Шаклҳои идоракунии давлат ва сохтори давлатӣ
Идомаи омӯзиши давлат бо масъалаи муайян намудани навъҳои давлат ва шаклҳои он алоқаманд мебошад. Пеш аз ҳама, бо назардошти сохтори иҷтимоию иқтисодии ҷомеа навъҳои таърихии давлат муайян карда мешаванд. Дар тӯли таърих дар натиҷаи тағйир ёфтани шакли истеҳсолот чунин навъҳои таърихии давлат ба вуҷуд омадаанд: давлатҳои ғуломдорӣ (давлатҳои ғуломдории осиёгӣ ва давраи атиқаро аз ҳам фарқ менамоянд), феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ. Ҳамзамон, типологияи мазкур аҳамияти маърифатӣ дорад ва барои дарки моҳияти давлат то андозае мусоидат менамояд. Аммо дар замони муосир барои таҳлил ва омӯзиши паҳлуҳои мухталифи давлат он нокифоя мебошад. Дар ҳаёти воқеӣ ва давраҳои гузариш навъҳои мухталифи давлат ба вуҷуд омадаанд, ки ба инобат гирифтани онҳо низ хеле муҳим мебошад.
Навъҳои давлатро аз шаклҳои давлат фарқ бояд кард. Тарзи дар амал татбиқ гардидани ҳокимияти давлатӣ ва роҳу воситаҳои ташаккули он меъёри асосии муайян намудани шаклҳои давлат мебошад. Шакли давлат ба воситаи се унсури асосӣ зоҳир мегардад: 1) шакли идораи давлатӣ; 2) шакли сохтори давлатӣ; 3) режими сиёсӣ. Ду унсури аввал сохтор ва таркиби давлатро муайян менамоянд, аммо режими сиёсӣ шакли амалишавии ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.
Шаклҳои идоракунии давлат. Шакли идоракунии давлат ифодагари тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ, инъикоси сохтор ва тартиби амалишавии муносибатҳои мутақобилаи мақомоти олии давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон мебошад. Одатан, давлатҳоро аз рӯйи шакли идоракуниашон ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд: монархӣ ва ҷумҳуриявӣ.
Монархия[1] шакли идоракуние мебошад, ки дар он ҳокимият пурра ва ё қисман дар дасти сарвари давлат нигоҳ дошта мешавад. Ҳокимияти подшоҳон, императорон, монархҳо, султонҳо ва амирони асримиёнагӣ маҳз дар шакли идоракунии монархӣ ташаккул дода мешуд. Ҳокимияти монарх одатан хусусияти меросӣ дошта, аз насл ба насл интиқол дода мешавад ва он аз ҳеҷ яке аз неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва интихобкунандагон вобаста нест. Сарвари давлати монархиявӣ ба муҳлати номуайян идоракуниро ба роҳ монда, барои амалҳои худ низ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида намешавад.
Дар навбати худ, монархияи номаҳдуд (мутлақ) ва маҳдуд (конститутсионӣ)-ро аз ҳам фарқ менамоянд. Монархияи номаҳдуд ифодагари ҳокимияти мутлақи сарвари давлат мебошад. Монарх мустақилияти комил дошта, дар самти ташаккули мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ салоҳиятҳои номаҳдуд дорад. Бояд гуфт, ки монархияи мутлақ хосси ҷомеаҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ шуморида мешавад. Айни замон бошад, ба истиснои Арабистони Саудӣ, Қатар ва Умон дар амалияи сиёсӣ монархияи мутлақро мушоҳида намудан номумкин аст.
