Мафхуми омор дар давраи муосир

Омор истилоҳи тоҷикӣ буда, маънояш «шумор», «ҳисоб» ва «ҳисобу китоб» аст. Доир ба қимат ва аҳамияти амалии омор устод А. Рӯдакӣ чунин гуфтааст:

Он гаҳе ганҷур мушк омор кард,

То мар-ӯро з-он ниҳон бедор кард.

Яке аз шакли ҳисобдорӣ-ин баҳисобгирии хоҷагӣ аст, ки бо баробари пайдоиши давлат ба вуҷуд омада, мутаносибан инкишоф ёфтааст. Зеро, ки барои пеш бурдани фаъолияти давлатдорӣ, доштани маълумотҳо доир ба шумораи аҳолӣ, майдони кишт, саршумори чорво, ҳаҷми андоз ва ғайра лозим буданд. Аз ин хотир, баҳисобгирии хоҷагӣ ҳамчун шакли ибтидоии омор баҳисоб меравад.Тарзҳои ҷамъоварии маълумотҳо доир ба фаъолияти давлату давлатдорӣ гуногун буданд. Масалан, шоҳи форсҳо Дорои I (солҳои 522-486 то солшумории нав) ҳар як нафар ҷанговарро ӯҳдадор карда буд, ки баъд аз бозгашт аз майдони мӯҳориба санги муайянеро оварда ба ҷои таъинкардашуда гузоранд. Бо ин тарз, шумораи қушунҳо ҳисоб карда мешуданд. Умуман, дар давлати форсҳо нақши ҳисобу китоб дар фаъолияти давлатдорӣ бениҳоят калон буд. Беҳуда нест шахсонеро, ки бо ҳисобу китоб машғул буданд, онҳоро ҳам «чашм» ва ҳам «гуши шоҳ» меномиданд. Хуллас, дар ҳамон давра ҳамаи шакли ҳисобдорӣ бо маънои том чун омор ифода карда мешуданд.

Доир ба мафҳуми омор ҳамчун равияи илмӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Як қатор олимон, дар он ақида мебошанд, ки гӯё омор илмест дар бораи ҳодисаҳои стихиявӣ, тасодуфии табиӣ ва ҷамъиятӣ аст. Гурӯҳи дигари олимон, чунин меҳисобанд, ки омор умуман илми мустаъқил нест, зеро ки вай предмети татқиқотии худро надошта, танҳо усули махсуси таҳлил аст. Баъзеи олимон дар он фарзия ҳастанд, ки предмети омӯзиши омор ба предмети омӯзиши иқтисодӣ сиёсӣ (назарияи иқтисодӣ) рост меояд. Зеро ки омор ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва равандҳо (протсессҳо)-ро меомӯзад. Ниҳоят, гурӯҳи муайяни олимон оморро ҳамчун илм эътироф карда, ҳисоб менамоянд ки предмети омӯзиши он на танҳо ҷамъиятӣ, инчунин табиат мебошад. ҳамзамон, равияҳои гуногун доир ба мафҳуми умумии омор дар байни аҳли олимон ва мутахасисҳои касбӣ ҷой дорад, ки метавон баъзеи аз онҳоро номбар кард:

1.Омор ҳамчун соҳаи фаъолияти амали ҳисобдории мунтазам ва мураттаби маҷмӯи ҳодиса ва равандҳои (протсессҳои) ҷамъиятӣ буда, аз тарафи ташкилотҳои оморӣ ба иҷро расонида мешавад;

2.Омор маълумотҳои рақамиест, ки дар маҷмуаҳои оморӣ, маълумотнома ва матбуоти даврӣ оид ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва табии мамлакат ба табъ расонида мешаванд.

3. Омор ҳамчун ба сифати эквивалентӣ (ҳаммаъноӣ), барои истилоҳи усулҳои оморӣ истифода бурда мешавад.

Ба ҳамаи ақидаҳои дар боло оварда шуда доир ба мафҳуми умумии омор, аз ҷумла ҳамчун равияи илмӣ ҳаминро қайд менамоем, ки омор фанни махсуси таълимиест, ки предмет ва усулҳои хоси татқиқотии худро дошта, ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои иқтисодӣ таълим дода мешаванд.

1.35K
Нет комментариев. Ваш будет первым!