Навъҳои сарварӣ
Сарварӣ ҳамчун механизми таъсиррасонӣ ба оммаи мардум навъҳои мухталиф дорад. Гуногунрангии сарварӣ, пеш аз ҳама, аз табиати иҷтимоию сиёсии сарварон вобаста аст. Дар илмҳои сиёсӣ ҳамаи сарварони сиёсиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо менамоянд: сарварони одӣ (муқаррарӣ) ва сарварони бузург (сарварони қаҳрамон ва сарварони золим). Гурӯҳи аввал сарварони муқаррарӣ буда, дар таърих ҳеҷ нақше аз худ боқӣ намегузоранд. Зеро онҳо раванди муқаррарии ҳодисоту воқеотро тағйир дода наметавонанд. Аммо сарварони бузург нисбат ба сиёсат дидгоҳи шахсии худро дошта, кӯшиш менамоянд, ки ақидаҳои хешро дар амал татбиқ созанд ва вазъияти иҷтимоию сиёсиро тағйир диҳанд.
Вобаста ба муносибати роҳбар бо тобеон сарварони авторитарӣ ва демократиро низ аз ҳам фарқ менамоянд. Сарварони авторитарӣ бо роҳи тарсонидан ва зӯроварӣ ба дигарон таъсир мерасонанд. Сарварони демократӣ манфиатҳои аъзоёни гурӯҳ ва ё ташкилотро ба инобат гирифта, онҳоро барои иҷрои корҳои мухталиф сафарбар менамоянд.
Мутафаккири италиявӣ Никколо Макиавелли (1469-1527) сарварони сиёсиро ба ду навъи асосӣ ҷудо намудааст: шерон ва рӯбоҳон. Шерон ҷасуру нотарсанд, аммо онҳо наметавонанд хатарро сари вақт эҳсос намоянд. Бинобар ин, дар сиёсат рӯбоҳон муваффақияти бештар пайдо менамоянд. Рӯбоҳон фиребгарони хеле моҳир, ҳиллагар ва дурӯя мебошанд. Рӯбоҳон зоҳиран дар назари мардум хеле ғамхор, ростқавл, некукор, тақводор ва софдил менамоянд, аммо ботинан, агар лозим шавад, хислатҳои баръаксро соҳиб мегарданд.
Н.Макиавелли консепсияи махсуси сарварии сиёсиро ташаккул додааст. Ӯ дар таълимоти худ қайд менамояд, ки сарвари сиёсӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳатто метавонад аз арзишҳои ахлоқӣ низ даст кашад. Ба андешаи ӯ, сарвари сиёсӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳукмронии худ тамоми воситаҳоро метавонад истифода намояд: ба хотири ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият Макиавелли ба сарварон тавсия медиҳад, ки куштор, суиқасд, заҳролуд карда нест намудани душман барин воситаҳоро ба таври васеъ истифода намояд. Бинобар ин, номи Макеавелли дар илмҳои сиёсӣ бо мафҳумҳои «маккории сиёсӣ» ва «аморализм» ҳаммаъно дониста мешавад. Вақте дар бораи макиавеллизми сиёсӣ сухан меронанд, ахлоқи пасти сарварони сиёсӣ дар назар дошта мешавад.
Аммо мутафаккири немис Макс Вебер (1864-1920) баръакс дар таълимоти худ сарварии сиёсиро аз нуқтаи назари ахлоқ шарҳ медиҳад. Ӯ ба худ чунин савол медиҳад: чӣ гуна одам метавонад ҷараёни воқеот ва ҳодисотро тағйир диҳад[1]. Ба андешаи М.Вебер, майлу рағбати зиёд нисбат ба сиёсат, эҳсоси масъулият ва дурандешӣ хислатҳои муҳимми сарвари сиёсӣ мебошанд. Бо майлу рағбати зиёд анҷом додани корҳои сиёсию давлатӣ қонунияти аввали сарварӣ мебошад. Аммо, агар сарвар масъулият ва ҷавобгариро дарк нанамояд, ӯ муваффақият пайдо карда наметавонад. Аммо хислати муҳимми психологии сарвар ин дурандешӣ мебошад, ки майлу рағбатро бо масъулиятшиносӣ мепайвандад. «Дурандешии сарвар қобилияте мебошад, ки ӯ бо неруи ботинии худ ва ҷаҳонбинии сиёсии худ ба воқеияти сиёсӣ таъсиррасонӣ намуда, фосилаи худро дар муносибат бо дигарон риоя менамояд»[2].
