Чанд мисол аз зарбулмасалҳо (точики)

  1. Дасту пой зада масолеҳе чанд ба пои кор овардам ва филҷумла кулухчинӣ карда, нардбоне ба роҳ андохтам ва суруде ба ёди мастон додам ва «он чӣ дар дег буд ба чумча1 омад» ва бар табақҳои ихлос2 ниҳодам.

Аз «Маҷмуъуламсол»


  1. Гурусна cap дар дег кард, ки мулоҳиза намояд, ки чӣ таъом аст?

Хаббоз гуфт: Изтироб чист, «он чӣ дар дег аст, ба чумча меояд».

Аз «Маҷмуъуламсол»3


  1. Воҳидов (бо каҳр): — Хайр, чӣ мехоҳед шумо? Канӣ, фаҳмем? Ба шумо чӣ хел сардор лозим? Ё худатон раис шуданӣ ҳастед?

Сатторамак: — Мақсад ҳамин.

Саидсаркор (ҷиддӣ ва бо қатъият). Бале! Раис шуданӣ! Мехоҳам худам раис шавам!

Сатторамак: — Гуфтам-ку! Дарди кампир ғӯза.

Набиҷон: — «Он чӣ дар дег аст, ба кафлез меояд».

Абдулмалик Баҳорӣ

ДИЛИ НОХОҲАМ УЗРИ БИСЁР

Касе, ки майлу шавқу ҳаваси иҷрои коре надорад, баҳонаҳои зиёде меоварад.

Ба таҳриқи4 қозикалону раису қушбегӣ дар байни аҳолӣ шӯриш пайдо шуд. «Дили нохоҳамро узри бисёр» бо одамоне, ки огаҳи ин маънӣ буданд, баҳона ба зуҳур оварда амирро аз қабули ин кор мунсариф5 сохтанд.

Аз «Наводири Зиёия»


ДИЛИ ОДАТКАРДА БАЛОИ ҶОН

Тарки одат мушкил аст, одам, ки ба чизе хӯ гирифт, тарки он барои ӯ душвор аст.

Вай дар солҳои муҷаррадии худ қиморбоз буд… Баъди хонадор шуданаш ҳам, ба ҳукми масали «дили одаткарда балои ҷон аст» дар бағал ё соқи мӯкии6 ӯ буҷулҳо пайдо мешуданд …

Сотим Улуғзода.


ДУХТАРАМ, БА ТУ МЕГӮЯМ, КЕЛИНАМ ШУНАВ!

Суханеро ба касе равона карда, ба тариқи киноя ба каси дигар чизеро гушрас карданӣ шаванд, ин зарбулмасал вирди забон мегардад: Ба дар мегуям, девор бишунав!

  1. Шумо одами ҳиллагар будаед, ба ман ба мисоли «духтарам, ба ту мегуям, девор шунав!» гaп задед.

Сотим Улуғзода.


Ё ТИР МЕКАФАД Ё ҶУВОЗ

  1. Ё ғалаба, ё мағлубият, ё марг, ё зиндагӣ, ҳарчи бодо бод. Коре, ки ӯ ба ивази ин дастаҳои пул ба ҷо меоварад, низ хиёнат аст, хиёнати аз пештараҳо дучанд сахттар. Аммо садқаи cap, «ё тир мекафад ё ҷувоз», тарсончак хеҷ гоҳ рӯзи нек намебинад.

Фазлиддин Муҳаммадиев.


ЗАР БА САРИ ПУЛОД НИҲӢ, НАРМ ШАВАД

Пул ҳама мушкилиҳоро осон мекунад, бо пул ҳатто одами саркашу сахтгирро ҳам ром метавон кард.

Гармобабон7 берун омад ва зар дар қабз овард ва чун гул дар рӯи ӯ механдид ва ҷун Моҳу Зуҳра дар зулмати шаб медурахшид, бо худ гуфт: «Зар бар сари пулод ниҳӣ, нарм мешавад, зорӣ макуну зур мазан, зар бидеҳ!»

Аз «Синдбоднома»


МОРГАЗИДА АЗ РЕСМОНИ АЛО МЕТАРСАД

Одами аз касе, чизе ва ё аз ҷое ранҷидаву зарардида ҳамеша аз он касу чизу он ҷо ҳарос дорад.

Дилам зи риштаи мубофи ӯ ба ҷон тарсад,

Чунон ки «моргазида зи ресмон тарсад».

Ғании Кашмирӣ

— Падарат дар вақташ кор гуфта, ҷои гармашро хунук кард, шаҳрро партофта ба қишлоқ омад. Ҳангоми сохтани роҳ ҳалок шуд.

  • Ҳунари ман роҳсозӣ не-ку, оча?
  • «Моргазида аз ресмони ало метарсад», писарам.

Аз «Шарқи сурх»


НАМАК ХУРДӢ, НАКУН ТУФ ДАР НАМАКДОН!

Аз касе, ки некӣ дидӣ, ба ӯ бадӣ накун; обу нони касеро, ки хурдӣ, ба ӯ курнамакӣ макун!

«Намак хурдӣ, накун туф дар намакдон» — мегӯянд. Вале ин марди фиребгар бо вуҷуди ин қадар некиҳо, хонаи ободи Марияро вайрон, зиндагиашро талх гардонд.

Аз «Хорпуштак»

Зарбулмасалу мақолҳои бештар дар мақолаи дигар <<


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Чумча — қошуқ, дар матн ба маънои кафлес омадааст.
  2. Ба табақҳои ихлос ниҳодам — дили ихлосмандонро ба даст овардам.
  3. Маҷмӯъ-ул-амсол- номи асар, маънояш ҷамъи масалҳо.
  4. Таҳрик — хоҳиш, майл, иғво, фитна.
  5. Мунҳариф — яктарафа, бесалоҳият, ба каноре аз роҳи рост баргаштан.
  6. Муккӣ — пойафзол.
  7. Гармоба — ҳаммом; гармобабон — нигаҳбони ҳаммом.

Чанд мисол аз зарбулмасалхо (точики), дили нохохам узри бисёр, дили одаткарда балои чон, духтарам, ба ту мегуям, келинам шунав, ё тир мекафад ё чувоз, зар ба сари пулод нихи, нарм шавад, моргазида аз ресмони ало метарсад, намак хурди, накун туф дар намакдон, зарбулмасалхои точики, маколхои точики, скачать бесплатно, картинки, зарбулмасалу мақолҳо, зарбулмасалҳои тоҷикӣ, зарбулмасалу мақолҳо

920
Нет комментариев. Ваш будет первым!