Пешниҳод чист?

Пешниҳод — ин шумораи молҳое, ки аз тарафи истеҳсолкунанда барои фурӯш дар бозор пешкаш карда мешавад. Дар назарияи иқтисодӣ пешниҳоди инфиродӣ ва пешниҳоди бозориро аз ҳам фарқ мекунанд.

Пешниҳоди инфиродӣ — ин пешниҳоди як фурӯшанда мебошад. Функсияи пешниҳоди инфиродӣ — ин вобастагии ҳаҷми пешниҳоди инфиродӣ аз омилҳои ба он таъсиррасонанда дар мӯҳлати муайяни вақт мебошад: Qs=Q(P, T, Рr, Рa, t, е), ки дар ин ҷо, Qs-ҳаҷми пешниҳоди инфиродӣ; P-нархи мол; T-технологияи дар истеҳсоли молҳо истифодашаванда ва таносуби омилои истеҳсолотро тавсиф кунанда; Рr-нархи захираҳои иқтисодии дар истеҳсоли мол истифодашаванда; Рa-нархи молҳои алтернативӣ, ки бо ҳамин технология истеҳсол шуданашон мумкин аст; t-андоз ва субсидияҳои давлатӣ; ӯ-пешгӯиҳои истеҳсолкунандагон.

Ҳамаи омилҳои ба пешниҳод таъсиркунандаро, ба ғайр аз нарх, омилҳои ғайринархии пешниҳод меноманд. Фарз мекунем, ки ҳамаи омилҳои ғайринархии пешниҳод бетағйиранд.

Вобастагии ҳаҷми пешниҳоди инфиродӣ аз нарх функсияи пешниҳоди инфиродӣ номида мешавад: Qs=Q(P).

Байни нархи мол ва ҳаҷми пешниҳоди он одатан вобастагии рост вуҷуд дорад: чи қадаре, ки нарх баланд (паст) бошад, ҳамон қадар ҳаҷми пешниҳод зиёд (кам) мешавад. Айнан ҳамин вобастагиро қонуни пешниҳод меноманд. Каҷхатаи пешниҳод одатан хамшавии мусбӣ дорад.

Интихоби оптималии истеъмолкунанда.

Барои инкишофи истеҳсоли молҳо ва хизматҳо ва пешниҳоди онҳо таҳлили рафтори истеъмолкунанда аҳамияти хосаро дорад.

423
Нет комментариев. Ваш будет первым!