Дар шароити ҷомеаҳои капиталистӣ баъди ба вуҷуд омадани ҳуқуқи интихоботӣ, конститутсияҳо ва мураккаб гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳокимияти монархҳо маҳдуд карда шуда, монархияи конститутсионӣ ташаккул ёфтааст. Ба ибораи дигар, дар шароити монархияи конститутсионӣ ҳокимияти сарвари давлат ба воситаи қонуни асосӣ маҳдуд карда мешавад. Монархияи конститутсионӣ аз рӯйи он ки то кадом андоза ҳокимияти подшоҳро маҳдуд месозад, инчунин, дар навбати худ, ба монархияи конститутсионии дуалистӣ ва парлумонӣ ҷудо мешавад. Масалан, дар шароити монархияи конститутсионии дуалистӣ салоҳиятҳои сарвари давлат дар соҳаи қонунгузорӣ маҳдуд карда шуда, дар самти ташкили мақомоти ҳокимияти иҷроия хеле васеъ аст. Масалан, аъзои хукуматро пурра монарх таъйин менамояд ва ҳукумат низ бевосита ба монарх итоат менамоянд. Айни замон шакли идоракунии давлатии Иордания, Марокко ва Қувайт монархияи конститутсионии дуалистӣ мебошад.
Дар шароити монархияи конститутсионии парлумонӣ монарх ба таври расмӣ сарвари давлат эътироф гардида, аммо дар воқеият танҳо вазифаҳои намояндагиро иҷро менамояд. Ҳукумат аз ҷониби парлумон ташкил карда шуда, ба ӯ итоат менамояд. Дар чунин шакли идоракунӣ монарх танҳо подшоҳӣ менамояд, аммо идора карда наметавонад. Айни замон монархияи конститутсионии парлумонӣ дар Британияи Кабир, Шветсия, Дания, Испания, Белгия, Ҷопон ва як қатор давлатҳои дигар ба мушоҳида мерасад.
Таҳлил ва омӯзиши давлатҳои монархӣ нишон медиҳад, ки дар тӯли таърих ва махсусан дар амалияи сиёсии замони муосир шаклҳои дигари он низ мушоҳида мегарданд. Масалан, давлати монархие, ки сарвари он дорои ҳокимияти динист, чун анъана онро монархияи теократӣ меноманд. Инчунин, айни замон, монархияҳои интихобшударо низ мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, Малайзия ва Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар он якчанд монарх муттаҳид гардида, сипас аз миёни худ якеро ҳамчун ҳоким интихоб менамоянд.
Дар баробари монархия як қатор давлатҳои дигаре, ки шакли идоракуниашон ғайримонархӣ мебошанд, давлатҳои ҷумҳуриявӣ ҳастанд. Ҷумҳурӣ ҳамчун шакли идоракунӣ давлате мебошад, ки дар он мақомоти олии ҳокимият интихобӣ буда, ивазшаванда мебошанд. Яъне, ба муҳлати муайян интихоб карда мешаванд. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ ҳанӯз дар ҷомеаҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ аз пайдоиши худ дарак дода буд, аммо рушду инкишофи он дар ҷомеаҳои капиталистӣ ба мушоҳида мерасад. Айни замон се навъи асосии ҷумҳуриро нишон медиҳанд: президентӣ, парлумонӣ ва омехта (нимпрезидентию нимпарлумонӣ).
Дар шароити мавҷудияти ҷумҳурии президентӣ дар низоми мақомоти давлатӣ нақши президент хеле барҷаста мебошад. Президент дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроия мебошад. Президент тариқи овоздиҳии умумӣ интихоб карда мешавад. Ҳукумат аз ҷониби президент ташкил карда мешавад ва танҳо ба ӯ итоат менамояд. Аъзоёни ҳукумат одатан аз ҳисоби аъзоёни ҳизби дар интихоботи президентӣ ғолибомада таъйин мегарданд ва аз ин хотир баъзан таркиби сиёсии ҳукумат ва парлумон метавонанд бо ҳам мувофиқат накунанд. Аммо чунин ҳолат хеле кам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар интихоботи парлумонӣ низ доимо аъзоёни ҳизби ҳоким дар парлумон ҷойҳои бештарро соҳиб мегарданд.
Бори аввал шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар ИМА ҷорӣ гардида буд. Дар Аврупои Ғарбӣ ин шакли идоракунӣ мавқеи лозима пайдо накард. Аммо дар давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ, аз қабили Аргентина, Бразилия, Венесуэла, Боливия ҷумҳурии президентӣ ташаккул дода шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шакли идоракунии давлатӣ ҷумҳурии президентӣ мебошад.
