Ҳуччат ва ҳуччатноккуни
1.Ҳуҷҷат аз калимаи лотинии «documentum» гирифта шуда, маънои исбот яъне далели хаттиро дорад.
2.Ҳуҷҷат – шаҳодатномаи хатти буда, амалиётҳои дар хоҷаги ба амал омада, дар он инъикос мегарданд ва бо имзои шахсони масъул тасдиқ карда мешавад.
3.Ҳуҷҷатноккунони ин ҷараёни бо ҳуҷҷат ба ҷо овардани амалиёти истеҳсолӣ, молияви ва хоҷаги мебошад.
Аҳамияти ҳуҷҷат.
а)Аҳмияти техникӣ.Ин ҳамчун асос барои тасдиқи дурусти амалиётҳои ба амал омада ва инъикоси онҳо дар регистрҳои баҳисобгири, инчунин барои барҳам додани хатогиҳо дар регистрҳои ҳисобдори мебошад.
б)Аҳмияти иқтисодӣ.
а)Бо мақсади ҷори намудан ва баҳо додани натиҷаҳои ҳисоби хоҷаги инчунин назорати пулӣ.
б)Ҳуҷҷат барои назорат аз болои ҷараёни истеҳсолот ёри мерасонад.
в)в) Ҳуҷҷат ҳамчун манбаи ахборот барои идоракуни ва таҳлили фаъолияти бухгалтери хизмат мекунад.
в)Аҳмияти ҳуқуқи – юридикии ҳуҷҷатҳо. Барои ҳалли ҳаргуна даъвоҳо, ҷангҷолҳои байни ташкилотҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳида ба воситаи суд ва арбитаж. Барои назорати молияви ва тафтиши пурраи ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагиҳо истифода бурда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва гардиши онҳо
Аз рӯйи ҷои тартибиҳии ҳуҷҷатҳо:
а)Ҳуҷҷатҳои дохилӣ.
б)Ҳуҷҷатҳои беруна.
в)Ҳуҷҷатҳои дохили гуфта ҳамон ҳуҷҷатҳоеро меноманд, ки худи корхонаи дахлдор доир ба амалиёти ҷобаҷогузории хоҷаги тартиб медиҳад.
Мисол, ордери даромад ва баромади хазина, ведемости пулдиҳӣ, санад, қарор ва ғайра.
Ҳуҷҷатҳои беруна ҳамон ҳуҷҷатҳоеро меноманд, ки дигар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо тартиб медиҳанд, баъд ба корхона дохил мешавад.
Мисол, талабномаи счёти пулгузаронӣ, чиптаҳои қатораҳо, нусхаи счёти бонки ва ғайра.
Гардиши ҳуҷҷатҳо
Аз вақти тартиб додани ҳуҷҷатҳо то супоридани он ба архив (бойгони) гардиши ҳуҷҷатҳо меноманд.
Реквизитҳо (нишондодҳо) –иҳуҷҷатҳо
1.Аломат ва маълумоте, ки дар хусуси амалиёти хоҷаги дар ҳуҷҷатҳо акс ёфтааст, реквизити ҳуҷҷат меноманд.
2.Реквизити ҳуҷҷатҳо чунин мебошанд:
а)Номи ҳуҷҷат (накладной, счёт – фактура ва ғайра) .
б)Рӯз, моҳ ва соли тартиб додани ҳуҷҷат.
в)Инъикос намудани амалиёти хоҷаги ва ифода кардан бо ченакҳои дахлдор.
г)Имзои шахсони масъулиятдор.