​Даромади ахоли

Даромади ахоли, ҳамчун кулли воситаҳои моддӣ ва пулие, ки аҳолӣ барои қонеъ гардондани талаботи худ дар ихтиёр дорад ташкил меёбад. Сарчашмаи онро музди кор, ҳаққи меҳнат, имтиёзҳо, ёрдампулӣ, нафақа, даромад аз хоҷагиҳои ёрирасон, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), фаъолияти фардии меҳнатӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Даромади аҳолӣ бо воситаи муассисаҳои молиявию қарзӣ дар чунин шакл тахсис меёбад:

1. Пасандоз тибқи суғуртаи давлатӣ (иҷтимоӣ);

2. қарзи бонки барои сохтани манзил, хонадоршавии оилаҳои ҷавон, аъзоёни кооперативҳои рафиқона барои боғу токпарварӣ ва ғайра;

3. Додани фоиз ба ивази пулҳои дар бонкҳои амонатӣ гузошташуда;

4. Даромад аз аксия (саҳмия), облигатсия (заём), бурдҳои имтиёзнок;

5. Бурдҳо аз лотерея;

6. Ба вуҷуд омадани захираҳои муваққатии пулӣ дар натиҷаи бо кредит ба даст овардани чизҳо;

7. Ёрдампулиҳо ҳангоми корношоямӣ ва маҷрӯҳ гаштан;

8. Имтиёзҳо: барои истифодаи газ, барқ, нақлиёти мусофиркаш ва ғайра.

Даромад метавонад дар шакли пул ва натура (чиз) ташкил ёбад.

751
Нет комментариев. Ваш будет первым!