Режими демократӣ
Дар шароити режими демократӣ шаҳрвандони мамлакат сарчашмаи ҳокимият дониста мешаванд. Ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон интихоб гардида, интихобот ба таври озоду шаффоф баргузор мешавад. Ғайр аз ин, дар шароити режими демократӣ шаҳрвандон на танҳо ҳокимияти давлатиро интихоб менамоянд, балки имкони аз болои он назорат бурданро низ доранд. Пеш аз ҳама, васоити ахбори омма воситаи назорат аз болои ҳокимият ба шумор меравад. Зеро дар шароити режими демократӣ дар баробари ВАО-и давлатӣ, инчунин ВАО-и ғайридавлатӣ ва мустақил мавҷуданд. Таъсири ВАО-и мустақил дар ҷомеа хеле зиёд буда, онро дар аксар маврид ҳокимияти чорум меноманд. Воситаи дигари назорат аз болои ҳокимият фаъолияти ташкилотҳои оппозитсионӣ мебошад. Онҳо дар доираи қонун амал намуда, фазои гуногунандешии ҷомеаро таъмин менамоянд. Тақсими ҳокимият ба се шоха ва низоми ташаккулёфтаи парлумонӣ нишонаи дигари режими демократӣ мебошад. Дар шароити режими демократӣ идеологияи расмӣ мавҷуд аст, аммо гуногунрангии фазои идеологӣ низ метавонад арзи ҳастӣ намояд.
Хусусияти сарварии сиёсӣ дар режимҳои демократӣ аз навъи системаи сиёсӣ ва анъанаҳои ҷомеа вобаста мебошад. Дар чунин шароит шиори зерин моҳияти демократияро ифода менамояд: «Ҳама навъи фаъолият иҷозат дода мешавад, аммо дар доираи қонун».
Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар қонунҳо мустаҳкам гардонида шуда, дар амал татбиқ гардидани онҳо кафолат дода мешаванд.
Дар шароити режими демократӣ дар байни шаҳрвандон ва давлат масъулияти якҷоя арзи ҳастӣ менамояд. Яъне, қонун на танҳо шаҳрвандонро аз ҳокимият муҳофизат мекунад, балки ҳокимиятро низ аз шаҳрвандон ҳифз менамояд.