Дар ҷумҳурии парлумонӣ ҳукумат аз ҷониби парлумон ташкил карда шуда, ҳамзамон тобеи вай мебошад. Парлумон метавонад нисбат ба ҳукумат изҳори нобоварӣ (вотум) зоҳир намояд, ки дар натиҷа ё ҳукумат истеъфо медиҳад ё парлумон пароканда гардида, зарурияти гузаронидани интихоботи пешазмуҳлат ба миён меояд. Дар ҷумҳурии парлумонӣ сарвари давлат президент ва раиси ҳукумат нафари дигар мебошад. Одатан, сарвазир раиси ҳукумат ба шумор рафта, дар сиёсат мавқеи аз ҳама баландтар дониста мешавад. Президент дар сиёсат мавқеи хоксорона дошта, вазифаҳои намояндагиро иҷро менамояд. Раиси ҳукумат аз ҷониби парлумон ба муҳлати муайян интихоб мегардад. Айни замон Италия, Олмон, Ҳиндустон, Туркия, Исроил, Латвия, Эстония, Қирғизистон ва чанде давлати дигар ҷумҳуриҳои парлумонӣ мебошанд.
Инчунин, дар амалияи сиёсӣ шакли идоракунии омехтаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Онро баъзан шартан нимпрезидентию нимпарлумонӣ меноманд. Зеро дар шароити идоракунии омехта ҳукумат ҳам тобеи президент ва ҳам тобеи парлумон мебошад. Яъне, ин шакли идоракуние мебошад, ки дар он фаъолияти ҳукумат ҳам аз ҷониби президент ва ҳам аз ҷониби парлумон назорат карда мешавад. Шакли идоракунии омехта айни замон дар Фаронса, Австрия, Финляндия, Булғористон, Полша ва як қатор давлатҳои дигар дида мешавад.
Шакли сохтори давлатӣ. Шакли сохтори давлатӣ таркиби ҳудудии давлатро инъикос намуда, хусусиятҳои ҳокимияти маҳаллӣ, минтақавӣ ва марказиро ифода менамояд. Айни замон шаклҳои сохтори давлатиро ба се навъи асосӣ ҷудо менамоянд: унитарӣ, федеративӣ ва конфедеративӣ.
Давлати унитарӣ ин давлати ягона ва муқаррарие мебошад, ки ба монанди давлатҳои дигар аз воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ташкил ёфтааст. Воҳидҳои маъмурию ҳудудии давлати унитарӣ тобеи ҳокимияти марказӣ буда, мустақилияти сиёсӣ надоранд. Давлати унитарӣ дорои конститутсияи ягона, системаи ягонаи ҳуқуқӣ, низоми ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми ягонаи идоракунӣ ва низоми ягонаи шаҳрвандӣ мебошад. Айни замон Фаронса, Шветсия, Дания, Туркия, Эстония, Белорус, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар давлатҳои унитарӣ мебошанд. Аз рӯйи таркиби миллӣ ҳиссаи бештари аҳолии аксари давлатҳои унитариро намояндагони як миллат ташкил медиҳанд. Аммо ба таври истисно дар баъзе аз давлатҳои унитарӣ намояндагони якчанд халқияту миллатҳо ҳиссаи бештар доранд. Яъне, дар чунин шароит намояндагони ҳеҷ яке аз халқияту миллатҳо наметавонанд ҳатто нисфи аҳолиро ташкил диҳанд. Бинобар ин, дар як қатор давлатҳои унитарӣ, аз қабили Италия, Испания, Ветнам, Чин ва монанди инҳо ҳудудҳои худмухтор арзи ҳастӣ менамоянд.