Дар навбати худ М.Вебер, сарварони сиёсиро ба се навъи асосӣ ҷудо намудааст: сарвари анъанавӣ, сарвари харизматикӣ ва сарвари ратсионалию легалӣ.
– Сарварони анъанавӣ ҷомеаро дар асоси урфу одатҳо ва меъёрҳои анъанавӣ идора менамоянд. Масалан, фарзанди монарх баъди марги падар монарх мешавад, ки дар чунин ҳолат характери меросӣ доштани ҳокимият ҳамчун анъанаи муқаддас арзёбӣ мегардад.
– Сарварони харизматикӣ ба воситаи қобилиятҳои фавқуллодаи худ ба одамон таъсиррасонӣ намуда, пеш аз ҳама, қодиранд, ки тамоми масъалаи бавуҷудомадаро самаранок ҳал намоянд. Ҳамаи сарварон дар ин ва ё он дараҷа характери харизматикӣ доранд.
– Сарварони ратсионалию легалӣ сарварони интихобию демократӣ буда, фаъолияти онҳо дар доираи қонун амалӣ мегардад ва ҳокимияти онҳо ба воситаи қонун маҳдуд карда мешавад. Ин навъи сарварон ҳамзамон мансабдор низ ҳисобида мешаванд. Зеро онҳо уҳдадоранд, ки вазифаҳои муайянро иҷро намоянд.
Сиёсатшиноси амрикоӣ Роберт Такер (1918-2010) се навъи сарварии сиёсиро аз ҳам фарқ намудааст: сарварони консерватор, реформатор ва инқилобчӣ.
Сарварони консерватор кӯшиш менамоянд, ки вазъияти мавҷудаи ҷомеа бетағйир нигоҳ дошта шавад. Онҳо ба воситаи барномаҳои сиёсии худ кӯшиш менамоянд, ки сабаби нигоҳ доштани сохтори сиёсии ҷомеаро асоснок намоянд (М.Тетчер, Л.И.Брежнев).
Сарварони реформатор усули сулҳҷӯёнаи идоракунии сиёсиро интихоб намуда, марҳила ба марҳила ба афкори ҷамъиятӣ таъсир расонида, оммаи мардумро ба зарурияти тағйиротҳои ҷузъӣ бовар мекунонанд.
Сарварони инқилобчӣ ба таври иртиҷоӣ ва инқилобӣ тағйир додани сохтори сиёсии ҷомеаро ҳадафи сиёсии худ қарор медиҳанд ва барои расидан ба мақсади худ ҳатто воситаҳои ғайриосоиштаи муборизаи сиёсиро ба кор мебаранд (В.И.Ленин).
Сиёсатшиноси дигари амрикоӣ Маргарет Херманн типологияи зерини сарвариро пешниҳод намудааст:
– сарвари парчамбардор. Ин навъи сарварон дар муносибат бо сиёсат ақидаи шахсии худро доро буда, мақсадҳои сиёсӣ ва роҳҳои амалӣ намудани онҳоро шахсан интихоб менамоянд;
– сарварони ходим (арбобони сиёсӣ). Ин навъи сарварон, пеш аз ҳама, манфиатҳои атрофиёни худро ҳимоя намуда, бо такя ба пайравони худ фаъолият менамоянд;
– сарварони бозаргон. Ин навъи сарварон кӯшиш менамоянд, ки оммаи мардумро бовар кунонанд ва барои расидан ба муваффақият онҳоро истифода баранд;
– сарварони сӯхторнишон. Чунин навъи сарварон вазъияти сиёсӣ ва талаботи сиёсии ҷомеаро зуд дарк намуда, дар ҳолатҳои фавқулода роҳҳои хубтару беҳтари ҳалли масъалаҳои мавҷударо пешниҳод менамоянд.
