Вазифаҳои ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ

Муайян намудани вазифаҳои ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ имкон медиҳад, ки нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ муайян карда шаванд. Ҳамчунин, фаъолнокии онҳо низ аз иҷроиши вазифаҳояшон иборат аст. Вазифаҳои муҳимми ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро ба таври зайл муайян намудан мумкин аст:

1.Муайян намудан ва қонеъ сохтани талабот ва манфиатҳои аъзоён. Одамон бо мақсади қонеъ намудани талаботҳои мухталифи худ дар доираи як ё якчанд ташкилот муттаҳид мегарданд. Манфиатҳои фарди алоҳида дар шакли номуайян, эҳсосӣ ва шахсӣ зоҳир мегарданд. Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ манфиатҳои парокандаи одамонро муттаҳид намуда, дар доираи барномаи худ мавқеи онҳоро муайян месозад. Муттаҳид намудани манфиатҳои пароканда хосси ҳизбҳои сиёсӣ низ мебошад. Аммо дар шароити системаи сиёсии носолим вазифаи мазкурро ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ хубтару беҳтар анҷом медиҳанд.

2.Ҳамгироӣ ва сафарбарнамоии иҷтимоӣ. Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аъзоёни худро дар атрофи мақсадҳои ягона муттаҳид намуда, онҳоро ба самти муайян сафарбар менамоянд. Ҳамзамон, ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ диққати шаҳрвандонро ба масъалаҳои ҳассос равона намуда, намунаи ҳалли ин масъалаҳоро ба онҳо манзур медоранд ва бо ин роҳ аз ҷониби шаҳрвандон дастгирӣ меёбанд.

3.Иҷтимоикунонии аъзоён. Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани донишҳои сиёсии шаҳрвандон талош варзида, кӯшиш менамоянд, ки маданияти сиёсии онҳоро ташаккул диҳанд ва бо ин роҳ шаҳрвандони мамлакатро барои идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ омода созанд.

4.Вазифаи репрезентативӣ. Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, намояндаи манфиатҳои шумораи муайяни одамон буда, талаботи аъзоёни худро ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва элитаи ҳукмрон мерасонанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии мазкур ҳангоми муносибат бо институтҳои дигари сиёсӣ чунин вазифаро ҷиддитар иҷро менамояд.

Фишороварии ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба ҳокимияти давлатӣ ба таври зерин зоҳир мегардад:

— бевосита пешбарӣ намудани номзадҳои худ ба сафи номзадҳои мақомоти намояндагӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия;

— дар раванди интихобот дастгирӣ намудани ҳизби ҳаммаслак ва номзадҳои он;

— иштирок дар раванди коркарди санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ;

-иштирок дар кори комиссияҳои парлумонӣ, кумитаҳои байниидорӣ, гурӯҳҳои экспертӣ ва мақомоти мухталифи давлатӣ;

— тариқи васоити ахбори омма ташкили маъракаҳои тарғиботию ташвиқотӣ.

Дар баробари ин, лоббизм ва ё лоббикунонӣ ҳамчун шакли махсуси ҳифзи манфиатҳои гурӯҳӣ муаррифӣ мегардад. Лоббизм дар ду ҳолат мушоҳида мегардад. Дар навбати аввал, ба хотири ҳимояи манфиатҳои махсус нисбат ба давлат таъсиррасонии легалӣ сурат мегирад. Дар ҳолати дуюм, нисбат ба шахсони воломақом ва сарварони сиёсӣ аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои манфиатдор таъсиррасонӣ сурат мегирад. Чунин таъсиррасонӣ ба воситаи сохтор ва шабакаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ амалӣ мегардад. Аз ҷумла, вохӯриҳо, суҳбатҳо, машваратҳо, гуфтугӯҳои телефонӣ, муроҷиатҳои шахсӣ ва монанди инҳо воситаҳои ғайрирасмии муносибатҳои мутақобила ва таъсиррасон маҳсуб меёбанд. Қабули қонун ва санадҳои меъёрии бо иродаи гурӯҳ мувофиқ, ба даст овардани ёрии моддӣ ва қарзҳои имтиёзнок, роҳ ёфтан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ яке аз вазифаҳои асосии лоббистон ба шумор мераванд. Дар мамлакатҳои Ғарб шабакаи васеи хизматрасониҳои лоббистии махсусгардонидашуда ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои машваратӣ, агентиҳои алоқа бо ҷомеа, ки онҳо дар самти барқарор намудани алоқа миёни гурӯҳҳои манфиатдор ва мақомоти давлатӣ хизмат мерасонанд. Дар ИМА ва як қатор давлатҳои аврупоӣ фаъолияти лоббистӣ дар доираи қонунгузории мамлакат зери назорати давлатӣ қарор дода мешавад. Аммо лоббизм ҳамчун падидаи сиёсӣ аз рӯйи табиати худ барои назорат баъзан дастнорас мебошад. Бинобар ин, дар амалияи ҷамъиятӣ лоббистон баъзан ба фасоди молӣ, суиистифода аз мавқеи иҷтимоию сиёсӣ ва истифодаи усулҳои ғайриқонунии муборизаи сиёсӣ даст мезананд.


201
Нет комментариев. Ваш будет первым!