироии сиёсиро барҳам мезанад, ки дар натиҷа умумияти сиёсӣ рӯ ба завол меорад. Қарорҳои сиёсие, ки аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ қабул мегарданд, саривақт иҷро намешаванд ва дар чунин шароит ҳокимият боварии мардумро аз даст дода, ба буҳрони сиёсӣ гирифтор мешавад. Тақдири мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки роҳбарияти он барои бартараф намудани таҳдидҳои нави замона қарорҳои мувофиқ қабул карда натавонистанд, ба чунин навъи раванди сиёсӣ мисол шуда метавонанд.