Сиёсатшиноси дигари амрикоӣ Гаролд Лассуэлл (1902-1978) дар муносибат бо рафтори сиёсии сарварон навъбандии худро чунин пешниҳод намудааст:
– сарварони агитатор (ташвиқотчӣ). Ин навъи сарварон кӯшиш менамоянд, ки ба воситаи хушгуфторӣ, санъати демагогӣ, рафтори хоссаи худ ва нутқи худ ба дигарон таъсир расонанд;
– сарварони организатор (ташкилотчӣ). Ин навъи сарварон тарбия ва интихоби мутахассисонро дар мадди аввал гузошта, барои мустаҳкам нигоҳ доштани мавқеи худ аз неруи онҳо истифода менамоянд;
– сарварони теоретик (назариячӣ). Ин навъи сарварон ба воситаи зеҳну тафаккури худ ва ҷаҳонбинии илмии худ ба рафтори дигарон таъсиррасонӣ менамоянд.
Баъзан дар амалияи сиёсӣ сарваронеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар рафтори онҳо ҳамаи хусусиятҳои дар боло номбаршуда дида мешаванд. Масалан, Ленин дар як вақт ҳам ташвиқотчӣ, ҳам ташкилотчӣ ва ҳам назариячии хуб буд.
Дар асоси муносибатҳои эмотсионалии пайравон ва атрофиёни сарвар, сарварони сиёсиро ба се навъи дигар ҷудо менамоянд:
– сарварони рӯҳонӣ. Дар муносибат ба чунин навъи сарвар аъзоёни ҷомеа дар як вақт ҳам меҳру муҳаббат ва ҳам тарсу даҳшатро эҳсос менамоянд;
– сарварони тиран. Дар муносибат бо чунин навъи сарварон доимо эҳсоси тарс ба мушоҳида мерасад;
– сарварони идеалӣ. Дар муносибат ба чунин навъи сарвар аз ҷониби аъзоёни ҷомеа доимо ҳусни таваҷҷуҳ ва хайрхоҳӣ эҳсос мегардад.
Яке аз намунаҳои беҳтарини сарвари идеалӣ сарвазири Ҳиндустон Индира Ганди (1917-1984) мебошад. Ӯ доимо кӯшиш намудааст, ки меъёрҳои муҳимми сарварии сиёсии ғайрииҷбориро ташаккул диҳад. Индира Ганди боварии комил дошт, ки сарвар ба воситаи меҳру муҳаббат ҳокимияти сиёсиро метавонад ба даст оварад. Ӯ роҷеъ ба ин масъала чунин гуфта буд: «Вақте сиришти инсон бо дониш мунаввар мегардад, меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба дигарон пайдо мешавад… Муносибати ғайризӯроварона ин оромӣ аст, аммо фаъолона ин амалро иҷро намудан ин муҳаббат аст. Сулҳу ваҳдат дар пояи меҳру муҳаббат побарҷост».
Сарварӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ба сифати муттаҳидкунандаи ҷанбаҳои сохторию вазифавӣ ва субъективию шахсӣ эътироф шудааст. Дар робита ба ин зикр намудан зарур аст, ки дар таъмини фаъолияти самараноки сарвар нақши пайравон хеле муҳим аст. Зеро онҳо маҳз ҳамон пуле мебошанд, ки робитаи байни сарвар ва ҷомеаро таъмин ва ногусастанӣ менамоянд. Дар ин раванд муайян намудани неруи зеҳнӣ ва созандагию ташаббускории пайравон муҳим буда, метавонад ба тақвияти нуфузи сарвар дар ҷомеа мусоидат намояд.