Федератсия воҳидҳои давлатии муттаҳидшудаеро дар бар мегирад, ки ҳар як воҳиди он то як андоза мустақилияти сиёсӣ дорад. Дар шароити федератсия дар баробари мавҷудияти конститутсияи федералӣ, ҳокимияти олӣ ва низоми ҳуқуқии федералӣ, воҳидҳои алоҳидаи федератсия низ метавонанд конститутсия, парлумон, шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии худро дошта бошанд.
Бо мақсади хубтару беҳтар ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангӣ, миллӣ ва ҳудудии умумиятҳои гуногун давлатҳои федералӣ ташкил карда мешаванд. Федератсия ҳам дар асоси меъёрҳои ҳудудию маъмурӣ ва ҳам дар асоси меъёрҳои ҳудудию миллӣ ташкил карда мешавад. Айни замон давлатҳои ИМА, Канада, Олмон, Мексика, Бразилия, Белгия, Русия ва як қатор кишварҳои дигар давлатҳои федералӣ мебошанд. Дар аксари мавридҳо воҳидҳои федералӣ ҳуқуқи аз ҳайати федератсия берун шуданро надоранд. Зеро чунин амал на танҳо устуворӣ ва тамомияти марзу буми федератсияро халалдор менамояд, балки ба манфиатҳои ҳаётан муҳимми воҳидҳои дигари федератсия таҳдид эҷод менамояд.
Конфедератсия иттифоқи давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлоле мебошад, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ягонаи стратегӣ ташкил карда мешавад. Давлатҳои аъзои конфедератсия истиқлолияти сиёсӣ, низоми шаҳрвандӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии худро нигоҳ дошта, танҳо масъалаҳои ҳарбӣ, алоқа, нақлиёт ва сиёсати хориҷии худро дар доираи амалкарди иттифоқи байнидавлатӣ ҳал намуда, ба салоҳиятҳои он ворид менамояд. Меъёри ҳуқуқии ташкили конфедератсия шартномаҳои байнидавлатӣ мебошанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳалли як қатор масъалаҳое, ки ба салоҳияти конфедератсия дохил аст, метавонад дар ҳудудҳои узви он дар амал татбиқ карда нашаванд. Зеро давлатҳои аъзои конфедератсия соҳиби истиқлолияти сиёсӣ буда, метавонанд дар баъзе мавридҳое, ки манфиатҳои миллиашон зери таҳдид қарор мегиранд, амалҳои мақомоти конфедеративиро дар ҳудудҳои худ иҷозат надиҳанд.
Конфедератсия сохтори давлатии ноустувор мебошад. Он батадриҷ дар зери таъсири таҳаввулоти сиёсӣ ё ба федератсия табдил меёбад ва ё баръакс аз байн меравад. Конфедератсия ҳамчун шакли сохтори давлатӣ дар солҳои 1776-1787 дар ИМА, солҳои 1291-1848 дар Швейтсария, солҳои 1815-1867 дар Олмон, солҳои 1982-1989 дар Сенегамбия (дар натиҷаи муттаҳид гардидани Сенегал бо Гамбия) ба мушоҳида мерасид.
Ба ғайр аз унитаризм, федератсия ва конфедератсия дар тӯли таърих ва дар замони муосир як қатор шаклҳои дигари сохтори давлатӣ низ ба мушоҳида мерасанд, аз қабили протекторат, уния ва империя. Империя шакли давлатдорие мебошад, ки ҳудудҳои хеле васеъ, ҳокимияти пурқудрати марказонидашуда, мавҷудияти нобаробарӣ дар ташаккули низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, нобаробарии марказ ва маҳаллаҳои атрофи он, мавҷудияти гурӯҳҳои гуногуни фарҳангию этникӣ ва таркиби мураккаби аҳолӣ хосси он аст. Ҳамчунин, сиёсати ғосибӣ, зулму истибдод ва истисмори тобеон низ хосси империяҳо мебошад. Масалан, Империяи Рим, Империяи Рус, Империяи Англис ва монанди инҳо аз ҷумлаи чунин империяҳо мебошанд.
[1] Монархия аз калимаи юнонии monarchia гирифта шуда, маънояш яккаҳукмронӣ мебошад.