Вазифаҳои идеологияи сиёсӣ
Таъмини легитимияти ҳокимият яке аз вазифаҳои муҳимми идеологияи сиёсӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ба даст овардани боварии мардум ва эътиқоди онҳо нисбат ба системаи сиёсии мавҷуда, институтҳои сиёсӣ ва режими сиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳимми идеологияи сиёсӣ ба шумор мераванд.
Ғайр аз ин, идеологияи сиёсӣ вазифаҳои сафарбарнамоӣ ва ҳамгироии одамонро низ иҷро менамояд. Маҳз ба воситаи идеология одамон муттаҳид гардонида шуда, барои ҳимояи манфиатҳои умумӣ сафарбар карда мешаванд. Ягонагии идеологӣ одамонро дар атрофи арзишҳо ва идеалҳои умумӣ гирд оварда, ба як ҷамъияти сиёсӣ табдил медиҳад ва дар онҳо эҳсоси гурӯҳиро ташаккул медиҳад.
Идеологияҳо инчунин вазифаи танқидиро низ иҷро менамоянд. Ҳар як идеологияи сиёсӣ нисбат ба воқеияти сиёсӣ ва арзишҳои идеологияи бегона танқидро раво мебинад.
Ҳамчунин, идеологияи сиёсӣ вазифаи маърифатиро низ иҷро менамояд. Идеологияи сиёсӣ масъалаҳои алоҳида ва мухолифатҳои ҳаётиеро, ки мавҷудияти онҳо аз сохтори иҷтимоӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ вобастаанд, ба таври ногузир дар худ нигоҳ медорад. Бинобар ин, идеологияи сиёсӣ маҷмӯи донишҳо дар бораи мухолифатҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеа мебошад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба воситаи консепсияҳои идеологӣ воқеиятро дарк намуда, онро бо манфиатҳои иҷтимоию сиёсии худ мутобиқ месозанд.
Ҳангоми қабули барномаи сиёсӣ ва дар раванди дар амал татбиқ намудани он, вазифаи конструктивии идеологияи сиёсӣ ба осонӣ мушоҳида мегардад. Махсусан, ҳангоме ки идеалҳои сиёсӣ рафтори одамони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоиро тағйир медиҳанд ва иштироки фаъоли онҳоро дар раванди сиёсӣ таъмин месозанд, вазифаи конструктивии идеологияи сиёсӣ боз ҳам равшантар зоҳир мегардад. Зеро ба воситаи идеологияи сиёсӣ аъзоёни ҷомеа барои иҷроиши коре ва ё ҷонибдорӣ намудан аз қарори сиёсӣ пешакӣ омода карда мешаванд. Маҳз раванди идеалофарӣ, асоснок намудани онҳо ва ба ҷомеа пешкаш кардани идеалҳои мазкур моҳияти вазифаи конструктивии идеологияро ифода менамоянд.
Идеологияи сиёсӣ инчунин вазифаи меъёриро низ иҷро менамояд. Зеро идеологияи сиёсӣ дар худ маҷмӯи талаботҳои сиёсиеро нигоҳ медорад, ки барномаҳои амалӣ ва лоиҳаҳои сиёсӣ бо онҳо мувофиқ гардонида шуда, ба таври ҳатмӣ риоя карда мешаванд. Махсусан, дар давраи гузариш ва дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ идеология ба мушкилиҳои меъёрӣ рӯ ба рӯ мегардад. Зеро дар шароите, ки дар ҷомеа ислоҳоти гуногун ва ё равандҳои инқилобӣ амалӣ гардида истодаанд, ҷараёнҳои дигари идеологӣ хеле фаъол гардида, меъёрҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯро ба одамон пешкаш намуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд.
Ғайр аз ин, ба воситаи идеологияи сиёсӣ на танҳо мазмуни рафтори одамон асоснок карда мешавад, балки ояндаи неки онҳо ва рушду инкишофи мавзуни ҷомеа барин арзишҳо низ барои онҳо пешгӯӣ мегардад. Дар чунин шароит идеология вазифаи эмотсионалию психологиро иҷро намуда, майлу хоҳиши одамонро нисбат ба иҷроиши амру фармонҳо ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ дучанд мегардонад.
Идеологияҳои сиёсӣ иқтидори бузургеро соҳибанд, ки ба воситаи онҳо ба афкори ҷамъиятӣ доимо таъсири амиқ расонида мешавад. Маҳз идеологияи сиёсӣ барои ташаккули робитаи ҷамъиятӣ қодир буда, муносибатҳои мутақобила ва якдигарфаҳмии миёни ҷомеа ва элитаи ҳукмронро таъмин менамояд. Барои ташаккули иртиботи сиёсӣ миёни элитаи ҳукмрон ва табақаҳои гуногуни ҷомеа забон нақши хеле муҳим мебозад. Забони сиёсат низоми махсуси ифодаҳои рамзие мебошад, ки ба воситаи он инсон мавқеи худро дар ҷомеа муайян намуда, рафтори сиёсии худро назорат менамояд.
Ҳамин тариқ, то он замоне, ки дар ҷомеа табақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, идеология низ ҳамчун шакли махсуси тафаккури гурӯҳӣ мавҷудияти худро нигоҳ медорад. Идеологияи сиёсӣ легитимияти неруҳои мушаххаси иҷтимоию сиёсиро таъмин намуда, унсури муҳимми низоми идоракунӣ ва ҳукмронӣ боқӣ мемонад. Идеология доимо ба амалҳои одамон нигаронида шуда, ба рафтори сиёсии онҳо таъсири амиқ мерасонад.