Дар адабиёти сиёсӣ се гурӯҳи пайравон ҷудо карда мешаванд:
Гурӯҳи якум пайравоне мебошанд, ки аз рӯйи неруи зеҳнӣ ва эҷодии худ нисбат ба имкониятҳои сарвар дар зинаҳои болотар қарор мегиранд. Чунин ҳолат метавонад боиси тасмими сарвар оид ба тағйир додани ҳайати пайравон гардад. Зеро дар чунин муҳит фаъолияти сарвар бениҳоят мушкил гашта, самаранокии сарварӣ таъмин карда намешавад.
Гурӯҳи дуюм гурӯҳи «баробарон» аст, ки неру ва имкониятҳои сарвару пайравон ба ҳам баробар мебошанд. Дар чунин муҳит баъзан қабули қарор тӯл мекашад, зеро ҳар як аъзои гурӯҳ исбот кардан мехоҳад, ки маҳз ӯ масъаларо хубу беҳтар медонад. Хусусияти фаъолияти ин гурӯҳ метавонад вобаста ба муносибати сарвар ба пайравон фарқ намояд – сарварони авторитарӣ метавонанд тавассути фишор пайравони худро идора намоянд ва мавқеи худро мустаҳкам созанд. Вале сарварони либералӣ дар чунин муҳит ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Новобаста ба вазъи баамаломада, ин гурӯҳи пайравон қодиранд, ба тақвияти мавқеъ ва нуфузи сарвар мусоидат намоянд.
Гурӯҳи сеюм ин гурӯҳи «иҷрокунандагони безабон» мебошад. Ин гурӯҳ аз рӯйи неруи зеҳнии худ аз сарвар дар сатҳи поёнтар қарор дошта, ягон намуд ташаббус ва навоварӣ аз худ нишон намедиҳад. Онҳо фақат ҳама супоришҳоеро, ки аз сарвар бармеоянд, бечунучаро иҷро намуда, ба моҳияти аслии онҳо, баъзан то ба охир сарфаҳм намераванд. Ин гурӯҳи пайравон хатари ҷиддие ба мавҷудияти ниҳоди сарварӣ ворид месозанд, зеро беташаббусӣ ва камфаъолиятӣ, бемаҳоратӣ ва неруи заифи зеҳнии онҳо имконият намедиҳад, ки ниҳоди сарварӣ доимо дар рушду такомул қарор гирад.
Муносибати байни сарвар ва пайравон наметавонад яктарафа бошад, фақат ба сарвар нигаронида шуда бошад. Дар ин раванд бояд муносибати сарвар ба пайравон ҳам дар мадди назар бошад. Аз ин нуқтаи назар, сарварони авторитарӣ, демократӣ ва либералиро аз ҳам фарқ менамоянд.
[1] Баъзан ҷомеашиносон қайд менамоянд, ки байни сиёсатшинос ва сиёсатмадор чӣ гуна фарқият дида мешавад? Дар посух иброз медоранд, ки сиёсатмадорон касоне мебошанд, ки манзараи сиёсии ҷаҳонро тағйир медиҳанд, аммо сиёсатшиносон касоне мебошанд, ки дар бораи тағйиротҳои мазкур бо таҳлилҳои худ андешаронӣ менамоянд. Аммо, агар сиёсатмадор манзараи сиёсиро тағйир дода натавонад, ӯро сарвар номидан мумкин нест. Макс Вебер низ чунин ҳолатро ба инобат гирифта, ба саволи «чӣ гуна одам метавонад рафти воқеоту ҳодисотро тағйир диҳад?» посух мегардонад.[2] Вебер М. Политика как призвание и профессия // Антология мировой политической мысли. – Т.2. – М., 1997. – С.22.