Предмети омор. Усули татқиқоти омори.

ҳодиса ва равандҳои (протсессҳои) ҷамъиятӣ дорои хусусиятҳои зайл мебошанд: мураккабии табиати моддии онҳо, сершаклии муайянкунандаи миқдорӣ ва сифатӣ; маҳдудияти ададӣ; серҳаракатӣ; гуногунхелӣ ва шаклҳо, ки дар онҳо равандҳо (протсессҳо) аз рӯи ягонагии моҳияти худ зоҳир мешаванд; алоқамандӣ дар байни ҳодисаҳою аломатҳо ва ғайра. ҳамаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ дорои хусусиятҳои сифатӣ ва миқдорӣ буда, дар шароитҳои муайяни фазо (макон) ба вуқӯъ омада, мутаносибан аз рӯи давомоти вақт (замон) тағйир ёфта инкишоф меёбанд. Хусусияти сифатии ҳодиса моҳият, мазмун ё хосияти аслии дохилии онро ифода месозад. Агар ин хусусияти сифатии ҳодисаҳо шабоҳати миқдори дошта бошанд, он гоҳ онҳо бо бузургиҳо ифода карда шуда, андоза ва ҳаҷми онҳо ҳисоб карда мешаванд, ки ба мазмуни том маънои хусусияти миқдориро доранд. Ягонагии томи хусусиятҳои сифатӣ, миқдорӣ, фазо (макон) ва вақт (замон) имкон медиҳад, ки предмети омӯзиши фанни омор муайян карда шавад.

Предмети омӯзиши фанни омор-ин тарафҳои миқдории маҷмӯи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ба алоқамандии зиччи тарафҳои сифатии онҳо дар шароитҳои конкретии фазо (макон) ва вақт (замон) мебошад. Хусусияти фарқкунандаи предмети омӯзиши фанни омор аз дигар фанҳои ҷамъиятӣ дар он аст, ки вай доимо маҷмӯи ҳодисаҳои ҷамъиятиро дар ягонагии томи тарафҳои сифатӣ ва миқдорӣ меомӯзад. Агар маҷмӯи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ танҳо дорои як хусусият бошад, ҳеҷ гоҳ ин маҷмӯъ ба сифати предмети омӯзиши фанни омор баромад карда наметавонад. Масалан, дар илми назарияи иқтисодӣ мафҳуми «арзиши истеъмолӣ» истифода бурда мешавад. Азбаски мафҳуми мазкур- мафҳуми абстрактӣ аст ва андозагирии миқдории он ғайри имкон аст, ҳамчун предмети омӯзиши фанни омор шуда наметавонад.

Ифодаи хусусияти миқдории ҳодисаҳо бо алоқамандии зичи хусусиятҳои сифатии онҳо ба воситаи нишондиҳандаи оморӣ тавсиф карда мешаванд. Ба ибораи дигар, нишондиҳандаи оморӣ мафҳуми миқдорию сифатӣ аст. ҳар як нишондиҳандаи конкретии оморӣ бо маънои пуррааш аз яқинии миқдорӣ, сифатӣ, фазо (макон) ва вақтӣ (замон) иборат аст. Мисол, дар соли 2007 ҳаҷми воридшудаи андоз ба буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 3695,91 миллион сомониро ташкил медиҳад (Бюллетени омори бонкӣ, январ 2008/1 (150) с. 13).

Яқинии миқдорӣ

Яқинии сифатӣ

Яқинии фазо (макон)

Яқинии замон (вақт)

3695,91 Миллион сомонӣ

Андоз чист? (андоз маблағҳое мебошанд, ки ба буҷети давлат ё фонди махсуси давлатӣ пардохта шуда, дорои хусусияти ҳатмӣ ва ғайриэквивалентӣ мебошанд).

ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2008

Азбаски ҳодисаҳои ҷамъиятӣ сершакл ва гуногунхел мебошанд, барои омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи онҳо системаи нишондиҳандаҳои оморӣ истифода бурда мешаванд. Бояд қайд намоем, предмети омӯзиши фанни омор, дар навбати худ усули хоси тадқиқотии худро дошта, дар амалия ба таври муфассал истифода карда мешавад. Тадқиқоти оморӣ аз се давраи ба ҳам пайваста иборат буда, дар ҳар марҳилаи он усулҳои хос истифода бурда мешавад:

Давраи тадқиқот

Шарҳи давраи татқиқот

Усули тадқиқот ва истифодаи он

I

1. ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ

1. Мушоҳидаи оморӣ;

1.2. Мушоҳидаи омории махсус (мушоҳидаи интихобӣ).

II

2.Коркарди маълумотҳои оморӣ, яъне ҷамъбасткунӣ ва гурӯҳбандии натиҷаи мушоҳидаи оморӣ.

2.1. ҷамъбаст ва гурӯҳбандии оморӣ;

2.2. Бузургиҳои оморӣ (мутлақ, нисбӣ ва миёна).

2.3. ҷадвалҳои оморӣ ва графикҳо.

III

3. Таҳлили маълумотҳои ҷамъбастӣ

3.1. Нишондиҳандаҳои вариатсия;

3.2. Омӯзиши омории алоқа;

3.3. қаторҳои динамикӣ;

3.4. Индексҳо.

Иҷрои марҳилаҳои тадқиқоти оморӣ ҳамчун методологияи илми омор имкон медиҳад, қонуниятҳои инкишофи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ошкор карда шаванд. Сабабҳои алоқамандии байни ҳодисаҳо муайян карда шуда, омилҳои муайянкунандаи онҳо муқаррар ва андозагирӣ карда шаванд.

Усули тадқиқотии омории дар боло нишондодашуда тарзи асосӣ ё классикӣ мебошад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ, усулҳои оморӣ қисми раванди (протсесси) қабули қарорҳоест, ки имкон медиҳанд, қарордодҳои стратегии асоснок кор карда баромада шуда, идроки (интуитсияи) мутахассисон бо таҳлили амиқи иттилоотҳои ҷойдошта мувофиқ гардонида шаванд. Аз ин сабаб, дар фанни таълимии Бизнес-омор чор давраи таҳлили оморӣ пешкаш карда шудааст:

1.Банақшагирии маълумотҳои ҷамъоваришаванда, ки ин давра аз тартибдиҳии нақшаи муфассали гирдоварии маълумотҳо, бо истифодаи хостагирии тасодуфӣ аз маҷмӯи генералӣ иборат аст;

2.Тадқиқоти пешакии маълумотҳо, интихоби маълумотҳо аз нуқтаҳои назари гуногун, ки тасвирнамоӣ ва ҷамъбасткунии маълумотҳоро дар бар мегирад, иборат аст.

3.Баҳодиҳии бузургиҳои номаълум;

4.Тафтиши фарзияҳои (гипотезаҳои) оморӣ.

1.48K
Нет комментариев. Ваш будет первым!